Hud

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Алиф, лом, ро. Китобест бо оёте устувору равшан аз ҷониби ҳакиме огоҳ, الَر كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ
2 ки ғайри Худои якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯ тарсонандаи шумо ва низ муждадиҳандае барои шумо ҳастам! أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ اللّهَ إِنَّنِي لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ
3 Ва низ аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо аз ризқе некӯ, то он гоҳ, ки муқаррар аст, бархурдорӣ диҳад. Ва ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар рӯйгардон шавед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург бимнокам. وَأَنِ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُم مَّتَاعًا حَسَنًا إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِي فَضْلٍ فَضْلَهُ وَإِن تَوَلَّوْاْ فَإِنِّيَ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ كَبِيرٍ
4 Бозгаштатон ба Худост ва Ӯ ба ҳар коре тавоност! إِلَى اللّهِ مَرْجِعُكُمْ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
5 Огоҳ бош, ки инҳо сурат бармегардонанд, то рози дили худ пинҳон доранд, ҳол он ки ба он ҳангом, ки ҷомаҳои худ дар сар мекашанд. Худо ошкору ниҳонашонро медонад, зеро Ӯ ба рози дилҳо огоҳ аст. أَلا إِنَّهُمْ يَثْنُونَ صُدُورَهُمْ لِيَسْتَخْفُواْ مِنْهُ أَلا حِينَ يَسْتَغْشُونَ ثِيَابَهُمْ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
6 Ҳар ҷунбандае дар рӯи замин мавҷуд аст, рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост ва ҷои зисту маргашро медонад зеро ҳама дар китоби мубин омадааст. وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا كُلٌّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ
7 Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст. Ва агар бигӯӣ, ки баъд аз марг зинда мешавед, кофирон гӯянд, ки ин ҷуз ҷодуии ошкор нест! وَهُوَ الَّذِي خَلَق السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ وَكَانَ عَرْشُهُ عَلَى الْمَاء لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلاً وَلَئِن قُلْتَ إِنَّكُم مَّبْعُوثُونَ مِن بَعْدِ الْمَوْتِ لَيَقُولَنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ إِنْ هَـذَا إِلاَّ سِحْرٌ مُّبِينٌ
8 Ва агар чанд гоҳе азобашонро ба дер бияфканем, мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чӣ масхарааш мекарданд, ононро дар бар хоҳад гирифт. وَلَئِنْ أَخَّرْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِلَى أُمَّةٍ مَّعْدُودَةٍ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحْبِسُهُ أَلاَ يَوْمَ يَأْتِيهِمْ لَيْسَ مَصْرُوفًا عَنْهُمْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ
9 Агар ба инсон раҳмате бичашонем, он гоҳ аз ӯ бозаш гирем, ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад. وَلَئِنْ أَذَقْنَا الإِنْسَانَ مِنَّا رَحْمَةً ثُمَّ نَزَعْنَاهَا مِنْهُ إِنَّهُ لَيَئُوسٌ كَفُورٌ
10 Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ногувориҳо аз ман дур шудааст». Ва дар ин ҳол шодмон аст ва фахр мекунад, وَلَئِنْ أَذَقْنَاهُ نَعْمَاء بَعْدَ ضَرَّاء مَسَّتْهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ السَّيِّئَاتُ عَنِّي إِنَّهُ لَفَرِحٌ فَخُورٌ
11 ғайри касоне, ки сабр варзиданд ва корҳои некӯ карданд, ки омурзиш ва музди бузург аз они онҳост! إِلاَّ الَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ أُوْلَـئِكَ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ
12 Шояд, ки баъзе аз чизҳоеро, ки бар ту ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ афканда намешавад? Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нести ва Худост, ки корсози ҳар чизест. فَلَعَلَّكَ تَارِكٌ بَعْضَ مَا يُوحَى إِلَيْكَ وَضَآئِقٌ بِهِ صَدْرُكَ أَن يَقُولُواْ لَوْلاَ أُنزِلَ عَلَيْهِ كَنزٌ أَوْ جَاء مَعَهُ مَلَكٌ إِنَّمَا أَنتَ نَذِيرٌ وَاللّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ
13 Ё он ки мегӯянд, ки аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Худо нисбаташ мекунад. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҷуз Худо ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта, биёваред. أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ قُلْ فَأْتُواْ بِعَشْرِ سُوَرٍ مِّثْلِهِ مُفْتَرَيَاتٍ وَادْعُواْ مَنِ اسْتَطَعْتُم مِّن دُونِ اللّهِ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ
14 Пас агар шуморо иҷобат накарданд, бидонед, ки Қуръон ба илми Худо нозил шуда ва низ ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Оё таслим мешавед?» فَإِن لَّمْ يَسْتَجِيبُواْ لَكُمْ فَاعْلَمُواْ أَنَّمَا أُنزِلِ بِعِلْمِ اللّهِ وَأَن لاَّ إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ فَهَلْ أَنتُم مُّسْلِمُونَ
15 Онон, ки зиндагиву зинати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд. مَن كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لاَ يُبْخَسُونَ
16 Инҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ кардаанд, ночиз шавад ва ҳар чӣ ба ҷой оваранд, ботил аст! أُوْلَـئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الآخِرَةِ إِلاَّ النَّارُ وَحَبِطَ مَا صَنَعُواْ فِيهَا وَبَاطِلٌ مَّا كَانُواْ يَعْمَلُونَ
17 Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори худ далеле равшан дорад ва забонаш ба он гӯёст ва пеш аз ин китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ дода, бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби равшан имон меоваранд. Ва ҳар гурӯҳи дигаре, ки ба Ӯ кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар он шак макун, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бештари мардум имон намеоваранд! أَفَمَن كَانَ عَلَى بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّهِ وَيَتْلُوهُ شَاهِدٌ مِّنْهُ وَمِن قَبْلِهِ كِتَابُ مُوسَى إَمَامًا وَرَحْمَةً أُوْلَـئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِ وَمَن يَكْفُرْ بِهِ مِنَ الأَحْزَابِ فَالنَّارُ مَوْعِدُهُ فَلاَ تَكُ فِي مِرْيَةٍ مِّنْهُ إِنَّهُ الْحَقُّ مِن رَّبِّكَ وَلَـكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لاَ يُؤْمِنُونَ
18 Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебандад? Инҳоро ба Парвардигорашон арза хоҳанд дошт ва шоҳидон гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳоанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. Лаънати Худо бар ситамкорон бод; وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَى عَلَى اللّهِ كَذِبًا أُوْلَـئِكَ يُعْرَضُونَ عَلَى رَبِّهِمْ وَيَقُولُ الأَشْهَادُ هَـؤُلاء الَّذِينَ كَذَبُواْ عَلَى رَبِّهِمْ أَلاَ لَعْنَةُ اللّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ
19 онон, ки мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи Худоро каҷиашро мехоҳанд ва ба охират имон надоранд, الَّذِينَ يَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ اللّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا وَهُم بِالآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ
20 Инҳо наметавонанд дар рӯи замин аз Худо бигурезанд ва ғайри Ӯ ҳеҷ ёваре надоранд, азобашон музоъаф (дучандон) мешавад. На тавони шунидан доштаанд ва на тавони дидан. أُولَـئِكَ لَمْ يَكُونُواْ مُعْجِزِينَ فِي الأَرْضِ وَمَا كَانَ لَهُم مِّن دُونِ اللّهِ مِنْ أَوْلِيَاء يُضَاعَفُ لَهُمُ الْعَذَابُ مَا كَانُواْ يَسْتَطِيعُونَ السَّمْعَ وَمَا كَانُواْ يُبْصِرُونَ
21 Инҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки ба дурӯғ Худо мехонданд, аз даст додаанд. أُوْلَـئِكَ الَّذِينَ خَسِرُواْ أَنفُسَهُمْ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُواْ يَفْتَرُونَ
22 Ба ночор дар охират зиёнкортаранд, لاَ جَرَمَ أَنَّهُمْ فِي الآخِرَةِ هُمُ الأَخْسَرُونَ
23 Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд. إِنَّ الَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ وَأَخْبَتُواْ إِلَى رَبِّهِمْ أُوْلَـئِكَ أَصْحَابُ الجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
24 Мисоли ин ду гурӯҳ мисли кӯру кар ва бинову шунавост. Оё ин ду ба мисол бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред? مَثَلُ الْفَرِيقَيْنِ كَالأَعْمَى وَالأَصَمِّ وَالْبَصِيرِ وَالسَّمِيعِ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلاً أَفَلاَ تَذَكَّرُونَ
25 Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: «Ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам, وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَى قَوْمِهِ إِنِّي لَكُمْ نَذِيرٌ مُّبِينٌ
26 ки ҷуз Худоӣ якторо напарастед! Зеро аз азоби рӯзи сахти қиёмат бар шумо бимнокам!» أَن لاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ اللّهَ إِنِّيَ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ أَلِيمٍ
27 Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: -Мо туро ҷуз инсоне монанди худ намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз одамони паст ба ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо беҳтарие бошад, балки пиндорем, ки дурӯғ мегӯед». فَقَالَ الْمَلأُ الَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قِوْمِهِ مَا نَرَاكَ إِلاَّ بَشَرًا مِّثْلَنَا وَمَا نَرَاكَ اتَّبَعَكَ إِلاَّ الَّذِينَ هُمْ أَرَاذِلُنَا بَادِيَ الرَّأْيِ وَمَا نَرَى لَكُمْ عَلَيْنَا مِن فَضْلٍ بَلْ نَظُنُّكُمْ كَاذِبِينَ
28 Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати хеш арзонӣ карда бошад ва шумо аз дидани он нотавон бошед, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба қабули Ӯ водорем? قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَى بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّيَ وَآتَانِي رَحْمَةً مِّنْ عِندِهِ فَعُمِّيَتْ عَلَيْكُمْ أَنُلْزِمُكُمُوهَا وَأَنتُمْ لَهَا كَارِهُونَ
29 Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати худ моле аз шумо наметалабам, Музди ман танҳо бо Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед. وَيَا قَوْمِ لا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مَالاً إِنْ أَجْرِيَ إِلاَّ عَلَى اللّهِ وَمَا أَنَاْ بِطَارِدِ الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّهُم مُّلاَقُو رَبِّهِمْ وَلَـكِنِّيَ أَرَاكُمْ قَوْمًا تَجْهَلُونَ
30 Эй қавми ман, агар онҳоро аз худ биронам, чӣ касе дар муқобили Худо маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед? وَيَا قَوْمِ مَن يَنصُرُنِي مِنَ اللّهِ إِن طَرَدتُّهُمْ أَفَلاَ تَذَكَّرُونَ
31 Ба шумо намегӯям, ки хазоини Худо дар назди ман аст, Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Худо ба онон, ки шумо ба ҳақорат дар онҳо менигаред, хайри худро ато накунад. Худо ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд». وَلاَ أَقُولُ لَكُمْ عِندِي خَزَآئِنُ اللّهِ وَلاَ أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلاَ أَقُولُ إِنِّي مَلَكٌ وَلاَ أَقُولُ لِلَّذِينَ تَزْدَرِي أَعْيُنُكُمْ لَن يُؤْتِيَهُمُ اللّهُ خَيْرًا اللّهُ أَعْلَمُ بِمَا فِي أَنفُسِهِمْ إِنِّي إِذًا لَّمِنَ الظَّالِمِينَ
32 Гуфтанд: «Эй Нӯҳ бо мо ҷидол кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар рост мегӯӣ, ҳар ваъдае, ки ба мо додаӣ, биёвар!» قَالُواْ يَا نُوحُ قَدْ جَادَلْتَنَا فَأَكْثَرْتَ جِدَالَنَا فَأْتَنِا بِمَا تَعِدُنَا إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ
33 Гуфт: «Худост, ки агар бихоҳад, он ваъдаро ошкор мекунад ва шумо аз он натавонед гурехт. قَالَ إِنَّمَا يَأْتِيكُم بِهِ اللّهُ إِن شَاء وَمَا أَنتُم بِمُعْجِزِينَ
34 Ва агар Худо хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба назди Ӯ бозмегардед». وَلاَ يَنفَعُكُمْ نُصْحِي إِنْ أَرَدتُّ أَنْ أَنصَحَ لَكُمْ إِن كَانَ اللّهُ يُرِيدُ أَن يُغْوِيَكُمْ هُوَ رَبُّكُمْ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
35 Ё мегӯянд, ки онро ба Худо дурӯғ бастааст. Бигӯ: «Агар онро ба Худо дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мокунед, мубарро (пок) ҳастам. أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ قُلْ إِنِ افْتَرَيْتُهُ فَعَلَيَّ إِجْرَامِي وَأَنَاْ بَرِيءٌ مِّمَّا تُجْرَمُونَ
36 Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош. وَأُوحِيَ إِلَى نُوحٍ أَنَّهُ لَن يُؤْمِنَ مِن قَوْمِكَ إِلاَّ مَن قَدْ آمَنَ فَلاَ تَبْتَئِسْ بِمَا كَانُواْ يَفْعَلُونَ
37 Киштиро зери назар ва илҳоми Мо бисоз ва дар бораи ин ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки ҳама ғарқ шаванд. وَاصْنَعِ الْفُلْكَ بِأَعْيُنِنَا وَوَحْيِنَا وَلاَ تُخَاطِبْنِي فِي الَّذِينَ ظَلَمُواْ إِنَّهُم مُّغْرَقُونَ
38 Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд. Мегуфт: «Агар шумо моро масхара мекунед, ба зуди мо ҳам монанди шумо масхараатон хоҳем кард. وَيَصْنَعُ الْفُلْكَ وَكُلَّمَا مَرَّ عَلَيْهِ مَلأٌ مِّن قَوْمِهِ سَخِرُواْ مِنْهُ قَالَ إِن تَسْخَرُواْ مِنَّا فَإِنَّا نَسْخَرُ مِنكُمْ كَمَا تَسْخَرُونَ
39 Ба зуди хоҳед донист, ки азоб бар ки расад ва хораш созад ва азоби ҷовид бар кӣ фарояд!» فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَن يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيْهِ عَذَابٌ مُّقِيمٌ
40 Чуи фармони Мо фаро омад ва танур ҷӯшид, гуфтем: «Аз ҳар нару мода дуто ва низ хонадони худро дар киштӣ биншон, — ғайри он касе, ки ҳукм дар борааш аз пеш содир шуда бошад — ва низ онҳоеро, ки ба ту имон овардаанд. Ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд». حَتَّى إِذَا جَاء أَمْرُنَا وَفَارَ التَّنُّورُ قُلْنَا احْمِلْ فِيهَا مِن كُلٍّ زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلاَّ مَن سَبَقَ عَلَيْهِ الْقَوْلُ وَمَنْ آمَنَ وَمَا آمَنَ مَعَهُ إِلاَّ قَلِيلٌ
41 Гуфт: «Бар он савор шавед, ки ба номи Худо ба рох афтад ва ба номи Худо биистад. Зеро Парвардигори ман бахшояндаву меҳрубон аст! وَقَالَ ارْكَبُواْ فِيهَا بِسْمِ اللّهِ مَجْرَاهَا وَمُرْسَاهَا إِنَّ رَبِّي لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ
42 Киштӣ ононро дар миёни мавчҳое чун кӯҳ мебурд. Нӯҳ писарашро, ки дар гушае истода буд, нидо дод: «Эй писар, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош!» وَهِيَ تَجْرِي بِهِمْ فِي مَوْجٍ كَالْجِبَالِ وَنَادَى نُوحٌ ابْنَهُ وَكَانَ فِي مَعْزِلٍ يَا بُنَيَّ ارْكَب مَّعَنَا وَلاَ تَكُن مَّعَ الْكَافِرِينَ
43 Гуфт: «Ман бар сари кӯҳе, ки маро аз об нигаҳ дорад, ҷо хоҳам гирифт». Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз фармони Худо нест, ғайри касеро, ки бар ӯ раҳм оварад». Ногаҳон мавҷ миёни он ду парда гашт ва ӯ аз ғарқ шудагон буд. قَالَ سَآوِي إِلَى جَبَلٍ يَعْصِمُنِي مِنَ الْمَاء قَالَ لاَ عَاصِمَ الْيَوْمَ مِنْ أَمْرِ اللّهِ إِلاَّ مَن رَّحِمَ وَحَالَ بَيْنَهُمَا الْمَوْجُ فَكَانَ مِنَ الْمُغْرَقِينَ
44 Ва гуфта шуд: «Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, бозист». Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт ва нидо омад, ки лаънат бод бар мардуми ситамкора! وَقِيلَ يَا أَرْضُ ابْلَعِي مَاءكِ وَيَا سَمَاء أَقْلِعِي وَغِيضَ الْمَاء وَقُضِيَ الأَمْرُ وَاسْتَوَتْ عَلَى الْجُودِيِّ وَقِيلَ بُعْداً لِّلْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
45 Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини ҳукмкунандагон Ту Ҳастӣ!» وَنَادَى نُوحٌ رَّبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ابُنِي مِنْ أَهْلِي وَإِنَّ وَعْدَكَ الْحَقُّ وَأَنتَ أَحْكَمُ الْحَاكِمِينَ
46 Гуфт: «Эй Нӯҳ, ӯ аз хонадони ту нест, ӯ амалест носолеҳ. Аз сари ноогоҳӣ аз Ман чизе махоҳ. Барҳазар медорам туро, ки аз мардуми нодон бошӣ». قَالَ يَا نُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَالِحٍ فَلاَ تَسْأَلْنِ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنِّي أَعِظُكَ أَن تَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ
47 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва агар маро набахшоӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд». قَالَ رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْأَلَكَ مَا لَيْسَ لِي بِهِ عِلْمٌ وَإِلاَّ تَغْفِرْ لِي وَتَرْحَمْنِي أَكُن مِّنَ الْخَاسِرِينَ
48 Гуфта шуд: «Эй Нӯҳ ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой. Ва умматҳое ҳастанд, ки онҳоро бархурдор месозем, он гоҳ дастхуши азоби дардовари Мо мешаванд». قِيلَ يَا نُوحُ اهْبِطْ بِسَلاَمٍ مِّنَّا وَبَركَاتٍ عَلَيْكَ وَعَلَى أُمَمٍ مِّمَّن مَّعَكَ وَأُمَمٌ سَنُمَتِّعُهُمْ ثُمَّ يَمَسُّهُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٌ
49 Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту онҳоро медонистӣ ва на қавми ту. Пас сабр кун, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст! تِلْكَ مِنْ أَنبَاء الْغَيْبِ نُوحِيهَا إِلَيْكَ مَا كُنتَ تَعْلَمُهَا أَنتَ وَلاَ قَوْمُكَ مِن قَبْلِ هَـذَا فَاصْبِرْ إِنَّ الْعَاقِبَةَ لِلْمُتَّقِينَ
50 Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест ва шумо дурӯғсозоне беш нестед. وَإِلَى عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُواْ اللّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَـهٍ غَيْرُهُ إِنْ أَنتُمْ إِلاَّ مُفْتَرُونَ
51 Эй қавми ман, дар баробари паёми худ аз шумо музде наметалабам. Музди ман танхо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед? يَا قَوْمِ لا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِنْ أَجْرِيَ إِلاَّ عَلَى الَّذِي فَطَرَنِي أَفَلاَ تَعْقِلُونَ
52 Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед, он гоҳ бар остони Ӯ тавба кунед то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон руй барматобед!» وَيَا قَوْمِ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ يُرْسِلِ السَّمَاء عَلَيْكُم مِّدْرَارًا وَيَزِدْكُمْ قُوَّةً إِلَى قُوَّتِكُمْ وَلاَ تَتَوَلَّوْاْ مُجْرِمِينَ
53 Гуфтанд: «Эй худ, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту худоёни худро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем. قَالُواْ يَا هُودُ مَا جِئْتَنَا بِبَيِّنَةٍ وَمَا نَحْنُ بِتَارِكِي آلِهَتِنَا عَن قَوْلِكَ وَمَا نَحْنُ لَكَ بِمُؤْمِنِينَ
54 Ғайри ин нагӯем, ки баъзе аз худоёни мо ба ту озоре расондаанд». Гуфт: «Худоро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чӣ ғайри Худои якто ба ширк мепарастед, безорам. إِن نَّقُولُ إِلاَّ اعْتَرَاكَ بَعْضُ آلِهَتِنَا بِسُوَءٍ قَالَ إِنِّي أُشْهِدُ اللّهِ وَاشْهَدُواْ أَنِّي بَرِيءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ
55 Ҳамагӣ ба ҳилагарӣ бар зидди ман бархезед ва маро мӯҳлат надиҳед. مِن دُونِهِ فَكِيدُونِي جَمِيعًا ثُمَّ لاَ تُنظِرُونِ
56 Ман бар Худои якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ҳеҷ ҷунбандае, нест магар он ки зимоми ихтиёрашро Ӯ гирифтааст. Албатта Парвардигори ман бар сироти мустақим аст! إِنِّي تَوَكَّلْتُ عَلَى اللّهِ رَبِّي وَرَبِّكُم مَّا مِن دَآبَّةٍ إِلاَّ هُوَ آخِذٌ بِنَاصِيَتِهَا إِنَّ رَبِّي عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ
57 Агар, ҳам рӯйгардон шавед, ман рисолати худро ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад сохт ва ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парзардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост!» فَإِن تَوَلَّوْاْ فَقَدْ أَبْلَغْتُكُم مَّا أُرْسِلْتُ بِهِ إِلَيْكُمْ وَيَسْتَخْلِفُ رَبِّي قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلاَ تَضُرُّونَهُ شَيْئًا إِنَّ رَبِّي عَلَىَ كُلِّ شَيْءٍ حَفِيظٌ
58 Чун фармони Мо даррасид, ба бахшоиши хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро аз азоби сахт раҳонидем. وَلَمَّا جَاء أَمْرُنَا نَجَّيْنَا هُودًا وَالَّذِينَ آمَنُواْ مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِّنَّا وَنَجَّيْنَاهُم مِّنْ عَذَابٍ غَلِيظٍ
59 Инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд. وَتِلْكَ عَادٌ جَحَدُواْ بِآيَاتِ رَبِّهِمْ وَعَصَوْاْ رُسُلَهُ وَاتَّبَعُواْ أَمْرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ
60 Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од ба Парвардигорашон кофир шуданд, ки лаънат бод бар Од, қавми Ҳуд! وَأُتْبِعُواْ فِي هَـذِهِ الدُّنْيَا لَعْنَةً وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ أَلا إِنَّ عَادًا كَفَرُواْ رَبَّهُمْ أَلاَ بُعْدًا لِّعَادٍ قَوْمِ هُودٍ
61 Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман. Худой якторо бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ худое нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободонаш доред. Пас бахшоиш хоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед. Албатта Парвардигори ман наздик аст ва дуъоҳоро иҷобат мекунад!» وَإِلَى ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَالِحًا قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُواْ اللّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَـهٍ غَيْرُهُ هُوَ أَنشَأَكُم مِّنَ الأَرْضِ وَاسْتَعْمَرَكُمْ فِيهَا فَاسْتَغْفِرُوهُ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ إِنَّ رَبِّي قَرِيبٌ مُّجِيبٌ
62 Гуфтанд: «Эй Солеҳ пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар шаккем». قَالُواْ يَا صَالِحُ قَدْ كُنتَ فِينَا مَرْجُوًّا قَبْلَ هَـذَا أَتَنْهَانَا أَن نَّعْبُدَ مَا يَعْبُدُ آبَاؤُنَا وَإِنَّنَا لَفِي شَكٍّ مِّمَّا تَدْعُونَا إِلَيْهِ مُرِيبٍ
63 Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ гӯед агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати худ арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд. قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَى بَيِّنَةً مِّن رَّبِّي وَآتَانِي مِنْهُ رَحْمَةً فَمَن يَنصُرُنِي مِنَ اللّهِ إِنْ عَصَيْتُهُ فَمَا تَزِيدُونَنِي غَيْرَ تَخْسِيرٍ
64 Эй қавми ман, ин модашутури Худованд аст ва нишонаест барои шумо. Бигзоредаш то дар замини Худо бичарад ва ба бадӣ маёзоредаш, ки ба зуди азоб шуморо фурӯ гирад». وَيَا قَوْمِ هَـذِهِ نَاقَةُ اللّهِ لَكُمْ آيَةً فَذَرُوهَا تَأْكُلْ فِي أَرْضِ اللّهِ وَلاَ تَمَسُّوهَا بِسُوءٍ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابٌ قَرِيبٌ
65 Пас модашутурро қатл карданд. Гуфт: «Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ». فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُواْ فِي دَارِكُمْ ثَلاَثَةَ أَيَّامٍ ذَلِكَ وَعْدٌ غَيْرُ مَكْذُوبٍ
66 Чун амри Мо фаро расид Солеҳро бо касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст! فَلَمَّا جَاء أَمْرُنَا نَجَّيْنَا صَالِحًا وَالَّذِينَ آمَنُواْ مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِّنَّا وَمِنْ خِزْيِ يَوْمِئِذٍ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ الْقَوِيُّ الْعَزِيزُ
67 Ва ситамкоронро сайҳае (наърае) фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд. وَأَخَذَ الَّذِينَ ظَلَمُواْ الصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُواْ فِي دِيَارِهِمْ جَاثِمِينَ
68 Чунон ки гӯё ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, ҳамоно, бар қавми Самуд лаънат бод! كَأَن لَّمْ يَغْنَوْاْ فِيهَا أَلاَ إِنَّ ثَمُودَ كَفرُواْ رَبَّهُمْ أَلاَ بُعْدًا لِّثَمُودَ
69 Ба таҳқиқ расулони Мо барои Иброҳим мужда озарданд. Гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!» Ва лаҳзае баъд гӯсолае бирён хозир овард. وَلَقَدْ جَاءتْ رُسُلُنَا إِبْرَاهِيمَ بِالْبُـشْرَى قَالُواْ سَلاَمًا قَالَ سَلاَمٌ فَمَا لَبِثَ أَن جَاء بِعِجْلٍ حَنِيذٍ
70 Ва чун дид, ки ба он даст дароз намекунанд, ононро нохуш дошт ва дар дил аз онҳо бимнок шуд, гуфтанд: «Матарс, мо бар қавми Лут фиристода шудаем». فَلَمَّا رَأَى أَيْدِيَهُمْ لاَ تَصِلُ إِلَيْهِ نَكِرَهُمْ وَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً قَالُواْ لاَ تَخَفْ إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَى قَوْمِ لُوطٍ
71 Занаш, ки истода буд, хандид. Ӯро ба Исҳоқ хушхабар додем ва пас аз Исҳоқ ба Яъқуб. وَامْرَأَتُهُ قَآئِمَةٌ فَضَحِكَتْ فَبَشَّرْنَاهَا بِإِسْحَاقَ وَمِن وَرَاء إِسْحَاقَ يَعْقُوبَ
72 Зан гуфт: «Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ мезоям ва ин шавҳари ман низ пир аст? Ин чизи аҷибест!» قَالَتْ يَا وَيْلَتَى أَأَلِدُ وَأَنَاْ عَجُوزٌ وَهَـذَا بَعْلِي شَيْخًا إِنَّ هَـذَا لَشَيْءٌ عَجِيبٌ
73 Гуфтанд: «Оё аз фармони Худо таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Худо бар шумо — аҳли ин хона арзонӣ бод. Ӯ сутуданӣ ва бузургвор аст! قَالُواْ أَتَعْجَبِينَ مِنْ أَمْرِ اللّهِ رَحْمَتُ اللّهِ وَبَرَكَاتُهُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الْبَيْتِ إِنَّهُ حَمِيدٌ مَّجِيدٌ
74 Чун ваҳдат аз Иброҳим бирафт ва ӯро хушхабар омад, бо Мо дар бораи қавми Лут ба муҷодала бархост. فَلَمَّا ذَهَبَ عَنْ إِبْرَاهِيمَ الرَّوْعُ وَجَاءتْهُ الْبُشْرَى يُجَادِلُنَا فِي قَوْمِ لُوطٍ
75 Иброҳим бурдбор аст ва раҳмдил аст ва фармонбардор аст! إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَحَلِيمٌ أَوَّاهٌ مُّنِيبٌ
76 Эй Иброҳим, аз ин сухан рӯй гардон! Фармони Парвардигорат омадааст ва бар онҳо азобе, ки ҳеҷ баргаште надорад, фурӯд хоҳад омад. يَا إِبْرَاهِيمُ أَعْرِضْ عَنْ هَذَا إِنَّهُ قَدْ جَاء أَمْرُ رَبِّكَ وَإِنَّهُمْ آتِيهِمْ عَذَابٌ غَيْرُ مَرْدُودٍ
77 Чун расулони Мо назди Лут омаданд, Лут андӯҳгину дилтанг шуд ва гуфт: «Имрӯз рӯзи сахтест». وَلَمَّا جَاءتْ رُسُلُنَا لُوطًا سِيءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعًا وَقَالَ هَـذَا يَوْمٌ عَصِيبٌ
78 Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин муртакиби корҳои зишт мешуданд. Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман ҳастанд. Барои Шумо покизатаранд. Аз Худо битарсед ва моро дар баробари меҳмононам ҳиҷил макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?» وَجَاءهُ قَوْمُهُ يُهْرَعُونَ إِلَيْهِ وَمِن قَبْلُ كَانُواْ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ قَالَ يَا قَوْمِ هَـؤُلاء بَنَاتِي هُنَّ أَطْهَرُ لَكُمْ فَاتَّقُواْ اللّهَ وَلاَ تُخْزُونِ فِي ضَيْفِي أَلَيْسَ مِنكُمْ رَجُلٌ رَّشِيدٌ
79 Гуфтаь: д: «Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ мехоҳем». قَالُواْ لَقَدْ عَلِمْتَ مَا لَنَا فِي بَنَاتِكَ مِنْ حَقٍّ وَإِنَّكَ لَتَعْلَمُ مَا نُرِيدُ
80 Лут гуфт: «Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ва метавонистам ба такягоҳе устувор паноҳ бибарам!» قَالَ لَوْ أَنَّ لِي بِكُمْ قُوَّةً أَوْ آوِي إِلَى رُكْنٍ شَدِيدٍ
81 Гуфтанд: «Эй Лут, мо расулони Парвардигори ту ҳастем! Инҳо ҳаргиз ба ту даст нахоҳанд ёфт. Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бибар. Ва ҳеҷ як аз шумо рӯй барнагардонад, ҷуз занат, ки ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Оё субҳ наздик нест?» قَالُواْ يَا لُوطُ إِنَّا رُسُلُ رَبِّكَ لَن يَصِلُواْ إِلَيْكَ فَأَسْرِ بِأَهْلِكَ بِقِطْعٍ مِّنَ اللَّيْلِ وَلاَ يَلْتَفِتْ مِنكُمْ أَحَدٌ إِلاَّ امْرَأَتَكَ إِنَّهُ مُصِيبُهَا مَا أَصَابَهُمْ إِنَّ مَوْعِدَهُمُ الصُّبْحُ أَلَيْسَ الصُّبْحُ بِقَرِيبٍ
82 Чун фармони Мо фаро расид, он ҷоро зеру забар кардем ва бар он шаҳр бороне аз сангҳое аз сиҷҷил" пай дар пай боронидем, فَلَمَّا جَاء أَمْرُنَا جَعَلْنَا عَالِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهَا حِجَارَةً مِّن سِجِّيلٍ مَّنضُودٍ
83 ки бар онҳо нишони Парвардигорат буд ва чунин азобе аз ситамкорон дур нест. مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ وَمَا هِيَ مِنَ الظَّالِمِينَ بِبَعِيدٍ
84 Ва бар Мадян бародарашон Шуъайбро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу нуқсон макунед! Инак шуморо дар неъмат мебинам. Ва аз рӯзе, ки азобаш шуморо фурӯ гирад, бимнокам. وَإِلَى مَدْيَنَ أَخَاهُمْ شُعَيْبًا قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُواْ اللّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَـهٍ غَيْرُهُ وَلاَ تَنقُصُواْ الْمِكْيَالَ وَالْمِيزَانَ إِنِّيَ أَرَاكُم بِخَيْرٍ وَإِنِّيَ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ مُّحِيطٍ
85 Эй қавми ман, паймонаву тарозуро аз рӯи адл комил адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам мадиҳед ва чун табаҳкорон дар замни фасод накунед. وَيَا قَوْمِ أَوْفُواْ الْمِكْيَالَ وَالْمِيزَانَ بِالْقِسْطِ وَلاَ تَبْخَسُواْ النَّاسَ أَشْيَاءهُمْ وَلاَ تَعْثَوْاْ فِي الأَرْضِ مُفْسِدِينَ بَقِيَّةُ اللّهِ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ وَمَا أَنَاْ عَلَيْكُم بِحَفِيظٍ
86 Агар имон овардаед, он чӣ Худо боки мегузорад, бароятон беҳтар аст. Ва ман нигаҳбони шумо нестам». بَقِيَّةُ اللّهِ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ وَمَا أَنَاْ عَلَيْكُم بِحَفِيظٍ
87 Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк гӯем ё дар молҳои худ ончунон, ки худ мехоҳем, истифода накунем? Ба ростӣ ту марде бурдбору хирадманд ҳастӣ». قَالُواْ يَا شُعَيْبُ أَصَلاَتُكَ تَأْمُرُكَ أَن نَّتْرُكَ مَا يَعْبُدُ آبَاؤُنَا أَوْ أَن نَّفْعَلَ فِي أَمْوَالِنَا مَا نَشَاء إِنَّكَ لَأَنتَ الْحَلِيمُ الرَّشِيدُ
88 Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар бо ман аз ҷониби Парвардигорам ҳуҷҷате бошад ва Ӯ маро ризқе некӯ ато карда бошад? Агар шуморо манъ мекунам, барои он нест, ки худ суде бибарам. То он ҷо, ки битавонам, қасде ҷуз ба салоҳ оварданатон надорам. Тавфиқи ман танҳо бо Худост. Ба Ӯ таваккал кардаам ва ба даргоҳи Ӯ рӯй меоварам». قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَىَ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّي وَرَزَقَنِي مِنْهُ رِزْقًا حَسَنًا وَمَا أُرِيدُ أَنْ أُخَالِفَكُمْ إِلَى مَا أَنْهَاكُمْ عَنْهُ إِنْ أُرِيدُ إِلاَّ الإِصْلاَحَ مَا اسْتَطَعْتُ وَمَا تَوْفِيقِي إِلاَّ بِاللّهِ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ أُنِيبُ
89 Эй қавми ман, зиддият бо ман шуморо ба коре вонадорад то он чӣ бар қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ ё дар ҳамин наздикӣ ба қавми Лут расид, ба шумо низ бирасад. وَيَا قَوْمِ لاَ يَجْرِمَنَّكُمْ شِقَاقِي أَن يُصِيبَكُم مِّثْلُ مَا أَصَابَ قَوْمَ نُوحٍ أَوْ قَوْمَ هُودٍ أَوْ قَوْمَ صَالِحٍ وَمَا قَوْمُ لُوطٍ مِّنكُم بِبَعِيدٍ
90 Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед. Ба даргоҳаш тавба кунед, ки Парвардигори ман меҳрубону дӯстдоранда аст!» وَاسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ إِنَّ رَبِّي رَحِيمٌ وَدُودٌ
91 Гуфтанд: «Эй Шуъайб, бисёре аз чизҳоеро, ки мегӯӣ, намефаҳмем, туро дар миёни худ нотавон мебинем, агар ба хотири қабилаат набуд, сангсорат мекардем ва ту бар мо пирӯзӣ наёбӣ». قَالُواْ يَا شُعَيْبُ مَا نَفْقَهُ كَثِيراً مِّمَّا تَقُولُ وَإِنَّا لَنَرَاكَ فِينَا ضَعِيفًا وَلَوْلاَ رَهْطُكَ لَرَجَمْنَاكَ وَمَا أَنتَ عَلَيْنَا بِعَزِيزٍ
92 Гуфт: «Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Худо пирӯзмандтар аст? Оё Худоро паси пушти худ афкапдед? Ва ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст! قَالَ يَا قَوْمِ أَرَهْطِي أَعَزُّ عَلَيْكُم مِّنَ اللّهِ وَاتَّخَذْتُمُوهُ وَرَاءكُمْ ظِهْرِيًّا إِنَّ رَبِّي بِمَا تَعْمَلُونَ مُحِيطٌ
93 Эй қавми ман, шумо ҳамчунон, ки ҳастед, ба кори худ машғул бошед ва ман ҳам ба кори худ машғул мешавам. Ба зуди хоҳед донист, ки он азоби хоркунанда бар чӣ касе фурӯд меояд ва чӣ касе дурӯғгӯст. Мунтазир бимонед, ман низ бо шумо мунтазир мемонам!» وَيَا قَوْمِ اعْمَلُواْ عَلَى مَكَانَتِكُمْ إِنِّي عَامِلٌ سَوْفَ تَعْلَمُونَ مَن يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَمَنْ هُوَ كَاذِبٌ وَارْتَقِبُواْ إِنِّي مَعَكُمْ رَقِيبٌ
94 Чун амри Мо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ раҳонидем. Ва ситамкоронро фарёди сахте фурӯ гирифт ва дар хонаҳои хеш бар ҷой мурданд, وَلَمَّا جَاء أَمْرُنَا نَجَّيْنَا شُعَيْبًا وَالَّذِينَ آمَنُواْ مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مَّنَّا وَأَخَذَتِ الَّذِينَ ظَلَمُواْ الصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُواْ فِي دِيَارِهِمْ جَاثِمِينَ
95 чунон ки гӯё ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, лаънат бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки лаънат бар қавми Самуд! كَأَن لَّمْ يَغْنَوْاْ فِيهَا أَلاَ بُعْدًا لِّمَدْيَنَ كَمَا بَعِدَتْ ثَمُودُ
96 Ва Мо Мӯсоро ҳамроҳ бо оёту ҳуҷҷати ошкори худ фиристодем, وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى بِآيَاتِنَا وَسُلْطَانٍ مُّبِينٍ
97 ба назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Аммо онон пайрави фармони Фиръавн шуданд. Ва фармони Фиръавн ба роҳи савоб роҳ наменамуд. إِلَى فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَاتَّبَعُواْ أَمْرَ فِرْعَوْنَ وَمَا أَمْرُ فِرْعَوْنَ بِرَشِيدٍ
98 Дар рӯзи қиёмат пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро бад ҷойгоҳест! يَقْدُمُ قَوْمَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَأَوْرَدَهُمُ النَّارَ وَبِئْسَ الْوِرْدُ الْمَوْرُودُ
99 Лаънати инҷаҳонӣ ва лаънати рӯзи қиёматро аз пай доранд ва чӣ бад атое ба онон дода шудаст! وَأُتْبِعُواْ فِي هَـذِهِ لَعْنَةً وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ بِئْسَ الرِّفْدُ الْمَرْفُودُ
100 Инҳо ахбори деҳаҳоест, ки барои ту ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе ҳанӯз барпоянд ва баъзе вайрон. ذَلِكَ مِنْ أَنبَاء الْقُرَى نَقُصُّهُ عَلَيْكَ مِنْهَا قَآئِمٌ وَحَصِيدٌ
101 Мо ба онҳо ситам накардем, балки худ ба худ ситам мекарданд. Ва чун амри Парвардигори ту фаро расид, худоёне, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҳеҷ даркорашон наёмаданд ва ҷуз зиёнкорӣ чизе бар онон наяфзуданд. وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَـكِن ظَلَمُواْ أَنفُسَهُمْ فَمَا أَغْنَتْ عَنْهُمْ آلِهَتُهُمُ الَّتِي يَدْعُونَ مِن دُونِ اللّهِ مِن شَيْءٍ لِّمَّا جَاء أَمْرُ رَبِّكَ وَمَا زَادُوهُمْ غَيْرَ تَتْبِيبٍ
102 Инчунин буд ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳае ситамкорро ба азоб кашад. Ба азоб гирифтани Ӯ азобе сахт дардовар аст! وَكَذَلِكَ أَخْذُ رَبِّكَ إِذَا أَخَذَ الْقُرَى وَهِيَ ظَالِمَةٌ إِنَّ أَخْذَهُ أَلِيمٌ شَدِيدٌ
103 Дар инҳо барои касоне, ки аз азоби охират бимноканд, ибратест, дар он рӯз, ки мардум гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро дар он ҳозир оваранд! إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّمَنْ خَافَ عَذَابَ الآخِرَةِ ذَلِكَ يَوْمٌ مَّجْمُوعٌ لَّهُ النَّاسُ وَذَلِكَ يَوْمٌ مَّشْهُودٌ
104 Ва ҷуз то андак муддате ба дераш намегузорем. وَمَا نُؤَخِّرُهُ إِلاَّ لِأَجَلٍ مَّعْدُودٍ
105 Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт. يَوْمَ يَأْتِ لاَ تَكَلَّمُ نَفْسٌ إِلاَّ بِإِذْنِهِ فَمِنْهُمْ شَقِيٌّ وَسَعِيدٌ
106 Аммо бадбахтон дар оташанд ва мардумонро дар он ҷо нолае зору фарёде сахт бувад. فَأَمَّا الَّذِينَ شَقُواْ فَفِي النَّارِ لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَشَهِيقٌ
107 Ва то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар он ҷо ҷовидона бимонанд, магар он чи Парвардигорат бихоҳад, зеро Парвардигори ту ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад! خَالِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ السَّمَاوَاتُ وَالأَرْضُ إِلاَّ مَا شَاء رَبُّكَ إِنَّ رَبَّكَ فَعَّالٌ لِّمَا يُرِيدُ
108 Аммо некбахтон то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар биҳишт ҷовидон бимонанд; ғайри он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Атои Ӯ ҳеҷ қатъ намешавад. وَأَمَّا الَّذِينَ سُعِدُواْ فَفِي الْجَنَّةِ خَالِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ السَّمَاوَاتُ وَالأَرْضُ إِلاَّ مَا شَاء رَبُّكَ عَطَاء غَيْرَ مَجْذُوذٍ
109 Аз он чӣ инҳо мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд, намепарастанд. Мо насиби ононро бе ҳеҷ камукост адо хоҳем кард! فَلاَ تَكُ فِي مِرْيَةٍ مِّمَّا يَعْبُدُ هَـؤُلاء مَا يَعْبُدُونَ إِلاَّ كَمَا يَعْبُدُ آبَاؤُهُم مِّن قَبْلُ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمْ نَصِيبَهُمْ غَيْرَ مَنقُوصٍ
110 Ба Мӯсо китоб додем. Дар он китоб ихтилоф шуд. Агар на ҳукме буд, ки пеш аз ҷониби Парвардигорат содир шуда буд, миёнашон доварӣ шуда буд, ки онҳо дар он китоб сахт дар шубҳаанд. وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ فَاخْتُلِفَ فِيهِ وَلَوْلاَ كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ وَإِنَّهُمْ لَفِي شَكٍّ مِّنْهُ مُرِيبٍ
111 Ва Парвардигори ту ҷазои аъмоли ҳамаро ба тамомӣ хоҳад дод ва Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст! وَإِنَّ كُـلاًّ لَّمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمْ رَبُّكَ أَعْمَالَهُمْ إِنَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
112 Ҳамроҳ бо онон, ки бо ту рӯ ба Худо кардаанд, ҳамчунон, ки амр шудаӣ, собитқадам бош. Ва аз ҳад нагузаред, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, биност! فَاسْتَقِمْ كَمَا أُمِرْتَ وَمَن تَابَ مَعَكَ وَلاَ تَطْغَوْاْ إِنَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
113 Ба ситамкорон майл накунед, ки оташ бисӯзонадатон. Шуморо ғайри Худо ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад! وَلاَ تَرْكَنُواْ إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ اللّهِ مِنْ أَوْلِيَاء ثُمَّ لاَ تُنصَرُونَ
114 Намоз бигузор дар оғозу анҷоми рӯз ва соъате аз шаб. Зеро некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандгирандагон. وَأَقِمِ الصَّلاَةَ طَرَفَيِ النَّهَارِ وَزُلَفًا مِّنَ اللَّيْلِ إِنَّ الْحَسَنَاتِ يُذْهِبْنَ السَّـيِّئَاتِ ذَلِكَ ذِكْرَى لِلذَّاكِرِينَ
115 Сабр кун, зеро Худованд музди некӯкоронро табоҳ намесозад! وَاصْبِرْ فَإِنَّ اللّهَ لاَ يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
116 Чаро дар миёни мардумоне, ки пеш аз шумо буданд, ғайри андаке, ки аз он миён наҷоташон додем, хирадмандоне набуданд, то мардумонро аз фасод кардан дар замин боздоранд? Золимон аз паи осудагиву лаззати дунё рафтанд ва гунаҳкор буданд. فَلَوْلاَ كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِن قَبْلِكُمْ أُوْلُواْ بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِي الأَرْضِ إِلاَّ قَلِيلاً مِّمَّنْ أَنجَيْنَا مِنْهُمْ وَاتَّبَعَ الَّذِينَ ظَلَمُواْ مَا أُتْرِفُواْ فِيهِ وَكَانُواْ مُجْرِمِينَ
117 Парвардигори ту ҳеҷ деҳаеро, ки мардумаш некӯкор бошанд, ба ситам ҳалок нахоҳад сохт. وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهْلِكَ الْقُرَى بِظُلْمٍ وَأَهْلُهَا مُصْلِحُونَ
118 Ва агар Парпардигори ту хоста буд, ҳамаи мардумро як уммат карда буд, вале хамеша гуногун хоҳанд буд, وَلَوْ شَاء رَبُّكَ لَجَعَلَ النَّاسَ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلاَ يَزَالُونَ مُخْتَلِفِينَ
119 магар онҳое, ки Парвардигорат бар онҳо раҳмат оварда ва онҳоро барои ҳамин биёфаридааст. Ва сухани Парвардигори ту бар ин муқаррар шуда, ки ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинну инс пур мекунам. إِلاَّ مَن رَّحِمَ رَبُّكَ وَلِذَلِكَ خَلَقَهُمْ وَتَمَّتْ كَلِمَةُ رَبِّكَ لأَمْلأنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ
120 Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят ҳикоят мекунем, то туро қавидил гардонем. Ва дар ин китоб бар ту сухани ҳақ ва барои мӯъминон панду насиҳат нозил шудааст. وَكُـلاًّ نَّقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنبَاء الرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِ فُؤَادَكَ وَجَاءكَ فِي هَـذِهِ الْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَى لِلْمُؤْمِنِينَ
121 Ба касоне, ки имон намеоваранд, бигӯ: «Шумо ба чӣ тарз, ки хоҳед, амал кунед, мо низ амал мекунем. وَقُل لِّلَّذِينَ لاَ يُؤْمِنُونَ اعْمَلُواْ عَلَى مَكَانَتِكُمْ إِنَّا عَامِلُونَ
122 Шумо интизор бикашед, мо низ мунтазир мемонем!» وَانتَظِرُوا إِنَّا مُنتَظِرُونَ
123 Ва аз они Худост ниҳони осмонҳову замин ва ба Ӯ бозгардонда мешавад ҳамаи корҳо. Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардирорат аз он чӣ ба ҷой меоваред, ғофил нест! وَلِلّهِ غَيْبُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَإِلَيْهِ يُرْجَعُ الأَمْرُ كُلُّهُ فَاعْبُدْهُ وَتَوَكَّلْ عَلَيْهِ وَمَا رَبُّكَ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
;