Yusuf

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Алиф, лом, ро. Инҳост оёти китоби равшангар. الر تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ
2 Мо Қуръоне арабӣ нозилаш кардаем, бошад, ки шумо дарёбед! إِنَّا أَنزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَّعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
3 Бо ин Қуръон, ки ба ту ваҳй кардаем, беҳтарин достонро бароят ҳикоят мекунем, ки ту аз ин пеш аз бехабарон будаӣ. نَحْنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ أَحْسَنَ الْقَصَصِ بِمَا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ هَـذَا الْقُرْآنَ وَإِن كُنتَ مِن قَبْلِهِ لَمِنَ الْغَافِلِينَ
4 Он гоҳ, ки Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳ дидам, дидам, ки саҷдаам мекунанд». إِذْ قَالَ يُوسُفُ لِأَبِيهِ يَا أَبتِ إِنِّي رَأَيْتُ أَحَدَ عَشَرَ كَوْكَبًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ رَأَيْتُهُمْ لِي سَاجِدِينَ
5 Гуфт: «Эй писари хурдакам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки туро ҳилае меандешанд, Зеро шайтон одамиёнро душмане ошкор аст! قَالَ يَا بُنَيَّ لاَ تَقْصُصْ رُؤْيَاكَ عَلَى إِخْوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيْدًا إِنَّ الشَّيْطَانَ لِلإِنسَانِ عَدُوٌّ مُّبِينٌ
6 Ва инчунин Парвардигорат туро бармегузинад ва таъбири хоб меомӯзад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ комил карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам комил мекунад, ки Парвардигорат донову ҳаким аст!» وَكَذَلِكَ يَجْتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأْوِيلِ الأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكَ وَعَلَى آلِ يَعْقُوبَ كَمَا أَتَمَّهَا عَلَى أَبَوَيْكَ مِن قَبْلُ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْحَاقَ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
7 Дар достони Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он пурсидаанд, ибратҳост. لَّقَدْ كَانَ فِي يُوسُفَ وَإِخْوَتِهِ آيَاتٌ لِّلسَّائِلِينَ
8 Он гоҳ, ки гуфтанд: «Юсуф ва бародараш назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ гурӯҳе нерӯмандем. Падарамон дар гумроҳии ошкорест». إِذْ قَالُواْ لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَى أَبِينَا مِنَّا وَنَحْنُ عُصْبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلاَلٍ مُّبِينٍ
9 «Юсуфро бикушед ё дар сарзамине дигараш биандозед, то падар хоси шумо гардад ва аз он пас мардуме шоиста гардед». اقْتُلُواْ يُوسُفَ أَوِ اطْرَحُوهُ أَرْضًا يَخْلُ لَكُمْ وَجْهُ أَبِيكُمْ وَتَكُونُواْ مِن بَعْدِهِ قَوْمًا صَالِحِينَ
10 Яке аз онҳо гуфт: «Агар мехоҳед коре кунед, Юсуфро накушед; дар қаъри торики чоҳаш бипартоед, то корвоне ӯро бигирад». قَالَ قَآئِلٌ مَّنْهُمْ لاَ تَقْتُلُواْ يُوسُفَ وَأَلْقُوهُ فِي غَيَابَةِ الْجُبِّ يَلْتَقِطْهُ بَعْضُ السَّيَّارَةِ إِن كُنتُمْ فَاعِلِينَ
11 Гуфтанд: Эй падар, чӣ шуд, ки моро бар Юсуф боварӣ намекунӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ ҳастем? قَالُواْ يَا أَبَانَا مَا لَكَ لاَ تَأْمَنَّا عَلَى يُوسُفَ وَإِنَّا لَهُ لَنَاصِحُونَ
12 Фардо ӯро бо мо бифирист, то бигардаду бози кунад ва мо нигаҳдораш ҳастем». أَرْسِلْهُ مَعَنَا غَدًا يَرْتَعْ وَيَلْعَبْ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ
13 Гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро бихӯрад». قَالَ إِنِّي لَيَحْزُنُنِي أَن تَذْهَبُواْ بِهِ وَأَخَافُ أَن يَأْكُلَهُ الذِّئْبُ وَأَنتُمْ عَنْهُ غَافِلُونَ
14 Гуфтанд: «Бо ин гурӯҳи нерӯманд, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, аз зиёнкорон хоҳем буд». قَالُواْ لَئِنْ أَكَلَهُ الذِّئْبُ وَنَحْنُ عُصْبَةٌ إِنَّا إِذًا لَّخَاسِرُونَ
15 Чун ӯро бурданд ва қасд карданд, ки дар қаъри торики чоҳаш бияфкананд, ба ӯ ваҳй кардем, ки онҳоро аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт ва худ надонанд. فَلَمَّا ذَهَبُواْ بِهِ وَأَجْمَعُواْ أَن يَجْعَلُوهُ فِي غَيَابَةِ الْجُبِّ وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِ لَتُنَبِّئَنَّهُم بِأَمْرِهِمْ هَـذَا وَهُمْ لاَ يَشْعُرُونَ
16 Шабҳангом гирён назди падарашон боз омаданд. وَجَاؤُواْ أَبَاهُمْ عِشَاء يَبْكُونَ
17 Гуфтанд: «Эй падар, мо ба асп тохтан рафта будем ва Юсуфро назди матоъи худ гузошта будем, гург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд ҳам, ки рост бигӯем, ту сухани моро бовар надорӣ». قَالُواْ يَا أَبَانَا إِنَّا ذَهَبْنَا نَسْتَبِقُ وَتَرَكْنَا يُوسُفَ عِندَ مَتَاعِنَا فَأَكَلَهُ الذِّئْبُ وَمَا أَنتَ بِمُؤْمِنٍ لِّنَا وَلَوْ كُنَّا صَادِقِينَ
18 Ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғушта буд, оварданд, гуфт: «Нафси шумо кореро дар назаратон биёроста аст. Акнун барои ман сабри ҷамил беҳтар аст ва Худост, ки дар ин бора аз ӯ ёрӣ бояд хост». وَجَآؤُوا عَلَى قَمِيصِهِ بِدَمٍ كَذِبٍ قَالَ بَلْ سَوَّلَتْ لَكُمْ أَنفُسُكُمْ أَمْرًا فَصَبْرٌ جَمِيلٌ وَاللّهُ الْمُسْتَعَانُ عَلَى مَا تَصِفُونَ
19 Корвоне омад. Обоварашонро фиристоданд. Сатил фурӯ кард. Гуфт: «Муждагонӣ, ин писарест». Ӯро чун матоъе пинҳон сохтанд ва Худо ба коре, ки мекарданд, огоҳ буд. وَجَاءتْ سَيَّارَةٌ فَأَرْسَلُواْ وَارِدَهُمْ فَأَدْلَى دَلْوَهُ قَالَ يَا بُشْرَى هَـذَا غُلاَمٌ وَأَسَرُّوهُ بِضَاعَةً وَاللّهُ عَلِيمٌ بِمَا يَعْمَلُونَ
20 Ӯро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд. وَشَرَوْهُ بِثَمَنٍ بَخْسٍ دَرَاهِمَ مَعْدُودَةٍ وَكَانُواْ فِيهِ مِنَ الزَّاهِدِينَ
21 Касе аз мардуми Миср, ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва инчунин Юсуфро дар замин ҷой додем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедоканд! وَقَالَ الَّذِي اشْتَرَاهُ مِن مِّصْرَ لاِمْرَأَتِهِ أَكْرِمِي مَثْوَاهُ عَسَى أَن يَنفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا وَكَذَلِكَ مَكَّنِّا لِيُوسُفَ فِي الأَرْضِ وَلِنُعَلِّمَهُ مِن تَأْوِيلِ الأَحَادِيثِ وَاللّهُ غَالِبٌ عَلَى أَمْرِهِ وَلَـكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لاَ يَعْلَمُونَ
22 Ва чун болиғ шуд, ҳикмату донишаш додем ва некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем. وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُ آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَكَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
23 Ва он зан, ки Юсуф дар хонааш буд, дар паи комҷӯӣ аз Юсуф мебуд. Ва дарҳоро басту гуфт: «Бишитоб». Гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо, Ӯ парваронандаи ман аст ва маро обрӯи некӯ дода ва ситамкорон наҷотёфта намешаванд». وَرَاوَدَتْهُ الَّتِي هُوَ فِي بَيْتِهَا عَن نَّفْسِهِ وَغَلَّقَتِ الأَبْوَابَ وَقَالَتْ هَيْتَ لَكَ قَالَ مَعَاذَ اللّهِ إِنَّهُ رَبِّي أَحْسَنَ مَثْوَايَ إِنَّهُ لاَ يُفْلِحُ الظَّالِمُونَ
24 Он зан майли ӯ кард. Ва агар бурҳони Парвардигорашро надида буд, ӯ низ майли он зан мекард. Чунин кардем, то бадиву зишткориро аз вай бозгардонем. Зеро ӯ аз бакдагони покдили Мо буд! وَلَقَدْ هَمَّتْ بِهِ وَهَمَّ بِهَا لَوْلا أَن رَّأَى بُرْهَانَ رَبِّهِ كَذَلِكَ لِنَصْرِفَ عَنْهُ السُّوءَ وَالْفَحْشَاء إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُخْلَصِينَ
25 Ҳар ду ба ҷониби дар давиданд ва зан ҷомаи ӯро аз пас бидарид. Ва шӯи он занро наздики дар диданд. Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад, чист, ҷуз ин ки ба зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?» وَاسُتَبَقَا الْبَابَ وَقَدَّتْ قَمِيصَهُ مِن دُبُرٍ وَأَلْفَيَا سَيِّدَهَا لَدَى الْبَابِ قَالَتْ مَا جَزَاء مَنْ أَرَادَ بِأَهْلِكَ سُوَءًا إِلاَّ أَن يُسْجَنَ أَوْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
26 Юсуф гуфт: «Ӯ дар паи комҷӯӣ аз ман буд ва маро ба худ хонд». Ва яке аз касони зан гувоҳӣ дод, ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, зан рост мегӯяд ва ӯ дурӯғгӯст. قَالَ هِيَ رَاوَدَتْنِي عَن نَّفْسِي وَشَهِدَ شَاهِدٌ مِّنْ أَهْلِهَا إِن كَانَ قَمِيصُهُ قُدَّ مِن قُبُلٍ فَصَدَقَتْ وَهُوَ مِنَ الكَاذِبِينَ
27 Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ ростгӯст. وَإِنْ كَانَ قَمِيصُهُ قُدَّ مِن دُبُرٍ فَكَذَبَتْ وَهُوَ مِن الصَّادِقِينَ
28 Чун дид ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо занон аст, ки макри шумо занон макре бузург аст! فَلَمَّا رَأَى قَمِيصَهُ قُدَّ مِن دُبُرٍ قَالَ إِنَّهُ مِن كَيْدِكُنَّ إِنَّ كَيْدَكُنَّ عَظِيمٌ
29 Эй Юсуф, забони худ нигоҳ дор ва эй зан, аз гуноҳи худ бахшоиш бихоҳ, ки ту аз хатокоронӣ». يُوسُفُ أَعْرِضْ عَنْ هَـذَا وَاسْتَغْفِرِي لِذَنبِكِ إِنَّكِ كُنتِ مِنَ الْخَاطِئِينَ
30 Закони шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз дар паи комҷӯӣ аз ғуломи худ шудааст ва шефтаи ӯ гашта аст. Мо вайро дар гумроҳии ошкоро мебипем». وَقَالَ نِسْوَةٌ فِي الْمَدِينَةِ امْرَأَةُ الْعَزِيزِ تُرَاوِدُ فَتَاهَا عَن نَّفْسِهِ قَدْ شَغَفَهَا حُبًّا إِنَّا لَنَرَاهَا فِي ضَلاَلٍ مُّبِينٍ
31 Чун афсунашонро шунид, наздашон кас фиристод ва маҷлисе тартиб дод ва ба ҳар як корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун ӯро диданд, бузургаш шумурданд ва дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ ин одами нест, ин фариштае бузургвор аст!» فَلَمَّا سَمِعَتْ بِمَكْرِهِنَّ أَرْسَلَتْ إِلَيْهِنَّ وَأَعْتَدَتْ لَهُنَّ مُتَّكَأً وَآتَتْ كُلَّ وَاحِدَةٍ مِّنْهُنَّ سِكِّينًا وَقَالَتِ اخْرُجْ عَلَيْهِنَّ فَلَمَّا رَأَيْنَهُ أَكْبَرْنَهُ وَقَطَّعْنَ أَيْدِيَهُنَّ وَقُلْنَ حَاشَ لِلّهِ مَا هَـذَا بَشَرًا إِنْ هَـذَا إِلاَّ مَلَكٌ كَرِيمٌ
32 Гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби ӯ маломат мекардед. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ будам ва ӯ худро нигоҳ дошт. Агар он чӣ фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд». قَالَتْ فَذَلِكُنَّ الَّذِي لُمْتُنَّنِي فِيهِ وَلَقَدْ رَاوَدتُّهُ عَن نَّفْسِهِ فَاسَتَعْصَمَ وَلَئِن لَّمْ يَفْعَلْ مَا آمُرُهُ لَيُسْجَنَنَّ وَلَيَكُونًا مِّنَ الصَّاغِرِينَ
33 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дӯст доштанитар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям». قَالَ رَبِّ السِّجْنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدْعُونَنِي إِلَيْهِ وَإِلاَّ تَصْرِفْ عَنِّي كَيْدَهُنَّ أَصْبُ إِلَيْهِنَّ وَأَكُن مِّنَ الْجَاهِلِينَ
34 Парвардигораш дуъояшро иҷобат кард ва макри занон аз ӯ дур кард. Зеро Худо шунавову доност! فَاسْتَجَابَ لَهُ رَبُّهُ فَصَرَفَ عَنْهُ كَيْدَهُنَّ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
35 Пас бо он нишонаҳо, ки дида буданд, тасмим карданд, ки чанде ба зиндонаш бияфкананд. ثُمَّ بَدَا لَهُم مِّن بَعْدِ مَا رَأَوُاْ الآيَاتِ لَيَسْجُنُنَّهُ حَتَّى حِينٍ
36 Ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: «Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам». Дигаре гуфт: «Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он мехӯранд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки аз некӯкоронат мебинем». وَدَخَلَ مَعَهُ السِّجْنَ فَتَيَانَ قَالَ أَحَدُهُمَا إِنِّي أَرَانِي أَعْصِرُ خَمْرًا وَقَالَ الآخَرُ إِنِّي أَرَانِي أَحْمِلُ فَوْقَ رَأْسِي خُبْزًا تَأْكُلُ الطَّيْرُ مِنْهُ نَبِّئْنَا بِتَأْوِيلِهِ إِنَّا نَرَاكَ مِنَ الْمُحْسِنِينَ
37 Гуфт: «Таъоми рӯзонаи шумо ҳанӯз наомада бошад, ки пеш аз он шуморо аз таъбири он хобҳо, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст, хабар медиҳам. Ман дини мардумеро, ки ба Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам. قَالَ لاَ يَأْتِيكُمَا طَعَامٌ تُرْزَقَانِهِ إِلاَّ نَبَّأْتُكُمَا بِتَأْوِيلِهِ قَبْلَ أَن يَأْتِيكُمَا ذَلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّي إِنِّي تَرَكْتُ مِلَّةَ قَوْمٍ لاَّ يُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَهُم بِالآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ
38 Ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро нашояд, ки ҳеҷ чизро шарики Худо қарор диҳем. Ин фазилатест, ки Худо бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукранд. وَاتَّبَعْتُ مِلَّةَ آبَآئِـي إِبْرَاهِيمَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ مَا كَانَ لَنَا أَن نُّشْرِكَ بِاللّهِ مِن شَيْءٍ ذَلِكَ مِن فَضْلِ اللّهِ عَلَيْنَا وَعَلَى النَّاسِ وَلَـكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لاَ يَشْكُرُونَ
39 Эй ду зиндонӣ, оё худоёни пароканда беҳтар аст ё Оллоҳ — он Худованди яктои ғолиб бар ҳамагон? يَا صَاحِبَيِ السِّجْنِ أَأَرْبَابٌ مُّتَفَرِّقُونَ خَيْرٌ أَمِ اللّهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ
40 Намепарастед ғайри Худои якто магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое хондаед ва Худо ҳуҷҷате бар исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм ҷуз ҳукми Худо нест. Фармон додааст, ки ҷуз ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум намедонанд. مَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِهِ إِلاَّ أَسْمَاء سَمَّيْتُمُوهَا أَنتُمْ وَآبَآؤُكُم مَّا أَنزَلَ اللّهُ بِهَا مِن سُلْطَانٍ إِنِ الْحُكْمُ إِلاَّ لِلّهِ أَمَرَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَـكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لاَ يَعْلَمُونَ
41 Эй ду зиндонӣ, аммо яке аз шумо барои хоҷаи худ шароб резад, аммо дигареро бар дор кунанд ва паррандагон сари ӯ бихӯранд. Коре, ки дар бораи он назар мехостед, ба поён омадааст», يَا صَاحِبَيِ السِّجْنِ أَمَّا أَحَدُكُمَا فَيَسْقِي رَبَّهُ خَمْرًا وَأَمَّا الآخَرُ فَيُصْلَبُ فَتَأْكُلُ الطَّيْرُ مِن رَّأْسِهِ قُضِيَ الأَمْرُ الَّذِي فِيهِ تَسْتَفْتِيَانِ
42 Ба яке аз он ду, ки медоннст, раҳо мешавад, гуфт: «Маро назди хоҷаи худ ёд кун!» Аммо шайтон аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз ӯ ёд кунад ва чанд сол дар зиндон бимонд. وَقَالَ لِلَّذِي ظَنَّ أَنَّهُ نَاجٍ مِّنْهُمَا اذْكُرْنِي عِندَ رَبِّكَ فَأَنسَاهُ الشَّيْطَانُ ذِكْرَ رَبِّهِ فَلَبِثَ فِي السِّجْنِ بِضْعَ سِنِينَ
43 Подшоҳ гуфт: «Дар хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хушаи сабз дидам ва ҳафт хушаи хушк. Эй хосагони ман, хоби маро таъбир кунед, агар таъбири хоб медонед». وَقَالَ الْمَلِكُ إِنِّي أَرَى سَبْعَ بَقَرَاتٍ سِمَانٍ يَأْكُلُهُنَّ سَبْعٌ عِجَافٌ وَسَبْعَ سُنبُلاَتٍ خُضْرٍ وَأُخَرَ يَابِسَاتٍ يَا أَيُّهَا الْمَلأُ أَفْتُونِي فِي رُؤْيَايَ إِن كُنتُمْ لِلرُّؤْيَا تَعْبُرُونَ
44 Гуфтанд: «Инҳо хобҳои ошуфтааст ва моро ба таъбири ин хобҳо огоҳӣ нест». قَالُواْ أَضْغَاثُ أَحْلاَمٍ وَمَا نَحْنُ بِتَأْوِيلِ الأَحْلاَمِ بِعَالِمِينَ
45 Яке аз он ду, ки раҳо шуда буд ва пас аз муддате ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он огоҳ мекунам. Маро назди ӯ бифиристед». وَقَالَ الَّذِي نَجَا مِنْهُمَا وَادَّكَرَ بَعْدَ أُمَّةٍ أَنَاْ أُنَبِّئُكُم بِتَأْوِيلِهِ فَأَرْسِلُونِ
46 «Эй Юсуф, эй марди ростгӯй, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хушаи сабзу ҳафт хушаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон огоҳ гарданд». يُوسُفُ أَيُّهَا الصِّدِّيقُ أَفْتِنَا فِي سَبْعِ بَقَرَاتٍ سِمَانٍ يَأْكُلُهُنَّ سَبْعٌ عِجَافٌ وَسَبْعِ سُنبُلاَتٍ خُضْرٍ وَأُخَرَ يَابِسَاتٍ لَّعَلِّي أَرْجِعُ إِلَى النَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَعْلَمُونَ
47 Гуфт: «Ҳафт сол пай дар пай бикоред ва ҳар чӣ медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хуша анбор кунед. قَالَ تَزْرَعُونَ سَبْعَ سِنِينَ دَأَبًا فَمَا حَصَدتُّمْ فَذَرُوهُ فِي سُنبُلِهِ إِلاَّ قَلِيلاً مِّمَّا تَأْكُلُونَ
48 Аз он пас ҳафт сол кахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаанд, бихӯранд ғайри андаке, ки нигоҳ медоред. ثُمَّ يَأْتِي مِن بَعْدِ ذَلِكَ سَبْعٌ شِدَادٌ يَأْكُلْنَ مَا قَدَّمْتُمْ لَهُنَّ إِلاَّ قَلِيلاً مِّمَّا تُحْصِنُونَ
49 Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон диҳанд ва дар он сол афшурданиҳоро мефушуранд». ثُمَّ يَأْتِي مِن بَعْدِ ذَلِكَ عَامٌ فِيهِ يُغَاثُ النَّاسُ وَفِيهِ يَعْصِرُونَ
50 Подшоҳ гуфт: «Назди манаш биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳикояти он занон, ки дастҳои худро буриданд, чӣ буд? Ки Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!» وَقَالَ الْمَلِكُ ائْتُونِي بِهِ فَلَمَّا جَاءهُ الرَّسُولُ قَالَ ارْجِعْ إِلَى رَبِّكَ فَاسْأَلْهُ مَا بَالُ النِّسْوَةِ اللاَّتِي قَطَّعْنَ أَيْدِيَهُنَّ إِنَّ رَبِّي بِكَيْدِهِنَّ عَلِيمٌ
51 Гуфт: «Эй занон, он гоҳ ки хостори тани Юсуф мебудед, ҳикояти шумо чӣ буд?» Гуфтанд: «Паноҳ бар Худо! Ӯро ҳеҷ гунаҳкор намедонем». Зани Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ мебудам ва ӯ дар зумраи ростгӯён аст!» قَالَ مَا خَطْبُكُنَّ إِذْ رَاوَدتُّنَّ يُوسُفَ عَن نَّفْسِهِ قُلْنَ حَاشَ لِلّهِ مَا عَلِمْنَا عَلَيْهِ مِن سُوءٍ قَالَتِ امْرَأَةُ الْعَزِيزِ الآنَ حَصْحَصَ الْحَقُّ أَنَاْ رَاوَدتُّهُ عَن نَّفْسِهِ وَإِنَّهُ لَمِنَ الصَّادِقِينَ
52 «Чунин шуд то бидонад, ки ман дар ғайбаташ ба ӯ хиёнат накардаам ва Худо ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасоздад. ذَلِكَ لِيَعْلَمَ أَنِّي لَمْ أَخُنْهُ بِالْغَيْبِ وَأَنَّ اللّهَ لاَ يَهْدِي كَيْدَ الْخَائِنِينَ
53 Ман худамро бегуноҳ намедонам, зеро нафс одамиро ба бадӣ фармон медиҳад. Магар Парвардигори ман бибахшояд, зеро Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!» وَمَا أُبَرِّئُ نَفْسِي إِنَّ النَّفْسَ لأَمَّارَةٌ بِالسُّوءِ إِلاَّ مَا رَحِمَ رَبِّيَ إِنَّ رَبِّي غَفُورٌ رَّحِيمٌ
54 Подшоҳ гуфт: «Ӯро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гар донам». Ва чун бо ӯ сухан гуфт, гуфт; «Ту аз имрӯз назди мо соҳибмартаба ва боваринок ҳастӣ». وَقَالَ الْمَلِكُ ائْتُونِي بِهِ أَسْتَخْلِصْهُ لِنَفْسِي فَلَمَّا كَلَّمَهُ قَالَ إِنَّكَ الْيَوْمَ لَدَيْنَا مِكِينٌ أَمِينٌ
55 Гуфт: «Маро бар хазинаҳои ин сарзамин муқаррар кун, ки ман нигаҳбоне доноям». قَالَ اجْعَلْنِي عَلَى خَزَآئِنِ الأَرْضِ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٌ
56 Инчунин Юсуфро дар он сарзамин обрӯ додем. Ҳар ҷо, ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва музди некӯкоронро барбод намекунем. وَكَذَلِكَ مَكَّنِّا لِيُوسُفَ فِي الأَرْضِ يَتَبَوَّأُ مِنْهَا حَيْثُ يَشَاء نُصِيبُ بِرَحْمَتِنَا مَن نَّشَاء وَلاَ نُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
57 Ва албатта музди онҷаҳонӣ барои касоне, ки имоп овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст. وَلَأَجْرُ الآخِرَةِ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ آمَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ
58 Бародарони Юсуф омаданд ва бар ӯ дохил шуданд, онҳоро шинохт ва онҳо нашинохтандаш. وَجَاء إِخْوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُواْ عَلَيْهِ فَعَرَفَهُمْ وَهُمْ لَهُ مُنكِرُونَ
59 Чун борҳояшонро муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам? وَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمْ قَالَ ائْتُونِي بِأَخٍ لَّكُم مِّنْ أَبِيكُمْ أَلاَ تَرَوْنَ أَنِّي أُوفِي الْكَيْلَ وَأَنَاْ خَيْرُ الْمُنزِلِينَ
60 Агар ӯро назди ман наёваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва ба ман наздик машавед». فَإِن لَّمْ تَأْتُونِي بِهِ فَلاَ كَيْلَ لَكُمْ عِندِي وَلاَ تَقْرَبُونِ
61 Гуфтанд: «Мо ӯро ба исрор аз падар хоҳем хост ва ин корро хоҳем кард». قَالُواْ سَنُرَاوِدُ عَنْهُ أَبَاهُ وَإِنَّا لَفَاعِلُونَ
62 Ва ба мардони худ гуфт: «Сармояашонро дар борҳояшон биниҳед, бошад, ки чун назди касонашон бозгарданд ва онро биёбанд, боз оянд». وَقَالَ لِفِتْيَانِهِ اجْعَلُواْ بِضَاعَتَهُمْ فِي رِحَالِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَعْرِفُونَهَا إِذَا انقَلَبُواْ إِلَى أَهْلِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ
63 Чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона аз мо манъ намуданд. Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Мо нигаҳдори ӯ ҳастем». فَلَمَّا رَجِعُوا إِلَى أَبِيهِمْ قَالُواْ يَا أَبَانَا مُنِعَ مِنَّا الْكَيْلُ فَأَرْسِلْ مَعَنَا أَخَانَا نَكْتَلْ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ
64 Гуфт: «Оё ӯро ба шумо бисупорам, ҳамчунон ки бародарашро пеш аз ин ба шумо супурдам?» Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва Ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон! قَالَ هَلْ آمَنُكُمْ عَلَيْهِ إِلاَّ كَمَا أَمِنتُكُمْ عَلَى أَخِيهِ مِن قَبْلُ فَاللّهُ خَيْرٌ حَافِظًا وَهُوَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ
65 Чун бори худро кушуданд, диданд, ки сармояашонро пас додаанд. Гуфтанд: «Эй падар, дар талаби чӣ ҳастем? Ин сармояи мост, ки ба мо пас додаанд. Барои касони худ ғалла биёварем ва бародарамонро ҳифз кунем ва бори шутуре афзун гирем, ки он чӣ дорем, андак аст». وَلَمَّا فَتَحُواْ مَتَاعَهُمْ وَجَدُواْ بِضَاعَتَهُمْ رُدَّتْ إِلَيْهِمْ قَالُواْ يَا أَبَانَا مَا نَبْغِي هَـذِهِ بِضَاعَتُنَا رُدَّتْ إِلَيْنَا وَنَمِيرُ أَهْلَنَا وَنَحْفَظُ أَخَانَا وَنَزْدَادُ كَيْلَ بَعِيرٍ ذَلِكَ كَيْلٌ يَسِيرٌ
66 Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Худо паймоне бибандед, ки назди манаш бозмеоваред. Магар он ки ҳама гирифтор шавед». Чун бо ӯ аҳд карданд, гуфт: «Худо бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!» قَالَ لَنْ أُرْسِلَهُ مَعَكُمْ حَتَّى تُؤْتُونِ مَوْثِقًا مِّنَ اللّهِ لَتَأْتُنَّنِي بِهِ إِلاَّ أَن يُحَاطَ بِكُمْ فَلَمَّا آتَوْهُ مَوْثِقَهُمْ قَالَ اللّهُ عَلَى مَا نَقُولُ وَكِيلٌ
67 Гуфт: «Эй писарони ман, аз як дарвоза дохил нашавед; аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед. Ва ман қазои Худоро аз сари шумо дафъ натавонам кард ва ҳеҷ фармоне ғайри фармони Худо нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккул кунанд». وَقَالَ يَا بَنِيَّ لاَ تَدْخُلُواْ مِن بَابٍ وَاحِدٍ وَادْخُلُواْ مِنْ أَبْوَابٍ مُّتَفَرِّقَةٍ وَمَا أُغْنِي عَنكُم مِّنَ اللّهِ مِن شَيْءٍ إِنِ الْحُكْمُ إِلاَّ لِلّهِ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَعَلَيْهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُتَوَكِّلُونَ
68 Чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор дар баробари иродаи Худо судашон набахшид. Танҳо ҳоҷате дар замири Яъқуб буд, ки онро ошкор сохт, зеро ӯро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд. وَلَمَّا دَخَلُواْ مِنْ حَيْثُ أَمَرَهُمْ أَبُوهُم مَّا كَانَ يُغْنِي عَنْهُم مِّنَ اللّهِ مِن شَيْءٍ إِلاَّ حَاجَةً فِي نَفْسِ يَعْقُوبَ قَضَاهَا وَإِنَّهُ لَذُو عِلْمٍ لِّمَا عَلَّمْنَاهُ وَلَـكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لاَ يَعْلَمُونَ
69 Чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод. Гуфт: «Ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо кардаанд, андӯҳгин мабош». وَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَى يُوسُفَ آوَى إِلَيْهِ أَخَاهُ قَالَ إِنِّي أَنَاْ أَخُوكَ فَلاَ تَبْتَئِسْ بِمَا كَانُواْ يَعْمَلُونَ
70 Чун борҳояшонро муҳайё кард, ҷомро дар бори бародар ниҳод. Он гоҳ мунодӣ (садодиҳанда) садо дод: «Эй корвониён, шумо дуздонед». فَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمْ جَعَلَ السِّقَايَةَ فِي رَحْلِ أَخِيهِ ثُمَّ أَذَّنَ مُؤَذِّنٌ أَيَّتُهَا الْعِيرُ إِنَّكُمْ لَسَارِقُونَ
71 Корвониён назди онҳо бозгаштанд ва гуфтанд: «Чӣ гум кардаед?» قَالُواْ وَأَقْبَلُواْ عَلَيْهِم مَّاذَا تَفْقِدُونَ
72 Гуфтанд: «Ҷоми подшоҳро. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро бори шутурест ва ман кафилӣ мекунам». قَالُواْ نَفْقِدُ صُوَاعَ الْمَلِكِ وَلِمَن جَاء بِهِ حِمْلُ بَعِيرٍ وَأَنَاْ بِهِ زَعِيمٌ
73 Гуфтанд: «Худоро, шумо худ медонед, ки мо фасод кардан ба ин сарзамин наёмадаем ва дузд набудаем». قَالُواْ تَاللّهِ لَقَدْ عَلِمْتُم مَّا جِئْنَا لِنُفْسِدَ فِي الأَرْضِ وَمَا كُنَّا سَارِقِينَ
74 Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?» قَالُواْ فَمَا جَزَآؤُهُ إِن كُنتُمْ كَاذِبِينَ
75 Гуфтанд: «Ҷазояш ҳамон касест, ки дар бори ӯ ёфта шавад. Пас ӯ худ ҷазои амали худ аст ва мо гунаҳкоронро чунин ҷазо диҳем». قَالُواْ جَزَآؤُهُ مَن وُجِدَ فِي رَحْلِهِ فَهُوَ جَزَاؤُهُ كَذَلِكَ نَجْزِي الظَّالِمِينَ
76 Пеш аз бори бародар бар бори онҳо кофтанро сар кард, он гоҳ аз бори бародараш берун овард. Ҳилае инчунин ба Юсуф омӯхтем. Дар дини он подшоҳ гирифтани бародар хаққи ӯ набуд, чизе буд, ки Худо мехост. Ҳар касро, ки бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем ва болои ҳар доное донотарест. فَبَدَأَ بِأَوْعِيَتِهِمْ قَبْلَ وِعَاء أَخِيهِ ثُمَّ اسْتَخْرَجَهَا مِن وِعَاء أَخِيهِ كَذَلِكَ كِدْنَا لِيُوسُفَ مَا كَانَ لِيَأْخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ الْمَلِكِ إِلاَّ أَن يَشَاء اللّهُ نَرْفَعُ دَرَجَاتٍ مِّن نَّشَاء وَفَوْقَ كُلِّ ذِي عِلْمٍ عَلِيمٌ
77 Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ карда, бародараш низ пеш аз ин дуздӣ карда буд». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изхор накард ва гуфт: «Шумо дар вазъе бадтар ҳастед ва Худо ба бӯҳтоне, ки мезанед, огоҳтар аст!» قَالُواْ إِن يَسْرِقْ فَقَدْ سَرَقَ أَخٌ لَّهُ مِن قَبْلُ فَأَسَرَّهَا يُوسُفُ فِي نَفْسِهِ وَلَمْ يُبْدِهَا لَهُمْ قَالَ أَنتُمْ شَرٌّ مَّكَانًا وَاللّهُ أَعْلَمْ بِمَا تَصِفُونَ
78 Гуфтанд: «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ки аз некӯкоронат мебинем». قَالُواْ يَا أَيُّهَا الْعَزِيزُ إِنَّ لَهُ أَبًا شَيْخًا كَبِيرًا فَخُذْ أَحَدَنَا مَكَانَهُ إِنَّا نَرَاكَ مِنَ الْمُحْسِنِينَ
79 Гуфт: «Худо накунад, ки ҷуз он касро, ки бори худ назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд». قَالَ مَعَاذَ اللّهِ أَن نَّأْخُذَ إِلاَّ مَن وَجَدْنَا مَتَاعَنَا عِندَهُ إِنَّـا إِذًا لَّظَالِمُونَ
80 Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Худо паймон гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамин берун намеоям, то падар маро рухсат диҳад ё Худо дар бораи ман довари кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст. فَلَمَّا اسْتَيْأَسُواْ مِنْهُ خَلَصُواْ نَجِيًّا قَالَ كَبِيرُهُمْ أَلَمْ تَعْلَمُواْ أَنَّ أَبَاكُمْ قَدْ أَخَذَ عَلَيْكُم مَّوْثِقًا مِّنَ اللّهِ وَمِن قَبْلُ مَا فَرَّطتُمْ فِي يُوسُفَ فَلَنْ أَبْرَحَ الأَرْضَ حَتَّىَ يَأْذَنَ لِي أَبِي أَوْ يَحْكُمَ اللّهُ لِي وَهُوَ خَيْرُ الْحَاكِمِينَ
81 Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем. ارْجِعُواْ إِلَى أَبِيكُمْ فَقُولُواْ يَا أَبَانَا إِنَّ ابْنَكَ سَرَقَ وَمَا شَهِدْنَا إِلاَّ بِمَا عَلِمْنَا وَمَا كُنَّا لِلْغَيْبِ حَافِظِينَ
82 Аз шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем бипурс, ки мо рост мегӯем». وَاسْأَلِ الْقَرْيَةَ الَّتِي كُنَّا فِيهَا وَالْعِيْرَ الَّتِي أَقْبَلْنَا فِيهَا وَإِنَّا لَصَادِقُونَ
83 Гуфт: «На, нафси шумо кореро дар назаратон биёрост ва маро сабри ҷамил беҳтар аст. Шояд Худо ҳамаро ба ман бозгардонад, ки Ӯ донову ҳаким аст!» قَالَ بَلْ سَوَّلَتْ لَكُمْ أَنفُسُكُمْ أَمْرًا فَصَبْرٌ جَمِيلٌ عَسَى اللّهُ أَن يَأْتِيَنِي بِهِمْ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ
84 Рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй андӯҳо бар Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мехӯрд. وَتَوَلَّى عَنْهُمْ وَقَالَ يَا أَسَفَى عَلَى يُوسُفَ وَابْيَضَّتْ عَيْنَاهُ مِنَ الْحُزْنِ فَهُوَ كَظِيمٌ
85 Гуфтанд: «Ба Худо савганд пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ». قَالُواْ تَالله تَفْتَأُ تَذْكُرُ يُوسُفَ حَتَّى تَكُونَ حَرَضًا أَوْ تَكُونَ مِنَ الْهَالِكِينَ
86 Гуфт; «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи худ танҳо бо Худо мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед! قَالَ إِنَّمَا أَشْكُو بَثِّي وَحُزْنِي إِلَى اللّهِ وَأَعْلَمُ مِنَ اللّهِ مَا لاَ تَعْلَمُونَ
87 Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд». يَا بَنِيَّ اذْهَبُواْ فَتَحَسَّسُواْ مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلاَ تَيْأَسُواْ مِن رَّوْحِ اللّهِ إِنَّهُ لاَ يَيْأَسُ مِن رَّوْحِ اللّهِ إِلاَّ الْقَوْمُ الْكَافِرُونَ
88 Чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову касонамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро тамом адо кун ва бар мо садақа бидеҳ зеро Худо садақадиҳандагонро дӯст дорад!» فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَيْهِ قَالُواْ يَا أَيُّهَا الْعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهْلَنَا الضُّرُّ وَجِئْنَا بِبِضَاعَةٍ مُّزْجَاةٍ فَأَوْفِ لَنَا الْكَيْلَ وَتَصَدَّقْ عَلَيْنَا إِنَّ اللّهَ يَجْزِي الْمُتَصَدِّقِينَ
89 Гуфт: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?» قَالَ هَلْ عَلِمْتُم مَّا فَعَلْتُم بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذْ أَنتُمْ جَاهِلُونَ
90 Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд, Худо муздашро нобуд намесозад». قَالُواْ أَإِنَّكَ لَأَنتَ يُوسُفُ قَالَ أَنَاْ يُوسُفُ وَهَـذَا أَخِي قَدْ مَنَّ اللّهُ عَلَيْنَا إِنَّهُ مَن يَتَّقِ وَيِصْبِرْ فَإِنَّ اللّهَ لاَ يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
91 Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки худо туро бар мо фазилат дод ва мо хатокор будем». قَالُواْ تَاللّهِ لَقَدْ آثَرَكَ اللّهُ عَلَيْنَا وَإِن كُنَّا لَخَاطِئِينَ
92 Гуфт: «Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард; Худо шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст! قَالَ لاَ تَثْرَيبَ عَلَيْكُمُ الْيَوْمَ يَغْفِرُ اللّهُ لَكُمْ وَهُوَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ
93 Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед то бино гардад. Ва ҳамаи касони худро назди ман биёваред». اذْهَبُواْ بِقَمِيصِي هَـذَا فَأَلْقُوهُ عَلَى وَجْهِ أَبِي يَأْتِ بَصِيرًا وَأْتُونِي بِأَهْلِكُمْ أَجْمَعِينَ
94 Чун корвон ба роҳ афтод, падарашон гуфт: «Агар маро девона нахонед, бӯи Юсуф ҳис мекунам». وَلَمَّا فَصَلَتِ الْعِيرُ قَالَ أَبُوهُمْ إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَ لَوْلاَ أَن تُفَنِّدُونِ
95 Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки ту дар ҳамон гумроҳии деринан худ ҳастӣ!» قَالُواْ تَاللّهِ إِنَّكَ لَفِي ضَلاَلِكَ الْقَدِيمِ
96 Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи ӯ андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё нагуфтаматон, ки он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед?» فَلَمَّا أَن جَاء الْبَشِيرُ أَلْقَاهُ عَلَى وَجْهِهِ فَارْتَدَّ بَصِيرًا قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ مِنَ اللّهِ مَا لاَ تَعْلَمُونَ
97 Гуфтанд: «Эй падар, барои гуноҳони мо омурзиш бихоҳ, ки мо хатокор будаем». قَالُواْ يَا أَبَانَا اسْتَغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا إِنَّا كُنَّا خَاطِئِينَ
98 Гуфт; «Аз Парвардигорам барои шумо бахшоиш хоҳам хост, Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!» قَالَ سَوْفَ أَسْتَغْفِرُ لَكُمْ رَبِّيَ إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
99 Чун бар Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Худо бихоҳад, дар амон хоҳед буд!» فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَى يُوسُفَ آوَى إِلَيْهِ أَبَوَيْهِ وَقَالَ ادْخُلُواْ مِصْرَ إِن شَاء اللّهُ آمِنِينَ
100 Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама дар баробари ӯ ба саҷда даромаданд. Гуфт: «Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки инак Парвардигорам онро рост баровард. Ва чӣ қадар ба ман некӣ кардааст, он гоҳ, ки маро аз зиндон бираҳонид ва пас аз он, ки шайтон миёни ману бародаронам фасод карда буд, шуморо аз бодия ба ин ҷо овард. Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, дақиқ аст, ки Ӯ донову ҳаким аст! وَرَفَعَ أَبَوَيْهِ عَلَى الْعَرْشِ وَخَرُّواْ لَهُ سُجَّدًا وَقَالَ يَا أَبَتِ هَـذَا تَأْوِيلُ رُؤْيَايَ مِن قَبْلُ قَدْ جَعَلَهَا رَبِّي حَقًّا وَقَدْ أَحْسَنَ بَي إِذْ أَخْرَجَنِي مِنَ السِّجْنِ وَجَاء بِكُم مِّنَ الْبَدْوِ مِن بَعْدِ أَن نَّزغَ الشَّيْطَانُ بَيْنِي وَبَيْنَ إِخْوَتِي إِنَّ رَبِّي لَطِيفٌ لِّمَا يَشَاء إِنَّهُ هُوَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ
101 Эй Парвардигори ман, маро фармонравоӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, ту дар дунёву охират корсози мани. Маро мусалмон бимирон ва қарини шоистагон соз!» رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ وَعَلَّمْتَنِي مِن تَأْوِيلِ الأَحَادِيثِ فَاطِرَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ أَنتَ وَلِيِّي فِي الدُّنُيَا وَالآخِرَةِ تَوَفَّنِي مُسْلِمًا وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ
102 Инҳо хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Ва он ҳангом, ки бо якдигар гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва хила месохтанд, ту назди онҳо набудӣ! ذَلِكَ مِنْ أَنبَاء الْغَيْبِ نُوحِيهِ إِلَيْكَ وَمَا كُنتَ لَدَيْهِمْ إِذْ أَجْمَعُواْ أَمْرَهُمْ وَهُمْ يَمْكُرُونَ
103 Ҳарчанд ту ба имонашон ҳарис бошӣ, бештари мардум имон намеоваранд! وَمَا أَكْثَرُ النَّاسِ وَلَوْ حَرَصْتَ بِمُؤْمِنِينَ
104 Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест! وَمَا تَسْأَلُهُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِنْ هُوَ إِلاَّ ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ
105 Чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳову замин аст, ки бар он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанд! وَكَأَيِّن مِّن آيَةٍ فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ يَمُرُّونَ عَلَيْهَا وَهُمْ عَنْهَا مُعْرِضُونَ
106 Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд! وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللّهِ إِلاَّ وَهُم مُّشْرِكُونَ
107 Оё пиндоранд, ки эминӣ ёфтаанд аз ин, ки уқубате умумӣ аз азоби Худо онҳоро фурӯ гирад ё қиёмат ба ногоҳ фаро расад, бе он ки хабардор шаванд? أَفَأَمِنُواْ أَن تَأْتِيَهُمْ غَاشِيَةٌ مِّنْ عَذَابِ اللّهِ أَوْ تَأْتِيَهُمُ السَّاعَةُ بَغْتَةً وَهُمْ لاَ يَشْعُرُونَ
108 Бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Худо мехонем. Пок аст Худо ва ман аз мушрикон нестам!» قُلْ هَـذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللّهِ عَلَى بَصِيرَةٍ أَنَاْ وَمَنِ اتَّبَعَنِي وَسُبْحَانَ اللّهِ وَمَا أَنَاْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
109 Ва Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем магар мардонеро аз мардуми деҳаҳо, ки ба онҳоваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон чӣ будааст? Ва олами охират парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед? وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ إِلاَّ رِجَالاً نُّوحِي إِلَيْهِم مِّنْ أَهْلِ الْقُرَى أَفَلَمْ يَسِيرُواْ فِي الأَرْضِ فَيَنظُرُواْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَلَدَارُ الآخِرَةِ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ اتَّقَواْ أَفَلاَ تَعْقِلُونَ
110 Чун паёмбарон навмед шуданд ва чунон донистанд, ки онҳоро дурӯғ мебароранд, ёриашон кардем ва ҳар киро, ки хостем, наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад! حَتَّى إِذَا اسْتَيْأَسَ الرُّسُلُ وَظَنُّواْ أَنَّهُمْ قَدْ كُذِبُواْ جَاءهُمْ نَصْرُنَا فَنُجِّيَ مَن نَّشَاء وَلاَ يُرَدُّ بَأْسُنَا عَنِ الْقَوْمِ الْمُجْرِمِينَ
111 Дар достонҳояшон хирадмандонро ибратест. Ин достоне сохта нест, балки тасдиқи сухани пешиннён ва тафсили ҳар чизест барои онҳо, ки имон овардаанд, ҳидоят асту раҳмат. لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِّأُوْلِي الأَلْبَابِ مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَى وَلَـكِن تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلَّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
;