Al-Anbiyaa

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯйгардонанд. اقْتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمْ وَهُمْ فِي غَفْلَةٍ مَّعْرِضُونَ
2 Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳар панде тозае омад, онро шуниданд ва саргарми бозича буданд. مَا يَأْتِيهِم مِّن ذِكْرٍ مَّن رَّبِّهِم مُّحْدَثٍ إِلَّا اسْتَمَعُوهُ وَهُمْ يَلْعَبُونَ
3 Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамгарон сар дар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард як инсоне монанди шумо нест? Оё бо он ки ба чашмн худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?» لَاهِيَةً قُلُوبُهُمْ وَأَسَرُّواْ النَّجْوَى الَّذِينَ ظَلَمُواْ هَلْ هَذَا إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ أَفَتَأْتُونَ السِّحْرَ وَأَنتُمْ تُبْصِرُونَ
4 Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва Ӯ шунавову доност». قَالَ رَبِّي يَعْلَمُ الْقَوْلَ فِي السَّمَاء وَالأَرْضِ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
5 Гуфтанд: «На Хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебофад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад». بَلْ قَالُواْ أَضْغَاثُ أَحْلاَمٍ بَلِ افْتَرَاهُ بَلْ هُوَ شَاعِرٌ فَلْيَأْتِنَا بِآيَةٍ كَمَا أُرْسِلَ الأَوَّلُونَ
6 Пеш аз онҳо мардуми деҳаеро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд? مَا آمَنَتْ قَبْلَهُم مِّن قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا أَفَهُمْ يُؤْمِنُونَ
7 Мо пеш аз ту ба пайрамбарӣ фақат мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем фиристодем ва агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед. وَمَا أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ إِلاَّ رِجَالاً نُّوحِي إِلَيْهِمْ فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ
8 Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд. وَمَا جَعَلْنَاهُمْ جَسَدًا لَّا يَأْكُلُونَ الطَّعَامَ وَمَا كَانُوا خَالِدِينَ
9 Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо додем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем. ثُمَّ صَدَقْنَاهُمُ الْوَعْدَ فَأَنجَيْنَاهُمْ وَمَن نَّشَاء وَأَهْلَكْنَا الْمُسْرِفِينَ
10 Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он шарафи бузурги шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед? لَقَدْ أَنزَلْنَا إِلَيْكُمْ كِتَابًا فِيهِ ذِكْرُكُمْ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
11 Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем. وَكَمْ قَصَمْنَا مِن قَرْيَةٍ كَانَتْ ظَالِمَةً وَأَنشَأْنَا بَعْدَهَا قَوْمًا آخَرِينَ
12 Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд. فَلَمَّا أَحَسُّوا بَأْسَنَا إِذَا هُم مِّنْهَا يَرْكُضُونَ
13 Мегузеред! Бо нозу ишрат ба хонаҳои худ боз гардед то пурсида шавед! لَا تَرْكُضُوا وَارْجِعُوا إِلَى مَا أُتْرِفْتُمْ فِيهِ وَمَسَاكِنِكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْأَلُونَ
14 Гуфтанд; «Вой бар мо, мо ситамкор будаем!» قَالُوا يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ
15 Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун кишти даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем. فَمَا زَالَت تِّلْكَ دَعْوَاهُمْ حَتَّى جَعَلْنَاهُمْ حَصِيدًا خَامِدِينَ
16 Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дӯст, ба бозича наофаридаем. وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاء وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَاعِبِينَ
17 Агар хостори бозичае мебудем, Худ онро меофаридем, агар хоста будем. لَوْ أَرَدْنَا أَن نَّتَّخِذَ لَهْوًا لَّاتَّخَذْنَاهُ مِن لَّدُنَّا إِن كُنَّا فَاعِلِينَ
18 Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо сифат медиҳед. بَلْ نَقْذِفُ بِالْحَقِّ عَلَى الْبَاطِلِ فَيَدْمَغُهُ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٌ وَلَكُمُ الْوَيْلُ مِمَّا تَصِفُونَ
19 Аз они Ӯст ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд, وَلَهُ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَنْ عِندَهُ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَلَا يَسْتَحْسِرُونَ
20 Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онҳо падид ояд, тасбеҳ мегӯянд. يُسَبِّحُونَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لَا يَفْتُرُونَ
21 Оё дар замин худоёне интихобидаанд, ки мурдагонро аз гӯр бар мехезонанд? أَمِ اتَّخَذُوا آلِهَةً مِّنَ الْأَرْضِ هُمْ يُنشِرُونَ
22 Агар дар замину осмон худоёне ғайри Оллоҳ мебуд, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас Оллоҳ — Парвардигори арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст. لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا فَسُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ
23 Ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунад, пурсида намешавад, вале мардум пурсида мешаванд. لَا يُسْأَلُ عَمَّا يَفْعَلُ وَهُمْ يُسْأَلُونَ
24 Оё ба ҷуз Ӯ худоёнро интихобидаанд? Бигӯ: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухане касоне, ки пеш аз ман будаанд». На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд. أَمِ اتَّخَذُوا مِن دُونِهِ آلِهَةً قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ هَذَا ذِكْرُ مَن مَّعِيَ وَذِكْرُ مَن قَبْلِي بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ الْحَقَّ فَهُم مُّعْرِضُونَ
25 Мо пеш аз ту ҳар паёмбаре ки фиристодем, фақат ба ӯ ваҳй кардем, ки ғайри Ман худое нест. Пас Маро бипарастед. وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ
26 Ва гуфтанд, ки Худои раҳмон соҳиби фарзанд аст. Пок аст Ӯ. Балки онон бандагоне гироми ҳастанд, وَقَالُوا اتَّخَذَ الرَّحْمَنُ وَلَدًا سُبْحَانَهُ بَلْ عِبَادٌ مُّكْرَمُونَ
27 дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд. لَا يَسْبِقُونَهُ بِالْقَوْلِ وَهُم بِأَمْرِهِ يَعْمَلُونَ
28 Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонерю, ки Худо аз онҳо хушнуд аст, шафоъат намекунанд ва аз бими Ӯ ларзонанд. يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يَشْفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ارْتَضَى وَهُم مِّنْ خَشْيَتِهِ مُشْفِقُونَ
29 Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем. وَمَن يَقُلْ مِنْهُمْ إِنِّي إِلَهٌ مِّن دُونِهِ فَذَلِكَ نَجْزِيهِ جَهَنَّمَ كَذَلِكَ نَجْزِي الظَّالِمِينَ
30 Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин ба ҳам якҷоя часпида буданд, Мо онҳоро ҷудо кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об пайдо кардем? Чаро имон намеоваранд? أَوَلَمْ يَرَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ كَانَتَا رَتْقًا فَفَتَقْنَاهُمَا وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاء كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ أَفَلَا يُؤْمِنُونَ
31 Ва бар замин кӯҳҳо биёфаридем то наларзонадашон. Ва дар он роҳҳои васеъ сохтем, бошад, ки роҳи худ биёбанд. وَجَعَلْنَا فِي الْأَرْضِ رَوَاسِيَ أَن تَمِيدَ بِهِمْ وَجَعَلْنَا فِيهَا فِجَاجًا سُبُلًا لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ
32 Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯ мегардонанд. وَجَعَلْنَا السَّمَاء سَقْفًا مَّحْفُوظًا وَهُمْ عَنْ آيَاتِهَا مُعْرِضُونَ
33 Ӯст касе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид. وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ
34 Мо пеш аз ту ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Чӣ сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд? وَمَا جَعَلْنَا لِبَشَرٍ مِّن قَبْلِكَ الْخُلْدَ أَفَإِن مِّتَّ فَهُمُ الْخَالِدُونَ
35 Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба хайру шар меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед. كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ وَنَبْلُوكُم بِالشَّرِّ وَالْخَيْرِ فِتْنَةً وَإِلَيْنَا تُرْجَعُونَ
36 Кофирон чун туро бубинанд, бешак масхараат хоҳанд кард, ки оё ин ҳамон мардест, ки аз худоёнатон ба бадӣ ёд мекунад? Ва инҳо худ ёди Худои раҳмонро мункиранд. وَإِذَا رَآكَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَذَا الَّذِي يَذْكُرُ آلِهَتَكُمْ وَهُم بِذِكْرِ الرَّحْمَنِ هُمْ كَافِرُونَ
37 Одамӣ шитобкор офарида шуда. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед. خُلِقَ الْإِنسَانُ مِنْ عَجَلٍ سَأُرِيكُمْ آيَاتِي فَلَا تَسْتَعْجِلُونِ
38 Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?» وَيَقُولُونَ مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ
39 Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти худ боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист. لَوْ يَعْلَمُ الَّذِينَ كَفَرُوا حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَن وُجُوهِهِمُ النَّارَ وَلَا عَن ظُهُورِهِمْ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
40 Аммо қиёмат ба ногаҳон биояд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон надиҳанд. بَلْ تَأْتِيهِم بَغْتَةً فَتَبْهَتُهُمْ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمْ يُنظَرُونَ
41 Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад. وَلَقَدِ اسْتُهْزِئَ بِرُسُلٍ مِّن قَبْلِكَ فَحَاقَ بِالَّذِينَ سَخِرُوا مِنْهُم مَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُون
42 Бигӯ: «Кист он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд. قُلْ مَن يَكْلَؤُكُم بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ مِنَ الرَّحْمَنِ بَلْ هُمْ عَن ذِكْرِ رَبِّهِم مُّعْرِضُونَ
43 Ё он ки худоёне доранд, ки ба ҷои мо ононро аз ҳодисаҳо нигоҳ медоранд? На! Он худоён ёрии худро натавонанд ва на дар баробари мо паноҳида шаванд. أَمْ لَهُمْ آلِهَةٌ تَمْنَعُهُم مِّن دُونِنَا لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَ أَنفُسِهِمْ وَلَا هُم مِّنَّا يُصْحَبُونَ
44 Балки мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то умрашон ба дароз кашид. Оё намебинанд, ки қасди ин сарзамин мекунем ва аз атрофи он кам мекунем? Оё боз ҳам онҳо пирӯзанд? بَلْ مَتَّعْنَا هَؤُلَاء وَآبَاءهُمْ حَتَّى طَالَ عَلَيْهِمُ الْعُمُرُ أَفَلَا يَرَوْنَ أَنَّا نَأْتِي الْأَرْضَ نَنقُصُهَا مِنْ أَطْرَافِهَا أَفَهُمُ الْغَالِبُونَ
45 Бигӯ: «Ман шуморо ба ваҳй бим медиҳам», вале каронро чун бим диҳанд, намешунаванд. قُلْ إِنَّمَا أُنذِرُكُم بِالْوَحْيِ وَلَا يَسْمَعُ الصُّمُّ الدُّعَاء إِذَا مَا يُنذَرُونَ
46 Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо бирасад, хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ки ситамкор будаем!» وَلَئِن مَّسَّتْهُمْ نَفْحَةٌ مِّنْ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ
47 Рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Агар амале ба сангинии як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисоб карданро басандаем! وَنَضَعُ الْمَوَازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ فَلَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا وَإِن كَانَ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ أَتَيْنَا بِهَا وَكَفَى بِنَا حَاسِبِينَ
48 Ба Мӯсо ва Ҳорун китобе додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва равшаниву панд аст барои парҳезгорон. وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى وَهَارُونَ الْفُرْقَانَ وَضِيَاء وَذِكْرًا لِّلْمُتَّقِينَ
49 Онон, ки аз Худои худ дар ниҳон метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд. الَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِالْغَيْبِ وَهُم مِّنَ السَّاعَةِ مُشْفِقُونَ
50 Ин муборак Қуръонест, ки нозил кардаем, Оё мункири он ҳастед? وَهَذَا ذِكْرٌ مُّبَارَكٌ أَنزَلْنَاهُ أَفَأَنتُمْ لَهُ مُنكِرُونَ
51 Пеш аз ин ба Иброҳим қувваи шинохташро ато кардем ва ба ӯ огоҳ будем. وَلَقَدْ آتَيْنَا إِبْرَاهِيمَ رُشْدَهُ مِن قَبْلُ وَكُنَّا بِه عَالِمِينَ
52 Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин суратҳо, ки ба парастиши онҳо дил ниҳодаед, чистанд?» إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَا هَذِهِ التَّمَاثِيلُ الَّتِي أَنتُمْ لَهَا عَاكِفُونَ
53 Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд». قَالُوا وَجَدْنَا آبَاءنَا لَهَا عَابِدِينَ
54 Гуфт: «Албатта шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед». قَالَ لَقَدْ كُنتُمْ أَنتُمْ وَآبَاؤُكُمْ فِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ
55 Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё моро ба бозӣ гирифтаӣ?» قَالُوا أَجِئْتَنَا بِالْحَقِّ أَمْ أَنتَ مِنَ اللَّاعِبِينَ
56 Гуфт: «На, Парвардигори шумо Парвардигори осмонҳову замин аст. Он ки онҳоро биофаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам. قَالَ بَل رَّبُّكُمْ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الَّذِي فَطَرَهُنَّ وَأَنَا عَلَى ذَلِكُم مِّنَ الشَّاهِدِينَ
57 Ва ба Худо савганд, ки чун шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард». وَتَاللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصْنَامَكُم بَعْدَ أَن تُوَلُّوا مُدْبِرِينَ
58 Онҳоро пора-пора кард. Лекин бузургтаринашонро, пора накард, шояд бар он рӯй оранд. فَجَعَلَهُمْ جُذَاذًا إِلَّا كَبِيرًا لَّهُمْ لَعَلَّهُمْ إِلَيْهِ يَرْجِعُونَ
59 Гуфтанд: «Чӣ кас ба худоёни мо чунин кардааст? Албатта ӯ аз ситамкорон аст!» قَالُوا مَن فَعَلَ هَذَا بِآلِهَتِنَا إِنَّهُ لَمِنَ الظَّالِمِينَ
60 Гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим аз онҳо сухан мегуфтааст». قَالُوا سَمِعْنَا فَتًى يَذْكُرُهُمْ يُقَالُ لَهُ إِبْرَاهِيمُ
61 Гуфтанд: «Ӯро ба назди мардум биёваред то шоҳидӣ диҳанд». قَالُوا فَأْتُوا بِهِ عَلَى أَعْيُنِ النَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَشْهَدُونَ
62 Гуфтанд: «Эй Иброҳим ту бо худоёни мо чунин кардаӣ?» قَالُوا أَأَنتَ فَعَلْتَ هَذَا بِآلِهَتِنَا يَا إِبْرَاهِيمُ
63 Гуфт: «Балки бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед». قَالَ بَلْ فَعَلَهُ كَبِيرُهُمْ هَذَا فَاسْأَلُوهُمْ إِن كَانُوا يَنطِقُونَ
64 Бо худашон гуфтугӯ карданд ва гуфтанд: «Шумо худ ситамкор ҳастед». فَرَجَعُوا إِلَى أَنفُسِهِمْ فَقَالُوا إِنَّكُمْ أَنتُمُ الظَّالِمُونَ
65 Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд». ثُمَّ نُكِسُوا عَلَى رُؤُوسِهِمْ لَقَدْ عَلِمْتَ مَا هَؤُلَاء يَنطِقُونَ
66 Гуфт: «Оё ғайри Оллоҳ чизеро мепарастед, ки на шуморо фоида мерасонад, на зиён. قَالَ أَفَتَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكُمْ شَيْئًا وَلَا يَضُرُّكُمْ
67 Безорам аз шумо ва аз он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастед. Оё ба ақл дарнамеёбед? أُفٍّ لَّكُمْ وَلِمَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
68 Гуфтанд; «Агар мехоҳед коре бикунед, (Иброҳимро) бисӯзонед ва худоёни худро ёрӣ дихед». قَالُوا حَرِّقُوهُ وَانصُرُوا آلِهَتَكُمْ إِن كُنتُمْ فَاعِلِينَ
69 Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим хунук ва саломат бош!» قُلْنَا يَا نَارُ كُونِي بَرْدًا وَسَلَامًا عَلَى إِبْرَاهِيمَ
70 Мехостанд барои Иброҳим макре бияндешанд, вале мо зиёнкорашон гардонидем. وَأَرَادُوا بِهِ كَيْدًا فَجَعَلْنَاهُمُ الْأَخْسَرِينَ
71 Ӯ ва Лутро наҷот додем ва ба сарзамине, ки онро баракати ҷаҳониён қарор додаем, бурдем. وَنَجَّيْنَاهُ وَلُوطًا إِلَى الْأَرْضِ الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا لِلْعَالَمِينَ
72 Ва ба ӯ Исҳоқ ва фарзандзодае чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем. وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ نَافِلَةً وَكُلًّا جَعَلْنَا صَالِحِينَ
73 Ва ҳамаро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд. وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ وَإِقَامَ الصَّلَاةِ وَإِيتَاء الزَّكَاةِ وَكَانُوا لَنَا عَابِدِينَ
74 Ва ба Лут ҳукму илм додем ва аз он деҳа, ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Онҳо, ки мардуме баду фосиқ буданд! وَلُوطًا آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَنَجَّيْنَاهُ مِنَ الْقَرْيَةِ الَّتِي كَانَت تَّعْمَلُ الْخَبَائِثَ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمَ سَوْءٍ فَاسِقِينَ
75 Ӯро дар раҳмати худ дохил кардем, ки ӯ аз шоистагон буд. وَأَدْخَلْنَاهُ فِي رَحْمَتِنَا إِنَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
76 Ва Нӯҳро ёд кун, ки пеш аз он Моро нидо дод ва Мо ба ӯ посух додем ва ӯву хонадонашро аз меҳнате бузург раҳонидем. وَنُوحًا إِذْ نَادَى مِن قَبْلُ فَاسْتَجَبْنَا لَهُ فَنَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ مِنَ الْكَرْبِ الْعَظِيمِ
77 Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Онон бад мардуме буданд ва Мо ҳамаро ғарқ сохтем, وَنَصَرْنَاهُ مِنَ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمَ سَوْءٍ فَأَغْرَقْنَاهُمْ أَجْمَعِينَ
78 Ва Довуду Сулаймонро ёд кун, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем. وَدَاوُودَ وَسُلَيْمَانَ إِذْ يَحْكُمَانِ فِي الْحَرْثِ إِذْ نَفَشَتْ فِيهِ غَنَمُ الْقَوْمِ وَكُنَّا لِحُكْمِهِمْ شَاهِدِينَ
79 Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳамаро ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳама Мо кардем. فَفَهَّمْنَاهَا سُلَيْمَانَ وَكُلًّا آتَيْنَا حُكْمًا وَعِلْمًا وَسَخَّرْنَا مَعَ دَاوُودَ الْجِبَالَ يُسَبِّحْنَ وَالطَّيْرَ وَكُنَّا فَاعِلِينَ
80 Ва ба Ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Оё сипосгузорӣ мекунед? وَعَلَّمْنَاهُ صَنْعَةَ لَبُوسٍ لَّكُمْ لِتُحْصِنَكُم مِّن بَأْسِكُمْ فَهَلْ أَنتُمْ شَاكِرُونَ
81 Ва тундбодро фармонбардори Сулаймон кардем, ки ба амри ӯ дар он сарзамин, ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва Мо бар ҳар чизе доноем. وَلِسُلَيْمَانَ الرِّيحَ عَاصِفَةً تَجْرِي بِأَمْرِهِ إِلَى الْأَرْضِ الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا وَكُنَّا بِكُلِّ شَيْءٍ عَالِمِينَ
82 Ва гурӯҳе аз девон барояш дар дарё шиноварӣ мекарданд ва ғайри он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем. وَمِنَ الشَّيَاطِينِ مَن يَغُوصُونَ لَهُ وَيَعْمَلُونَ عَمَلًا دُونَ ذَلِكَ وَكُنَّا لَهُمْ حَافِظِينَ
83 Ва Айюбро ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ». وَأَيُّوبَ إِذْ نَادَى رَبَّهُ أَنِّي مَسَّنِيَ الضُّرُّ وَأَنتَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ
84 Дуъояшро иҷобат кардем. Ва озор аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо то худопарастон ҳамеша ба ёд дошта бошанд. فَاسْتَجَبْنَا لَهُ فَكَشَفْنَا مَا بِهِ مِن ضُرٍّ وَآتَيْنَاهُ أَهْلَهُ وَمِثْلَهُم مَّعَهُمْ رَحْمَةً مِّنْ عِندِنَا وَذِكْرَى لِلْعَابِدِينَ
85 Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз собирон буданд. وَإِسْمَاعِيلَ وَإِدْرِيسَ وَذَا الْكِفْلِ كُلٌّ مِّنَ الصَّابِرِينَ
86 Ононро сазовори бахшоиши худ гардонидем ва ҳама аз шоистагон буданд. وَأَدْخَلْنَاهُمْ فِي رَحْمَتِنَا إِنَّهُم مِّنَ الصَّالِحِينَ
87 Ва Зуннунро он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Х, еч худое чуз Ту нест. Ту пок хастй ва ман аз ситамкорон хастам». وَذَا النُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَاضِبًا فَظَنَّ أَن لَّن نَّقْدِرَ عَلَيْهِ فَنَادَى فِي الظُّلُمَاتِ أَن لَّا إِلَهَ إِلَّا أَنتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ الظَّالِمِينَ
88 Дуъояшро мустачоб кардем ва уро аз андух рахонидем ва муъминонро инчунин мерахонем. فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَنَجَّيْنَاهُ مِنَ الْغَمِّ وَكَذَلِكَ نُنجِي الْمُؤْمِنِينَ
89 Ва Закариёро ёд кун, он гох ки Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо вомагузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!» وَزَكَرِيَّا إِذْ نَادَى رَبَّهُ رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنتَ خَيْرُ الْوَارِثِينَ
90 Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба у Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан (сархам) буданд. فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَوَهَبْنَا لَهُ يَحْيَى وَأَصْلَحْنَا لَهُ زَوْجَهُ إِنَّهُمْ كَانُوا يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَيَدْعُونَنَا رَغَبًا وَرَهَبًا وَكَانُوا لَنَا خَاشِعِينَ
91 Ва он занро ёд кун, ки шармгоҳи худро нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худо дар ӯ дамидем ва ӯву фарзандашро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем. وَالَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهَا مِن رُّوحِنَا وَجَعَلْنَاهَا وَابْنَهَا آيَةً لِّلْعَالَمِينَ
92 Ин шариъати шумост, шариъате ягона. Ва Ман Парвардигори шумоям, Маро бипарастед! إِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ
93 Ва дар дини худ фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд! وَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُم بَيْنَهُمْ كُلٌّ إِلَيْنَا رَاجِعُونَ
94 Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ва имон оварда бошад, кушиши ӯро ношукрӣ нест ва Мо амалҳояшонро менависем. فَمَن يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتِ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَا كُفْرَانَ لِسَعْيِهِ وَإِنَّا لَهُ كَاتِبُونَ
95 Ва деҳаеро, ки ба ҳалокат расонидаем, муҳол аст, ки бозгаште дошта бошанд. وَحَرَامٌ عَلَى قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا أَنَّهُمْ لَا يَرْجِعُونَ
96 То он гоҳ, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд. حَتَّى إِذَا فُتِحَتْ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ وَهُم مِّن كُلِّ حَدَبٍ يَنسِلُونَ
97 Ва он ваъдаи ростин наздик гардад ва чашмони кофирон ҳамчунон хира монад: «Вой бар мо, мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки ситамкор будем!» وَاقْتَرَبَ الْوَعْدُ الْحَقُّ فَإِذَا هِيَ شَاخِصَةٌ أَبْصَارُ الَّذِينَ كَفَرُوا يَا وَيْلَنَا قَدْ كُنَّا فِي غَفْلَةٍ مِّنْ هَذَا بَلْ كُنَّا ظَالِمِينَ
98 Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои дӯзах ҳастед. Шумо ба дӯзах хоҳед рафт! إِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمْ لَهَا وَارِدُونَ
99 Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд. لَوْ كَانَ هَؤُلَاء آلِهَةً مَّا وَرَدُوهَا وَكُلٌّ فِيهَا خَالِدُونَ
100 Онон дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд. لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَهُمْ فِيهَا لَا يَسْمَعُونَ
101 Касоне, ки пеш аз ин муқаррар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз дӯзах барканоранд. إِنَّ الَّذِينَ سَبَقَتْ لَهُم مِّنَّا الْحُسْنَى أُوْلَئِكَ عَنْهَا مُبْعَدُون
102 Инҳо садои дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ хоҳанд, муҳайёст, ҷовидонаанд. لَا يَسْمَعُونَ حَسِيسَهَا وَهُمْ فِي مَا اشْتَهَتْ أَنفُسُهُمْ خَالِدُونَ
103 Он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода буданд. لَا يَحْزُنُهُمُ الْفَزَعُ الْأَكْبَرُ وَتَتَلَقَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ هَذَا يَوْمُكُمُ الَّذِي كُنتُمْ تُوعَدُونَ
104 Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯхдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард. يَوْمَ نَطْوِي السَّمَاء كَطَيِّ السِّجِلِّ لِلْكُتُبِ كَمَا بَدَأْنَا أَوَّلَ خَلْقٍ نُّعِيدُهُ وَعْدًا عَلَيْنَا إِنَّا كُنَّا فَاعِلِينَ
105 Ва Мо дар Забур, пас аз Таврот, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи Ман ба мерос хоҳанд бурд. وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِن بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ
106 Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст! إِنَّ فِي هَذَا لَبَلَاغًا لِّقَوْمٍ عَابِدِينَ
107 Ва фиристодем туро фақат барои он, ки мехостем ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунем. وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ
108 Бигӯ: «Ба ман ваҳй шуда, ки Худой шумо Худоест якто, оё ба Ӯ гардан мениҳед?» قُلْ إِنَّمَا يُوحَى إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَهُكُمْ إِلَهٌ وَاحِدٌ فَهَلْ أَنتُم مُّسْلِمُونَ
109 Пас агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ яксон бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ваъда кардаанд, наздик аст ё дур. فَإِن تَوَلَّوْا فَقُلْ آذَنتُكُمْ عَلَى سَوَاء وَإِنْ أَدْرِي أَقَرِيبٌ أَم بَعِيدٌ مَّا تُوعَدُونَ
110 Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред. إِنَّهُ يَعْلَمُ الْجَهْرَ مِنَ الْقَوْلِ وَيَعْلَمُ مَا تَكْتُمُونَ
111 Ва намедонам шояд ин (дер кардани азоб) озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ то ба ҳангоми марг бошад». وَإِنْ أَدْرِي لَعَلَّهُ فِتْنَةٌ لَّكُمْ وَمَتَاعٌ إِلَى حِينٍ
112 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ҳақ довари кун. Ва Парвардигори мо бахшоянда аст ва бо вуҷуди он чӣ мегӯед, ҳама аз Ӯ ёрӣ меҷӯянд». قَالَ رَبِّ احْكُم بِالْحَقِّ وَرَبُّنَا الرَّحْمَنُ الْمُسْتَعَانُ عَلَى مَا تَصِفُونَ
;