Ash-Shams

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا
2 ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا
3 ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад وَالنَّهَارِ إِذَا جَلَّاهَا
4 ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَاهَا
5 ва савганд ба осмону он ки онро бино карда وَالسَّمَاء وَمَا بَنَاهَا
6 ва савганд ба замину он ки онро бигустурда وَالْأَرْضِ وَمَا طَحَاهَا
7 ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида, وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا
8 сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда, فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا
9 ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا
10 ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا
11 Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд. كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِطَغْوَاهَا
12 Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост. إِذِ انبَعَثَ أَشْقَاهَا
13 Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред! فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ نَاقَةَ اللَّهِ وَسُقْيَاهَا
14 Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт. فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمْدَمَ عَلَيْهِمْ رَبُّهُم بِذَنبِهِمْ فَسَوَّاهَا
15 Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад. وَلَا يَخَافُ عُقْبَاهَا
;