Al-Lail

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَى
2 ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад وَالنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّى
3 ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид, وَمَا خَلَقَ الذَّكَرَ وَالْأُنثَى
4 ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст. إِنَّ سَعْيَكُمْ لَشَتَّى
5 Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард فَأَمَّا مَن أَعْطَى وَاتَّقَى
6 ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро), وَصَدَّقَ بِالْحُسْنَى
7 пас барои биҳишт омодааш мекунем. فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْيُسْرَى
8 Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард. وَأَمَّا مَن بَخِلَ وَاسْتَغْنَى
9 ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард), وَكَذَّبَ بِالْحُسْنَى
10 ӯро барои дӯзах омода месозем. فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْعُسْرَى
11 Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад. وَمَا يُغْنِي عَنْهُ مَالُهُ إِذَا تَرَدَّى
12 Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист. إِنَّ عَلَيْنَا لَلْهُدَى
13 Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон. وَإِنَّ لَنَا لَلْآخِرَةَ وَالْأُولَى
14 Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам, فَأَنذَرْتُكُمْ نَارًا تَلَظَّى
15 ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад, لَا يَصْلَاهَا إِلَّا الْأَشْقَى
16 он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд. الَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّى
17 Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд, وَسَيُجَنَّبُهَا الْأَتْقَى
18 он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд. الَّذِي يُؤْتِي مَالَهُ يَتَزَكَّى
19 Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад, وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُ مِن نِّعْمَةٍ تُجْزَى
20 Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ. إِلَّا ابْتِغَاء وَجْهِ رَبِّهِ الْأَعْلَى
21 Ва ба зудӣ хушнуд шавад. وَلَسَوْفَ يَرْضَى
;