Ta-ha

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 То, ҳо. طه
2 Қуръонро бар ту нозил накардаем, ки дар ранҷ Афтӣ. مَا أَنزَلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لِتَشْقَى
3 Танҳо ҳущдорест барои он кӣ метарсад. إِلَّا تَذْكِرَةً لِّمَن يَخْشَى
4 Аз ҷониби касе, ки замину осмонҳои баландро офаридааст, нозил шуда. تَنزِيلًا مِّمَّنْ خَلَقَ الْأَرْضَ وَالسَّمَاوَاتِ الْعُلَى
5 Худои раҳмон бар арш истилову иҳота дорад. الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى
6 Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳову замин ва миёни онҳост ва он чӣ дар зери замин аст. لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَمَا تَحْتَ الثَّرَى
7 Ва агар сухани баланд гӯӣ, Ӯ ба рози ниҳон ва ниҳонтар огоҳ аст. وَإِن تَجْهَرْ بِالْقَوْلِ فَإِنَّهُ يَعْلَمُ السِّرَّ وَأَخْفَى
8 Оллоҳ — он ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест, номҳои хуб аз они Ӯст. اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ لَهُ الْأَسْمَاء الْحُسْنَى
9 Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст? وَهَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ مُوسَى
10 Он гоҳ, ки оташе дид ва ба хонаводаи худ гуфт: «Ин ҷо бошед, ки ман аз дур оташе мебинам, шояд бароятон шӯълаеро биёварам ё дар рӯшноии он роҳе биёбам». إِذْ رَأَى نَارًا فَقَالَ لِأَهْلِهِ امْكُثُوا إِنِّي آنَسْتُ نَارًا لَّعَلِّي آتِيكُم مِّنْهَا بِقَبَسٍ أَوْ أَجِدُ عَلَى النَّارِ هُدًى
11 Чун назди оташ омад, нидо дода шуд: «Эй Мӯсо! فَلَمَّا أَتَاهَا نُودِي يَا مُوسَى
12 Ман Парвардигори ту ҳастам. Пойафзоратро берун кун, ки инак дар водии муқаддаси Туво ҳастй. إِنِّي أَنَا رَبُّكَ فَاخْلَعْ نَعْلَيْكَ إِنَّكَ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى
13 Ва ман туро интихоб кардам (ба пайғамбарӣ). Пас ба он чӣ ваҳй мешавад, гӯш дор. وَأَنَا اخْتَرْتُكَ فَاسْتَمِعْ لِمَا يُوحَى
14 Худои якто Ман ҳастам. Ҳеҷ Худое ғайри Ман нест. Пас Маро бипараст ва то Маро ёд кунӣ, намоз бигзор. إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي
15 Қиёмат омаданӣ аст. Мехоҳам замони онро пинҳон дорам, то ҳар кас дар муқобили коре, ки кардааст, ҷазо бубинад. إِنَّ السَّاعَةَ ءاَتِيَةٌ أَكَادُ أُخْفِيهَا لِتُجْزَى كُلُّ نَفْسٍ بِمَا تَسْعَى
16 Он кас, ки ба он имон надорад ва пайрави ҳавои худ аст, туро аз он (имони ба қиёмат) рӯйгардон накунад, то ба ҳалокат афтӣ. فَلاَ يَصُدَّنَّكَ عَنْهَا مَنْ لاَ يُؤْمِنُ بِهَا وَاتَّبَعَ هَوَاهُ فَتَرْدَى
17 Эй Мӯсо, он чист ба дасти ростат? وَمَا تِلْكَ بِيَمِينِكَ يَا مُوسَى
18 Гуфт: «Ин асои ман аст. Бар он такя мекунам ва барои гӯсфандонам бо он барг мерезам. Ва маро бо он корҳои дигар аст». قَالَ هِيَ عَصَايَ أَتَوَكَّأُ عَلَيْهَا وَأَهُشُّ بِهَا عَلَى غَنَمِي وَلِيَ فِيهَا مَآرِبُ أُخْرَى
19 Гуфт: «Эй Мӯсо, онро бияфкан». قَالَ أَلْقِهَا يَا مُوسَى
20 Бияфкандаш. Ба ногаҳон море шуд, ки медавид. فَأَلْقَاهَا فَإِذَا هِيَ حَيَّةٌ تَسْعَى
21 Гуфт: «Бигираш ва матарс. Бори дигар онро ба сурати нахустинаш бозмегардонем. قَالَ خُذْهَا وَلَا تَخَفْ سَنُعِيدُهَا سِيرَتَهَا الْأُولَى
22 Дасти хеш дар бағал кун, бе ҳеҷ айбе сафед берун ояд. Ин ҳам мӯъҷизаест дигар, وَاضْمُمْ يَدَكَ إِلَى جَنَاحِكَ تَخْرُجْ بَيْضَاء مِنْ غَيْرِ سُوءٍ آيَةً أُخْرَى
23 то оятҳои бузургтари худро ба ту нишон диҳем. لِنُرِيَكَ مِنْ آيَاتِنَا الْكُبْرَى
24 Назди Фиръавн бирав, ки саркашӣ мекунад». اذْهَبْ إِلَى فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَى
25 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон. قَالَ رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي
26 Ва кори маро осон соз. وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي
27 Ва гиреҳ аз забони ман бикушой, وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِّن لِّسَانِي
28 то гуфтори маро бифаҳманд. يَفْقَهُوا قَوْلِي
29 Ва ёваре аз хонадони ман барои ман қарор деҳ وَاجْعَل لِّي وَزِيرًا مِّنْ أَهْلِي
30 бародарам Ҳорунро. هَارُونَ أَخِي
31 Пушти маро ба ӯ маҳкам кун. اشْدُدْ بِهِ أَزْرِي
32 Ва дар кори ман шарикаш гардон, وَأَشْرِكْهُ فِي أَمْرِي
33 то Туро фаровон ситоиш кунем. كَيْ نُسَبِّحَكَ كَثِيراً
34 Ва Туро фаровон ёд кунем, وَنَذْكُرَكَ كَثِيراً
35 ки Ту бар ҳоли мо огоҳ будаӣ». إِنَّكَ كُنتَ بِنَا بَصِيرًا
36 Гуфт: «Эй Мӯсо, ҳар чӣ хостӣ, ба ту дода шуд. قَالَ قَدْ أُوتِيتَ سُؤْلَكَ يَا مُوسَى
37 Ва Мо бори дигар ба ту неъмати фаровон додаем. وَلَقَدْ مَنَنَّا عَلَيْكَ مَرَّةً أُخْرَى
38 Он гоҳ, ки бар модарат он чӣ ваҳй карданӣ буд, ваҳй кардем, إِذْ أَوْحَيْنَا إِلَى أُمِّكَ مَا يُوحَى
39 ки ӯро дар сандуқе андоз, сандуқро ба дарё парто, то дарё ба соҳилаш андозад ва яке аз душманони Ман ва душманони ӯ сандуқро бигирад. Муҳаббати худ ба ту арзонӣ доштам, то зери назари Ман парвариш ёбӣ. أَنِ اقْذِفِيهِ فِي التَّابُوتِ فَاقْذِفِيهِ فِي الْيَمِّ فَلْيُلْقِهِ الْيَمُّ بِالسَّاحِلِ يَأْخُذْهُ عَدُوٌّ لِّي وَعَدُوٌّ لَّهُ وَأَلْقَيْتُ عَلَيْكَ مَحَبَّةً مِّنِّي وَلِتُصْنَعَ عَلَى عَيْنِي
40 Он гоҳ, ки хоҳарат мерафт ва мегуфт: «Мехоҳед шуморо ба касе, ки нигаҳдорияш кунад, роҳ бинамоям?» Мо туро назди модарат бозгардонидем, то чашмонаш равшан гардад ва ғам нахӯрад. Ва ту якеро бикуштӣ ва Мо аз ғам озодат кардем ва борҳо туро биёзмудем. Ва соле чанд миёни мардуми Мадйан зистӣ. Ва акнун, эй Мӯсо, дар ин ҳангом, ки тақдир карда будем, омадаӣ. إِذْ تَمْشِي أُخْتُكَ فَتَقُولُ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَى مَن يَكْفُلُهُ فَرَجَعْنَاكَ إِلَى أُمِّكَ كَيْ تَقَرَّ عَيْنُهَا وَلَا تَحْزَنَ وَقَتَلْتَ نَفْسًا فَنَجَّيْنَاكَ مِنَ الْغَمِّ وَفَتَنَّاكَ فُتُونًا فَلَبِثْتَ سِنِينَ فِي أَهْلِ مَدْيَنَ ثُمَّ جِئْتَ عَلَى قَدَرٍ يَا مُوسَى
41 Туро хоси Худ кардам. وَاصْطَنَعْتُكَ لِنَفْسِي
42 Ту ва бародарат оёти Маро бибаред ва дар рисолати Ман сустӣ макунед! اذْهَبْ أَنتَ وَأَخُوكَ بِآيَاتِي وَلَا تَنِيَا فِي ذِكْرِي
43 Ба сӯи Фиръавн биравед, ки ӯ аз ҳад гузаштааст. اذْهَبَا إِلَى فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَى
44 Бо ӯ ба нармӣ сухан гӯед, шояд панд гирад ё битарсад». فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَّيِّنًا لَّعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَى
45 Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бим дорем, ки бар мо зулму ситам кунад ё саркашӣ аз ҳад бигузаронад». قَالَا رَبَّنَا إِنَّنَا نَخَافُ أَن يَفْرُطَ عَلَيْنَا أَوْ أَن يَطْغَى
46 Гуфт: «Матарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам. قَالَ لَا تَخَافَا إِنَّنِي مَعَكُمَا أَسْمَعُ وَأَرَى
47 Пас назди ӯ раведу гӯед: «Мо расулони Парвардигори туем. Банӣ-Исроилро бо мо бифирист ва озорашон мадеҳ. Мо нишонае аз Парвардигорат бароят овардаем. Ва салом бар он кас, ки аз паи ҳидоят қадам ниҳад. فَأْتِيَاهُ فَقُولَا إِنَّا رَسُولَا رَبِّكَ فَأَرْسِلْ مَعَنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ وَلَا تُعَذِّبْهُمْ قَدْ جِئْنَاكَ بِآيَةٍ مِّن رَّبِّكَ وَالسَّلَامُ عَلَى مَنِ اتَّبَعَ الْهُدَى
48 Албатта ба мо ваҳй шудааст, ки азоб барои он касест, ки ростро дурӯғ шуморад ва аз он рӯй гардонад», إِنَّا قَدْ أُوحِيَ إِلَيْنَا أَنَّ الْعَذَابَ عَلَى مَن كَذَّبَ وَتَوَلَّى
49 Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?» قَالَ فَمَن رَّبُّكُمَا يَا مُوسَى
50 Гуфт: «Парвардигори мо ҳамон касест, ки офариниши (сурату шакли) ҳар чизеро ба Ӯ дода, сипас ҳидояташ кардаст». قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى
51 Гуфт: «Ҳоли қавмҳое, ки аз ин пеш мезистанд, чист?» قَالَ فَمَا بَالُ الْقُرُونِ الْأُولَى
52 Гуфт: «Илми он дар китобест назди Парвардигори ман, Парвардигори ман на хато мекунад ва на фаромӯш», قَالَ عِلْمُهَا عِندَ رَبِّي فِي كِتَابٍ لَّا يَضِلُّ رَبِّي وَلَا يَنسَى
53 Касест, ки заминро оромгоҳи шумо сохт ва бароятон дар он роҳҳое падид овард ва аз осмон борон фиристод, то бо он анвоъе гуногун аз наботот бирӯёнем. الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ مَهْدًا وَسَلَكَ لَكُمْ فِيهَا سُبُلًا وَأَنزَلَ مِنَ السَّمَاء مَاء فَأَخْرَجْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِّن نَّبَاتٍ شَتَّى
54 Бихӯред ва чорпоёнатонро бичаронед. Дар ин барои хирадмандон ибратҳост! كُلُوا وَارْعَوْا أَنْعَامَكُمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّأُوْلِي النُّهَى
55 Шуморо аз замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем. مِنْهَا خَلَقْنَاكُمْ وَفِيهَا نُعِيدُكُمْ وَمِنْهَا نُخْرِجُكُمْ تَارَةً أُخْرَى
56 Албатта ҳамаи мӯъҷизаҳои Худро ба ӯ нишон додем, вале дурӯғ баровард ва сар боззад. وَلَقَدْ أَرَيْنَاهُ آيَاتِنَا كُلَّهَا فَكَذَّبَ وَأَبَى
57 Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадаӣ, то моро ба ҷудоӣ аз сарзаминамон берун кунӣ? قَالَ أَجِئْتَنَا لِتُخْرِجَنَا مِنْ أَرْضِنَا بِسِحْرِكَ يَا مُوسَى
58 Мо низ дар баробари ту ҷодуе чун ҷодуи ту меоварем. Байни мову худ ваъдагоҳе дар замини ҳамвор бигузор, ки на мо ваъдаро хилоф кунем ва на ту». فَلَنَأْتِيَنَّكَ بِسِحْرٍ مِّثْلِهِ فَاجْعَلْ بَيْنَنَا وَبَيْنَكَ مَوْعِدًا لَّا نُخْلِفُهُ نَحْنُ وَلَا أَنتَ مَكَانًا سُوًى
59 Гуфт; «Ваъдагоҳи шумо рӯзи зинат аст ва ҳамаи мардум бад-он ҳангом, ки офтоб баланд гардад гирд оянд. قَالَ مَوْعِدُكُمْ يَوْمُ الزِّينَةِ وَأَن يُحْشَرَ النَّاسُ ضُحًى
60 Фиръавн бозгашт ва ёрони ҳилагари худ ҷамъ кард ва бозомад. فَتَوَلَّى فِرْعَوْنُ فَجَمَعَ كَيْدَهُ ثُمَّ أَتَى
61 Мӯсо гуфташон: «Вой бар шумо, бар Худо дурӯғ мабандед, ки ҳамаи шуморо ба азобе ҳалок кунад ва ҳар ки дурӯғ бандад, ноумед шавад». قَالَ لَهُم مُّوسَى وَيْلَكُمْ لَا تَفْتَرُوا عَلَى اللَّهِ كَذِبًا فَيُسْحِتَكُمْ بِعَذَابٍ وَقَدْ خَابَ مَنِ افْتَرَى
62 Пас ба якдигар дар кори худ ба машварат пардохтанд. Ва пинҳон розҳо гуфтанд: فَتَنَازَعُوا أَمْرَهُم بَيْنَهُمْ وَأَسَرُّوا النَّجْوَى
63 Гуфтанд: «Ин ду ҷодугароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон биронанд ва дини беҳтарини шуморо маҳв кунанд. قَالُوا إِنْ هَذَانِ لَسَاحِرَانِ يُرِيدَانِ أَن يُخْرِجَاكُم مِّنْ أَرْضِكُم بِسِحْرِهِمَا وَيَذْهَبَا بِطَرِيقَتِكُمُ الْمُثْلَى
64 Шумо тадбирҳои худ ҷамъ кунед ва дар як саф биёед. Касе, ки имрӯз пирӯз шавад наҷот ёбад». فَأَجْمِعُوا كَيْدَكُمْ ثُمَّ ائْتُوا صَفًّا وَقَدْ أَفْلَحَ الْيَوْمَ مَنِ اسْتَعْلَى
65 Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту мепартоӣ ё мо нахуст бипартоем?». قَالُوا يَا مُوسَى إِمَّا أَن تُلْقِيَ وَإِمَّا أَن نَّكُونَ أَوَّلَ مَنْ أَلْقَى
66 Гуфт: «Шумо бипартоед». Ногаҳон аз ҷодуе, ки карданд, чунон дар назараш омад, ки он бандҳо ва асоҳо ба ҳар сӯ медаванд. قَالَ بَلْ أَلْقُوا فَإِذَا حِبَالُهُمْ وَعِصِيُّهُمْ يُخَيَّلُ إِلَيْهِ مِن سِحْرِهِمْ أَنَّهَا تَسْعَى
67 Мӯсо худашро тарсон ёфт. فَأَوْجَسَ فِي نَفْسِهِ خِيفَةً مُّوسَى
68 Гуфтем; «Матарс, ки ту болотар ҳастӣ. قُلْنَا لَا تَخَفْ إِنَّكَ أَنتَ الْأَعْلَى
69 Он чӣ дар дасти рост дорӣ, бияфкан, то ҳар чиро, ки сохтаанд, фурӯ барад. Онон ҳилаи ҷодувон сохтаанд ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад». وَأَلْقِ مَا فِي يَمِينِكَ تَلْقَفْ مَا صَنَعُوا إِنَّمَا صَنَعُوا كَيْدُ سَاحِرٍ وَلَا يُفْلِحُ السَّاحِرُ حَيْثُ أَتَى
70 Соҳирон ба саҷда водор шуданд. Гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳоруну Мӯсо имон овардем». فَأُلْقِيَ السَّحَرَةُ سُجَّدًا قَالُوا آمَنَّا بِرَبِّ هَارُونَ وَمُوسَى
71 Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, ба Ӯ имон овардед? Ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Дастҳову поҳотонро аз чапу рост мебурам ва бар танаи дарахти хурмо ба доратон меовезам то бидонед, ки азоби кадом як аз мо сахттару пояндатар аст». قَالَ آمَنتُمْ لَهُ قَبْلَ أَنْ آذَنَ لَكُمْ إِنَّهُ لَكَبِيرُكُمُ الَّذِي عَلَّمَكُمُ السِّحْرَ فَلَأُقَطِّعَنَّ أَيْدِيَكُمْ وَأَرْجُلَكُم مِّنْ خِلَافٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمْ فِي جُذُوعِ النَّخْلِ وَلَتَعْلَمُنَّ أَيُّنَا أَشَدُّ عَذَابًا وَأَبْقَى
72 Гуфтанд: «Савганд ба он ки моро офаридааст, ки туро бар он нишонаҳои равшан, ки дидаем, тарҷеҳ намедиҳем (беҳтар намешуморем), ба ҳар чӣ хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии инҷаҳонист. قَالُوا لَن نُّؤْثِرَكَ عَلَى مَا جَاءنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالَّذِي فَطَرَنَا فَاقْضِ مَا أَنتَ قَاضٍ إِنَّمَا تَقْضِي هَذِهِ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا
73 Инак ба Парвардигори худ имон овардем то аз хатоҳои мо ва он ҷодугарӣ, ки моро ба он водоштӣ, даргузарад, ки Худо беҳтару пойдортар аст». إِنَّا آمَنَّا بِرَبِّنَا لِيَغْفِرَ لَنَا خَطَايَانَا وَمَا أَكْرَهْتَنَا عَلَيْهِ مِنَ السِّحْرِ وَاللَّهُ خَيْرٌ وَأَبْقَى
74 Албатта ҳар кас, ки гунаҳкор назди Парвардигораш биёяд, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст, ки дар он ҷо на мемирад ва на зиндагӣ мекунад. إِنَّهُ مَن يَأْتِ رَبَّهُ مُجْرِمًا فَإِنَّ لَهُ جَهَنَّمَ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحْيى
75 Ва онон, ки бо имон назди ӯ оянд ва корҳои шоиста кунанд, соҳиби дараҷоте баланд бошанд. وَمَنْ يَأْتِهِ مُؤْمِنًا قَدْ عَمِلَ الصَّالِحَاتِ فَأُوْلَئِكَ لَهُمُ الدَّرَجَاتُ الْعُلَى
76 Биҳиштҳои ҷовидон, ки дар он наҳрҳо равон аст ва абадӣ дар он ҷо бошанд. Ва ин аст музди покон. جَنَّاتُ عَدْنٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَذَلِكَ جَزَاء مَن تَزَكَّى
77 Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро шабҳангом берун бибар ва барояшон (бо мӯъҷиза) дар дарё гузаргоҳе хушк биҷӯй ва матарс, ки бар ту даст ёбанд ва бим ба дил роҳ мадеҳ! وَلَقَدْ أَوْحَيْنَا إِلَى مُوسَى أَنْ أَسْرِ بِعِبَادِي فَاضْرِبْ لَهُمْ طَرِيقًا فِي الْبَحْرِ يَبَسًا لَّا تَخَافُ دَرَكًا وَلَا تَخْشَى
78 Фирьавн, бо лашкарҳояш аз паяшон равон шуд. Ва дарё чунон, ки бояд, ононро дар худ фурӯ пушид. فَأَتْبَعَهُمْ فِرْعَوْنُ بِجُنُودِهِ فَغَشِيَهُم مِّنَ الْيَمِّ مَا غَشِيَهُمْ
79 Фиръавн қавмашро гумрох кард, на роҳнамоӣ. وَأَضَلَّ فِرْعَوْنُ قَوْمَهُ وَمَا هَدَى
80 «Эй банӣ-Исроил, шуморо аз душманатон раҳонидем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем ва бароятон манна (ширинӣ) ва салво (бедона) нозил кардем. يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ قَدْ أَنجَيْنَاكُم مِّنْ عَدُوِّكُمْ وَوَاعَدْنَاكُمْ جَانِبَ الطُّورِ الْأَيْمَنَ وَنَزَّلْنَا عَلَيْكُمُ الْمَنَّ وَالسَّلْوَى
81 Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад мегузаронедаш, то мабод хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, дар оташ афтад. كُلُوا مِن طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ وَلَا تَطْغَوْا فِيهِ فَيَحِلَّ عَلَيْكُمْ غَضَبِي وَمَن يَحْلِلْ عَلَيْهِ غَضَبِي فَقَدْ هَوَى
82 Ҳар кас, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад ва ба роҳи ҳидоят бияфтад, ӯро мебахшоем. وَإِنِّي لَغَفَّارٌ لِّمَن تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا ثُمَّ اهْتَدَى
83 Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, то бар қавмат пешӣ гирӣ?» (яъне аз қавмат пештар биёӣ). وَمَا أَعْجَلَكَ عَن قَوْمِكَ يَا مُوسَى
84 Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз паи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ». قَالَ هُمْ أُولَاء عَلَى أَثَرِي وَعَجِلْتُ إِلَيْكَ رَبِّ لِتَرْضَى
85 Гуфт: «Мо қавми туро пас аз ту озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт». قَالَ فَإِنَّا قَدْ فَتَنَّا قَوْمَكَ مِن بَعْدِكَ وَأَضَلَّهُمُ السَّامِرِيُّ
86 Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё дер кардани ман дароз кашид ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?» فَرَجَعَ مُوسَى إِلَى قَوْمِهِ غَضْبَانَ أَسِفًا قَالَ يَا قَوْمِ أَلَمْ يَعِدْكُمْ رَبُّكُمْ وَعْدًا حَسَنًا أَفَطَالَ عَلَيْكُمُ الْعَهْدُ أَمْ أَرَدتُّمْ أَن يَحِلَّ عَلَيْكُمْ غَضَبٌ مِّن رَّبِّكُمْ فَأَخْلَفْتُم مَّوْعِدِي
87 Гуфтанд; «Мо ба ихтиёри худ ваъдаи ту хилоф накардем. Аз зару зевари он қавм бардоштем. Онҳоро дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ низ андохт. قَالُوا مَا أَخْلَفْنَا مَوْعِدَكَ بِمَلْكِنَا وَلَكِنَّا حُمِّلْنَا أَوْزَارًا مِّن زِينَةِ الْقَوْمِ فَقَذَفْنَاهَا فَكَذَلِكَ أَلْقَى السَّامِرِيُّ
88 Ва барояшон тандиси (пайкараи) гӯсолае, ки наъраи говонро дошт, бисохт ва гуфтанд: «Ин худоӣ шумо ва худои Мӯсост. Ва Мӯсо фаромуш карда аст». فَأَخْرَجَ لَهُمْ عِجْلًا جَسَدًا لَهُ خُوَارٌ فَقَالُوا هَذَا إِلَهُكُمْ وَإِلَهُ مُوسَى فَنَسِيَ
89 Оё намедонанд, ки ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ нафъу зиёне барояшон надорад? أَفَلَا يَرَوْنَ أَلَّا يَرْجِعُ إِلَيْهِمْ قَوْلًا وَلَا يَمْلِكُ لَهُمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا
90 Ҳорун низ пеш аз ин ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд. Парвардигори шумо Худои раҳмон аст. Аз паи ман биёед ва фармонбардори ман бошед!» وَلَقَدْ قَالَ لَهُمْ هَارُونُ مِن قَبْلُ يَا قَوْمِ إِنَّمَا فُتِنتُم بِهِ وَإِنَّ رَبَّكُمُ الرَّحْمَنُ فَاتَّبِعُونِي وَأَطِيعُوا أَمْرِي
91 Гуфтанд; «Мо ҳамеша ба парастиши ӯ менишинем, то Мӯсо ба назди мо бозгардад». قَالُوا لَن نَّبْرَحَ عَلَيْهِ عَاكِفِينَ حَتَّى يَرْجِعَ إِلَيْنَا مُوسَى
92 Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ гумроҳ мешаванд, قَالَ يَا هَارُونُ مَا مَنَعَكَ إِذْ رَأَيْتَهُمْ ضَلُّوا
93 чаро аз паи ман наомадӣ? Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?» أَلَّا تَتَّبِعَنِ أَفَعَصَيْتَ أَمْرِي
94 Гуфт: «Эй писари модарам, чанг бар ришу сари ман маяндоз. Ман тарсидам, ки бигӯӣ: «Ту миёни банӣ-Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва гуфтори маро риоят накардӣ». قَالَ يَا ابْنَ أُمَّ لَا تَأْخُذْ بِلِحْيَتِي وَلَا بِرَأْسِي إِنِّي خَشِيتُ أَن تَقُولَ فَرَّقْتَ بَيْنَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَلَمْ تَرْقُبْ قَوْلِي
95 Гуфт: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?» قَالَ فَمَا خَطْبُكَ يَا سَامِرِيُّ
96 Гуфт: «Ман чизе дидам, ки онҳо намедиданд. Муште аз хоке, ки нақши пои он расул (Ҷибриил) бар он буд, баргирифтам ва дар он қолаб афкандам ва нафси ман ин корро дар чашми ман биёрост». قَالَ بَصُرْتُ بِمَا لَمْ يَبْصُرُوا بِهِ فَقَبَضْتُ قَبْضَةً مِّنْ أَثَرِ الرَّسُولِ فَنَبَذْتُهَا وَكَذَلِكَ سَوَّلَتْ لِي نَفْسِي
97 Гуфт: «Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯй: «Ба ман наздик машав». Ва низ туро ваъдаест, ки! аз он раҳо нашавӣ ва инак ба худоят, ки пайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки месӯзонемаш ва ба дарёаш меафшонем. قَالَ فَاذْهَبْ فَإِنَّ لَكَ فِي الْحَيَاةِ أَن تَقُولَ لَا مِسَاسَ وَإِنَّ لَكَ مَوْعِدًا لَّنْ تُخْلَفَهُ وَانظُرْ إِلَى إِلَهِكَ الَّذِي ظَلْتَ عَلَيْهِ عَاكِفًا لَّنُحَرِّقَنَّهُ ثُمَّ لَنَنسِفَنَّهُ فِي الْيَمِّ نَسْفًا
98 Ҷуз ин нест, ки худои шумо Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст», إِنَّمَا إِلَهُكُمُ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ وَسِعَ كُلَّ شَيْءٍ عِلْمًا
99 Инчунин хабарҳои гузаштаро барои ту ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ Қуръонро ато кардем. كَذَلِكَ نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنبَاء مَا قَدْ سَبَقَ وَقَدْ آتَيْنَاكَ مِن لَّدُنَّا ذِكْرًا
100 Ҳар кас, ки аз он рӯй гардонад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад. مَنْ أَعْرَضَ عَنْهُ فَإِنَّهُ يَحْمِلُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وِزْرًا
101 Дар он кор хамеша бимонанд. Ва бори, рӯзи қиёмат барояшон бори бадест! خَالِدِينَ فِيهِ وَسَاء لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ حِمْلًا
102 Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудчашм гирд меоварем. يَوْمَ يُنفَخُ فِي الصُّورِ وَنَحْشُرُ الْمُجْرِمِينَ يَوْمَئِذٍ زُرْقًا
103 Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ рӯз беш дар дунё наистодаед. يَتَخَافَتُونَ بَيْنَهُمْ إِن لَّبِثْتُمْ إِلَّا عَشْرًا
104 Мо бар гуфтори онҳо огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо мегӯяд: «Ҷуз як рӯз наистодаед». نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَقُولُونَ إِذْ يَقُولُ أَمْثَلُهُمْ طَرِيقَةً إِن لَّبِثْتُمْ إِلَّا يَوْمًا
105 Туро аз кӯҳҳо мепурсанд. Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро пароканда месозад. وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْجِبَالِ فَقُلْ يَنسِفُهَا رَبِّي نَسْفًا
106 ва онҳоро ба замине ҳамвор бадал мекунад; فَيَذَرُهَا قَاعًا صَفْصَفًا
107 дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ». لَا تَرَى فِيهَا عِوَجًا وَلَا أَمْتًا
108 Дар он рӯз аз паи он доъӣ (Исрофил), ки ҳеҷ каҷиро дар ӯ роҳ нест, равон гарданд. Ва садоҳо дар баробари Худои раҳмон паст мешаванд ва аз ҳеҷ кас ғайри садои пое нахоҳӣ шунид. يَوْمَئِذٍ يَتَّبِعُونَ الدَّاعِيَ لَا عِوَجَ لَهُ وَخَشَعَت الْأَصْوَاتُ لِلرَّحْمَنِ فَلَا تَسْمَعُ إِلَّا هَمْسًا
109 Дар он рӯз шафоъат нафъ надиҳад, фақат онро, ки Худои раҳмон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад, нафъ диҳад. يَوْمَئِذٍ لَّا تَنفَعُ الشَّفَاعَةُ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرَّحْمَنُ وَرَضِيَ لَهُ قَوْلًا
110 Ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст медонад ва илми онон Ӯро дар бар нагирад. يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا
111 Ва чеҳраҳо дар баробари Худои зиндаи поянда хозеъ (мутеъ) мешавад ва ҳар кӣ бори куфр бар дӯш мекашад, ноумед мегардад. وَعَنَتِ الْوُجُوهُ لِلْحَيِّ الْقَيُّومِ وَقَدْ خَابَ مَنْ حَمَلَ ظُلْمًا
112 Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва шикасте битарсад. وَمَن يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتِ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَا يَخَافُ ظُلْمًا وَلَا هَضْمًا
113 Инчунин онро Қуръоне арабӣ нозил кардем ва дар он гуногун хушдор додем, шояд битарсанд ё панде тоза гиранд. وَكَذَلِكَ أَنزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا وَصَرَّفْنَا فِيهِ مِنَ الْوَعِيدِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ أَوْ يُحْدِثُ لَهُمْ ذِكْرًا
114 Пас бартар аст Худои якто- он подшоҳи ростин! Ва пеш аз он ки ваҳй ба поён расад, дар хондани Қуръон шитоб макун. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой». فَتَعَالَى اللَّهُ الْمَلِكُ الْحَقُّ وَلَا تَعْجَلْ بِالْقُرْآنِ مِن قَبْلِ أَن يُقْضَى إِلَيْكَ وَحْيُهُ وَقُل رَّبِّ زِدْنِي عِلْمًا
115 Ва мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, вале фаромӯш кард ва босабраш наёфтем. وَلَقَدْ عَهِدْنَا إِلَى آدَمَ مِن قَبْلُ فَنَسِيَ وَلَمْ نَجِدْ لَهُ عَزْمًا
116 Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳама ғайри Иблис, ки сарпечӣ кард, саҷда карданд. وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَى
117 Гуфтем: «Эй Одам, ин душмани ту ва ҳамсари туст, шуморо аз биҳишт берун накунад, ки бадбахт шавӣ, فَقُلْنَا يَا آدَمُ إِنَّ هَذَا عَدُوٌّ لَّكَ وَلِزَوْجِكَ فَلَا يُخْرِجَنَّكُمَا مِنَ الْجَنَّةِ فَتَشْقَى
118 ки ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ إِنَّ لَكَ أَلَّا تَجُوعَ فِيهَا وَلَا تَعْرَى
119 ва на ташна мешавӣ ва на дучори тобиши офтоб». وَأَنَّكَ لَا تَظْمَأُ فِيهَا وَلَا تَضْحَى
120 Шайтон васвасааш карду гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти ҷовидонӣ ва мулки дурнашаванда роҳ бинамоям?» فَوَسْوَسَ إِلَيْهِ الشَّيْطَانُ قَالَ يَا آدَمُ هَلْ أَدُلُّكَ عَلَى شَجَرَةِ الْخُلْدِ وَمُلْكٍ لَّا يَبْلَى
121 Аз он дарахт хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳишт бар онҳо мечаспониданд. Одам ба Парвардигори худ оси шуд ва роҳ гум кард. فَأَكَلَا مِنْهَا فَبَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِن وَرَقِ الْجَنَّةِ وَعَصَى آدَمُ رَبَّهُ فَغَوَى
122 Сипас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард. ثُمَّ اجْتَبَاهُ رَبُّهُ فَتَابَ عَلَيْهِ وَهَدَى
123 Гуфт: «Ҳамагӣ аз он ҷо поин равед, душманони якдигар! Агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии Ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на тирабахт. قَالَ اهْبِطَا مِنْهَا جَمِيعًا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدًى فَمَنِ اتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشْقَى
124 Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем». وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكًا وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَى
125 Гӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино зинда кардӣ ва ҳол он ки ман бино будам?» قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرْتَنِي أَعْمَى وَقَدْ كُنتُ بَصِيرًا
126 Гуяд: «Ҳамчунон ки ту оёти Моро фаромӯш мекардӣ, имрӯз худ фаромӯш гаштаӣ». قَالَ كَذَلِكَ أَتَتْكَ آيَاتُنَا فَنَسِيتَهَا وَكَذَلِكَ الْيَوْمَ تُنسَى
127 Инчунин исрофкорон ва касонеро, ки ба оётӣ Парвардигорашон имон намеоваранд, ҷазо медиҳем. Албатта азоби охират сахттару пойдортар аст! وَكَذَلِكَ نَجْزِي مَنْ أَسْرَفَ وَلَمْ يُؤْمِن بِآيَاتِ رَبِّهِ وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبْقَى
128 Оё он ҳама мардуме, ки пеш аз ин дар масокини инҳо роҳ мерафтанд ва Мо ҳамаро ҳалок кардем, сабаби ҳидояти инҳо нашудаанд? Инҳо нишонаҳоест барои хирадмандон! أَفَلَمْ يَهْدِ لَهُمْ كَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّنَ الْقُرُونِ يَمْشُونَ فِي مَسَاكِنِهِمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّأُوْلِي النُّهَى
129 Агар на сухане буд, ки Парвардигорат пеш аз ин гуфта ва замонро муъайян карда буд, азобашон дар ин ҷаҳон ҳатмӣ мебуд. وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّكَ لَكَانَ لِزَامًا وَأَجَلٌ مُسَمًّى
130 Барои он чӣ мегӯянд, бо сабр бош ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ҳамд ёд кун. Ва дар соъати шаб ва аввалу охири рӯз тасбеҳ гӯй. Шояд хушнуд гардӣ. فَاصْبِرْ عَلَى مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ غُرُوبِهَا وَمِنْ آنَاء اللَّيْلِ فَسَبِّحْ وَأَطْرَافَ النَّهَارِ لَعَلَّكَ تَرْضَى
131 Агар занону мардоне аз онҳоро аз як зиндагии хуш баҳраманд сохтаем, ту ба онҳо манигар. Ин барои он аст, ки имтиҳонашон кунем. Ризқи Парвардигорат беҳтару пойдортар аст! وَلَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَى مَا مَتَّعْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِّنْهُمْ زَهْرَةَ الْحَيَاةِ الدُّنيَا لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ وَرِزْقُ رَبِّكَ خَيْرٌ وَأَبْقَى
132 Касони худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар он кор босабр бош. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст. وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ وَاصْطَبِرْ عَلَيْهَا لَا نَسْأَلُكَ رِزْقًا نَّحْنُ نَرْزُقُكَ وَالْعَاقِبَةُ لِلتَّقْوَى
133 Ва гуфтанд: «Чаро муъҷизае аз Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далелҳои равшане, ки дар сахифаҳои пешин омада, ба онҳо нарасидааст? وَقَالُوا لَوْلَا يَأْتِينَا بِآيَةٍ مِّن رَّبِّهِ أَوَلَمْ تَأْتِهِم بَيِّنَةُ مَا فِي الصُّحُفِ الْأُولَى
134 Агар пеш аз омадани Паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти ту пайравӣ кунем?» وَلَوْ أَنَّا أَهْلَكْنَاهُم بِعَذَابٍ مِّن قَبْلِهِ لَقَالُوا رَبَّنَا لَوْلَا أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ آيَاتِكَ مِن قَبْلِ أَن نَّذِلَّ وَنَخْزَى
135 Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд, шумо низ мунтазир бимонед. Ба зудӣ хоҳед донист, онҳо, ки ба роҳи рост мераванд ва онҳо, ки ҳидоят ёфтаанд, чӣ касоне ҳастанд». قُلْ كُلٌّ مُّتَرَبِّصٌ فَتَرَبَّصُوا فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ أَصْحَابُ الصِّرَاطِ السَّوِيِّ وَمَنِ اهْتَدَى
;