Al-Mursalat

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд وَالْمُرْسَلَاتِ عُرْفًا
2 ва савганд ба бодҳои сахти вазанда فَالْعَاصِفَاتِ عَصْفًا
3 ва савганд ба бодҳои бороновар وَالنَّاشِرَاتِ نَشْرًا
4 ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд فَالْفَارِقَاتِ فَرْقًا
5 ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд, فَالْمُلْقِيَاتِ ذِكْرًا
6 дафъ кардани узрро ё бим карданро, عُذْرًا أَوْ نُذْرًا
7 ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд! إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَاقِعٌ
8 Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд فَإِذَا النُّجُومُ طُمِسَتْ
9 ва он гоҳ ки осмон бишикофад, وَإِذَا السَّمَاء فُرِجَتْ
10 ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд وَإِذَا الْجِبَالُ نُسِفَتْ
11 ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад. وَإِذَا الرُّسُلُ أُقِّتَتْ
12 Барои чӣ рӯзе муъайян шавад? لِأَيِّ يَوْمٍ أُجِّلَتْ
13 Барои рӯзи фасл. لِيَوْمِ الْفَصْلِ
14 Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист? وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الْفَصْلِ
15 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
16 Оё аввалиёнро ҳалок накардаем أَلَمْ نُهْلِكِ الْأَوَّلِينَ
17 ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем? ثُمَّ نُتْبِعُهُمُ الْآخِرِينَ
18 Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. كَذَلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ
19 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
20 Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем? أَلَمْ نَخْلُقكُّم مِّن مَّاء مَّهِينٍ
21 Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, فَجَعَلْنَاهُ فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ
22 то замоне муъайян? إِلَى قَدَرٍ مَّعْلُومٍ
23 Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем! فَقَدَرْنَا فَنِعْمَ الْقَادِرُونَ
24 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
25 Оё заминро ҷойгоҳе насохтем أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ كِفَاتًا
26 барои зиндагону мурдагон? أَحْيَاء وَأَمْوَاتًا
27 Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем. وَجَعَلْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ شَامِخَاتٍ وَأَسْقَيْنَاكُم مَّاء فُرَاتًا
28 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
29 Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед. انطَلِقُوا إِلَى مَا كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ
30 Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед, انطَلِقُوا إِلَى ظِلٍّ ذِي ثَلَاثِ شُعَبٍ
31 ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад, لَا ظَلِيلٍ وَلَا يُغْنِي مِنَ اللَّهَبِ
32 Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим, إِنَّهَا تَرْمِي بِشَرَرٍ كَالْقَصْرِ
33 гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд. كَأَنَّهُ جِمَالَتٌ صُفْرٌ
34 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
35 Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд. هَذَا يَوْمُ لَا يَنطِقُونَ
36 Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд. وَلَا يُؤْذَنُ لَهُمْ فَيَعْتَذِرُونَ
37 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
38 Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем. هَذَا يَوْمُ الْفَصْلِ جَمَعْنَاكُمْ وَالْأَوَّلِينَ
39 Пас агар ҳилае доред, ба кор баред. فَإِن كَانَ لَكُمْ كَيْدٌ فَكِيدُونِ
40 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
41 Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд, إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي ظِلَالٍ وَعُيُونٍ
42 бо ҳар мевае, ки орзу кунанд, وَفَوَاكِهَ مِمَّا يَشْتَهُونَ
43 Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод, كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
44 Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем! إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنينَ
45 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
46 Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед, كُلُوا وَتَمَتَّعُوا قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجْرِمُونَ
47 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
48 Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд). وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ارْكَعُوا لَا يَرْكَعُونَ
49 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
50 Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَهُ يُؤْمِنُونَ
;