Al-Alaq

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид, اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ
2 одамиро аз лахтаи хуне биёфарид. خَلَقَ الْإِنسَانَ مِنْ عَلَقٍ
3 Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст. اقْرَأْ وَرَبُّكَ الْأَكْرَمُ
4 Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод, الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ
5 ба одами он чиро, ки намедонист, биёмухт. عَلَّمَ الْإِنسَانَ مَا لَمْ يَعْلَمْ
6 Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад, كَلَّا إِنَّ الْإِنسَانَ لَيَطْغَى
7 ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад. أَن رَّآهُ اسْتَغْنَى
8 Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст. إِنَّ إِلَى رَبِّكَ الرُّجْعَى
9 Оё дидӣ он касро, ки, манъ мекунад, أَرَأَيْتَ الَّذِي يَنْهَى
10 бандаеро, ки намоз мехонад? عَبْدًا إِذَا صَلَّى
11 Канӣ бигӯ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад? أَرَأَيْتَ إِن كَانَ عَلَى الْهُدَى
12 Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад? أَوْ أَمَرَ بِالتَّقْوَى
13 Канӣ бигӯ, агар дурӯғ барорад ва рӯйгардон шавад? أَرَأَيْتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّى
14 Оё надонистааст, ки Худо мебинад? أَلَمْ يَعْلَمْ بِأَنَّ اللَّهَ يَرَى
15 Ҳаққо, ки агар бознаистад, аз мӯи пеши сараш мегирему мекашем, كَلَّا لَئِن لَّمْ يَنتَهِ لَنَسْفَعًا بِالنَّاصِيَةِ
16 мӯи пеши сари дурӯғгӯи хатокорро. نَاصِيَةٍ كَاذِبَةٍ خَاطِئَةٍ
17 Пас ҳамдамони худро даъват кунад. فَلْيَدْعُ نَادِيَه
18 Мо низ коргузоронидӯзахро даъват мекунем! سَنَدْعُ الزَّبَانِيَةَ
19 На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! (Саҷда). كَلَّا لَا تُطِعْهُ وَاسْجُدْ وَاقْتَرِبْ
;