Al-Fajr

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Савганд ба сапедаи субҳ وَالْفَجْرِ
2 ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа) وَلَيَالٍ عَشْرٍ
3 ва савганд ба ҷуфту тоқ وَالشَّفْعِ وَالْوَتْرِ
4 ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад. وَاللَّيْلِ إِذَا يَسْرِ
5 Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист? هَلْ فِي ذَلِكَ قَسَمٌ لِّذِي حِجْرٍ
6 Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард? أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ
7 Бо Ирам, ки сутунҳо дошт? إِرَمَ ذَاتِ الْعِمَادِ
8 Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд. الَّتِي لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِي الْبِلَادِ
9 Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд. وَثَمُودَ الَّذِينَ جَابُوا الصَّخْرَ بِالْوَادِ
10 Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо, وَفِرْعَوْنَ ذِي الْأَوْتَادِ
11 онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд الَّذِينَ طَغَوْا فِي الْبِلَادِ
12 ва дар онҳо бисёр фасод карданд. فَأَكْثَرُوا فِيهَا الْفَسَادَ
13 Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард. فَصَبَّ عَلَيْهِمْ رَبُّكَ سَوْطَ عَذَابٍ
14 Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст. إِنَّ رَبَّكَ لَبِالْمِرْصَادِ
15 Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт». فَأَمَّا الْإِنسَانُ إِذَا مَا ابْتَلَاهُ رَبُّهُ فَأَكْرَمَهُ وَنَعَّمَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَكْرَمَنِ
16 Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт». وَأَمَّا إِذَا مَا ابْتَلَاهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَهَانَنِ
17 На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред كَلَّا بَل لَّا تُكْرِمُونَ الْيَتِيمَ
18 ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед وَلَا تَحَاضُّونَ عَلَى طَعَامِ الْمِسْكِينِ
19 ва меросро ҳарисона мехӯред وَتَأْكُلُونَ التُّرَاثَ أَكْلًا لَّمًّا
20 ва молро фаровон дӯст доред. وَتُحِبُّونَ الْمَالَ حُبًّا جَمًّا
21 Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад كَلَّا إِذَا دُكَّتِ الْأَرْضُ دَكًّا دَكًّا
22 ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд وَجَاء رَبُّكَ وَالْمَلَكُ صَفًّا صَفًّا
23 ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад? وَجِيءَ يَوْمَئِذٍ بِجَهَنَّمَ يَوْمَئِذٍ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ وَأَنَّى لَهُ الذِّكْرَى
24 Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам». يَقُولُ يَا لَيْتَنِي قَدَّمْتُ لِحَيَاتِي
25 Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад فَيَوْمَئِذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُ أَحَدٌ
26 ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад. وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُ أَحَدٌ
27 Эй рӯҳи оромишёфта, يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ
28 хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً
29 ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав فَادْخُلِي فِي عِبَادِي
30 ва ба биҳишти Ман дарой! وَادْخُلِي جَنَّتِي
;