Al-Balad

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Қасам ба ин шаҳр! (Макка) لَا أُقْسِمُ بِهَذَا الْبَلَدِ
2 Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд. وَأَنتَ حِلٌّ بِهَذَا الْبَلَدِ
3 Ва қасам ба падару фарзандони ӯ, وَوَالِدٍ وَمَا وَلَدَ
4 ки одамиро, дар ранҷу меҳнат биёфаридаем. لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ فِي كَبَدٍ
5 Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад? أَيَحْسَبُ أَن لَّن يَقْدِرَ عَلَيْهِ أَحَدٌ
6 Мегӯяд: «Моле фаровонро харҷ кардам!» يَقُولُ أَهْلَكْتُ مَالًا لُّبَدًا
7 Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст? أَيَحْسَبُ أَن لَّمْ يَرَهُ أَحَدٌ
8 Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем? أَلَمْ نَجْعَل لَّهُ عَيْنَيْنِ
9 Ва як забону ду лаб? وَلِسَانًا وَشَفَتَيْنِ
10 Ва ду роҳ ба ӯ далолат накардем? وَهَدَيْنَاهُ النَّجْدَيْنِ
11 Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод. فَلَا اقْتَحَمَ الْعَقَبَةَ
12 Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист? وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْعَقَبَةُ
13 Озод кардани банда аст, فَكُّ رَقَبَةٍ
14 ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ, أَوْ إِطْعَامٌ فِي يَوْمٍ ذِي مَسْغَبَةٍ
15 хоса ба ятиме, ки хешованд бошад, يَتِيمًا ذَا مَقْرَبَةٍ
16 ё ба мискине хокнишин (мӯҳтоҷ). أَوْ مِسْكِينًا ذَا مَتْرَبَةٍ
17 Баъд, аз он аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр васият кардаанду ба шафқат. ثُمَّ كَانَ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ وَتَوَاصَوْا بِالْمَرْحَمَةِ
18 Инҳо аҳли саъодатанд. أُوْلَئِكَ أَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ
19 Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аҳли шақоватанд (бадбахтиянд). وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِنَا هُمْ أَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ
20 Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст. عَلَيْهِمْ نَارٌ مُّؤْصَدَةٌ
;