An-Nabaa

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд? عَمَّ يَتَسَاءلُونَ
2 Аз он хабари бузург, (қиёмат). عَنِ النَّبَإِ الْعَظِيمِ
3 ки дар он ихтилоф мекунанд. الَّذِي هُمْ فِيهِ مُخْتَلِفُونَ
4 Оре, ба зудӣ хоҳад донист. كَلَّا سَيَعْلَمُونَ
5 Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист! ثُمَّ كَلَّا سَيَعْلَمُونَ
6 Оё Мо заминрро бистаре насохтем? أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ مِهَادًا
7 Ва кӯҳҳоро мехҳое? وَالْجِبَالَ أَوْتَادًا
8 Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем. وَخَلَقْنَاكُمْ أَزْوَاجًا
9 Ва хобатонро оссишатон гардонидем. وَجَعَلْنَا نَوْمَكُمْ سُبَاتًا
10 Ва шабро пӯшишатон қарор додем. وَجَعَلْنَا اللَّيْلَ لِبَاسًا
11 Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб). وَجَعَلْنَا النَّهَارَ مَعَاشًا
12 Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем. وَبَنَيْنَا فَوْقَكُمْ سَبْعًا شِدَادًا
13 Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб). وَجَعَلْنَا سِرَاجًا وَهَّاجًا
14 Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем, وَأَنزَلْنَا مِنَ الْمُعْصِرَاتِ مَاء ثَجَّاجًا
15 то бо он донаву набот бирӯёнем لِنُخْرِجَ بِهِ حَبًّا وَنَبَاتًا
16 ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт). وَجَنَّاتٍ أَلْفَافًا
17 Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян. إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ كَانَ مِيقَاتًا
18 Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед. يَوْمَ يُنفَخُ فِي الصُّورِ فَتَأْتُونَ أَفْوَاجًا
19 Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад. وَفُتِحَتِ السَّمَاء فَكَانَتْ أَبْوَابًا
20 Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд. وَسُيِّرَتِ الْجِبَالُ فَكَانَتْ سَرَابًا
21 Ҷаҳаннам дар интизор бошад. إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتْ مِرْصَادًا
22 Саркашонро бозгаштангоҳест. لِلْطَّاغِينَ مَآبًا
23 Замоне дароз дар он ҷо бошанд. لَابِثِينَ فِيهَا أَحْقَابًا
24 На хунукӣ чашанду на об, لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرْدًا وَلَا شَرَابًا
25 фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд). إِلَّا حَمِيمًا وَغَسَّاقًا
26 Ин ҷазоест мувофиқи кирдор. جَزَاء وِفَاقًا
27 Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд. إِنَّهُمْ كَانُوا لَا يَرْجُونَ حِسَابًا
28 Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд. وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كِذَّابًا
29 Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем. وَكُلَّ شَيْءٍ أَحْصَيْنَاهُ كِتَابًا
30 Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд! فَذُوقُوا فَلَن نَّزِيدَكُمْ إِلَّا عَذَابًا
31 Парҳезгоронро ҷоест дар амон аз ҳар осеб, إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ مَفَازًا
32 бӯстонҳову токистонҳо حَدَائِقَ وَأَعْنَابًا
33 ва духтароне ҳамсол бо пистонҳои баромада وَكَوَاعِبَ أَتْرَابًا
34 ва ҷомҳои пур. وَكَأْسًا دِهَاقًا
35 На сухани беҳуда шунаванд ва на дурӯғ لَّا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا كِذَّابًا
36 ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат— جَزَاء مِّن رَّبِّكَ عَطَاء حِسَابًا
37 Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои хитоб набошад, رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا الرحْمَنِ لَا يَمْلِكُونَ مِنْهُ خِطَابًا
38 рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд. يَوْمَ يَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلَائِكَةُ صَفًّا لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرحْمَنُ وَقَالَ صَوَابًا
39 Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад. ذَلِكَ الْيَوْمُ الْحَقُّ فَمَن شَاء اتَّخَذَ إِلَى رَبِّهِ مَآبًا
40 Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!» إِنَّا أَنذَرْنَاكُمْ عَذَابًا قَرِيبًا يَوْمَ يَنظُرُ الْمَرْءُ مَا قَدَّمَتْ يَدَاهُ وَيَقُولُ الْكَافِرُ يَا لَيْتَنِي كُنتُ تُرَابًا
;