At-Tauba

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Худову паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо паймон бастаед. بَرَاءةٌ مِّنَ اللّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عَاهَدتُّم مِّنَ الْمُشْرِكِينَ
2 Пас чаҳор моҳ ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин сайр кунед ва бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт ва Ӯст, ки кофиронро расво месозад! فَسِيحُواْ فِي الأَرْضِ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَاعْلَمُواْ أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللّهِ وَأَنَّ اللّهَ مُخْزِي الْكَافِرِينَ
3 Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург аз ҷониби Худову паёмбараш ба мардум эълом мешавад, ки Худову паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар сарпечӣ кунед, бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азобе дардовар хабар деҳ. وَأَذَانٌ مِّنَ اللّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الأَكْبَرِ أَنَّ اللّهَ بَرِيءٌ مِّنَ الْمُشْرِكِينَ وَرَسُولُهُ فَإِن تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُواْ أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللّهِ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
4 Ғайри он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ камбудие наёвардаанд ва бо хеҷ кас бар зидди шумо ҳамдаст нашудаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, зеро Худо парҳезгоронро дӯст дорад! إِلاَّ الَّذِينَ عَاهَدتُّم مِّنَ الْمُشْرِكِينَ ثُمَّ لَمْ يَنقُصُوكُمْ شَيْئًا وَلَمْ يُظَاهِرُواْ عَلَيْكُمْ أَحَدًا فَأَتِمُّواْ إِلَيْهِمْ عَهْدَهُمْ إِلَى مُدَّتِهِمْ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ
5 Ва чун моҳҳои ҳаром ба поён расид, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо ба каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва намоз хонданд ва закот доданд, аз онҳо даст бардоред, зеро Худо бахшандаву меҳрубон аст! فَإِذَا انسَلَخَ الأَشْهُرُ الْحُرُمُ فَاقْتُلُواْ الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدتُّمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ وَاحْصُرُوهُمْ وَاقْعُدُواْ لَهُمْ كُلَّ مَرْصَدٍ فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ الصَّلاَةَ وَآتَوُاْ الزَّكَاةَ فَخَلُّواْ سَبِيلَهُمْ إِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
6 Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ то каломи Худоро бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд. وَإِنْ أَحَدٌ مِّنَ الْمُشْرِكِينَ اسْتَجَارَكَ فَأَجِرْهُ حَتَّى يَسْمَعَ كَلاَمَ اللّهِ ثُمَّ أَبْلِغْهُ مَأْمَنَهُ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لاَّ يَعْلَمُونَ
7 Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари Ӯ паймоне бошад? Ғайри онҳое, ки назди Масҷидулҳаром бо онҳо паймон бастед. Агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад! كَيْفَ يَكُونُ لِلْمُشْرِكِينَ عَهْدٌ عِندَ اللّهِ وَعِندَ رَسُولِهِ إِلاَّ الَّذِينَ عَاهَدتُّمْ عِندَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ فَمَا اسْتَقَامُواْ لَكُمْ فَاسْتَقِيمُواْ لَهُمْ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ
8 Чӣ гуна паймоне бошад, ки агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд? Бо забоп хушнудатон месозанд ва дар дил сар мепечанд ва бештарин фосиқонанд. كَيْفَ وَإِن يَظْهَرُوا عَلَيْكُمْ لاَ يَرْقُبُواْ فِيكُمْ إِلاًّ وَلاَ ذِمَّةً يُرْضُونَكُم بِأَفْوَاهِهِمْ وَتَأْبَى قُلُوبُهُمْ وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ
9 Оёти Худоро ба баҳои андак фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва бадкорӣ карданд. اشْتَرَوْاْ بِآيَاتِ اللّهِ ثَمَنًا قَلِيلاً فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِهِ إِنَّهُمْ سَاء مَا كَانُواْ يَعْمَلُونَ
10 Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоат намекунанд ва мардуме таҷовузкоранд. لاَ يَرْقُبُونَ فِي مُؤْمِنٍ إِلاًّ وَلاَ ذِمَّةً وَأُوْلَـئِكَ هُمُ الْمُعْتَدُونَ
11 Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Худоро барои мардуме доно тафсил мекунем. فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ الصَّلاَةَ وَآتَوُاْ الزَّكَاةَ فَإِخْوَانُكُمْ فِي الدِّينِ وَنُفَصِّلُ الآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ
12 Агар пас аз бастани паймон савганди худ шикастанд ва дар дини шумо таън заданд, бо пешвоёни куфр қитол кунед, ки онҳоро расми савганд нигоҳ доштан нест, бошад, ки аз кирдори худ бозистанд. وَإِن نَّكَثُواْ أَيْمَانَهُم مِّن بَعْدِ عَهْدِهِمْ وَطَعَنُواْ فِي دِينِكُمْ فَقَاتِلُواْ أَئِمَّةَ الْكُفْرِ إِنَّهُمْ لاَ أَيْمَانَ لَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَنتَهُونَ
13 Оё бо мардуме, ки еавганди худро шикастанд ва оҳанги бадарғаи паёмбар карданд ва онҳо бар зидди шумо душманӣ оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онҳо метарсед ва ҳол он ки агар имон оварда бошед, сазовортар аст, ки аз Худо битарседу бас. أَلاَ تُقَاتِلُونَ قَوْمًا نَّكَثُواْ أَيْمَانَهُمْ وَهَمُّواْ بِإِخْرَاجِ الرَّسُولِ وَهُم بَدَؤُوكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ أَتَخْشَوْنَهُمْ فَاللّهُ أَحَقُّ أَن تَخْشَوْهُ إِن كُنتُم مُّؤُمِنِينَ
14 Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои мӯъминонро хунук мегардонад, قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللّهُ بِأَيْدِيكُمْ وَيُخْزِهِمْ وَيَنصُرْكُمْ عَلَيْهِمْ وَيَشْفِ صُدُورَ قَوْمٍ مُّؤْمِنِينَ
15 ва кина аз дилҳояшон дур кунад ва Худо тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Худост донову ҳаким! وَيُذْهِبْ غَيْظَ قُلُوبِهِمْ وَيَتُوبُ اللّهُ عَلَى مَن يَشَاء وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
16 Оё пиндоштаед, ки шуморо ба ҳоли худ вомегузоранд, бе он ки Худо касоне аз шуморо, ки ҷиҳод мекунанд ва ҷуз Худову паёмбараш ва мӯъминонро ба ҳамрозӣ намегиранд, маълум дорад? Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст! أَمْ حَسِبْتُمْ أَن تُتْرَكُواْ وَلَمَّا يَعْلَمِ اللّهُ الَّذِينَ جَاهَدُواْ مِنكُمْ وَلَمْ يَتَّخِذُواْ مِن دُونِ اللّهِ وَلاَ رَسُولِهِ وَلاَ الْمُؤْمِنِينَ وَلِيجَةً وَاللّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ
17 Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд, масҷидҳои Худоро иморат кунанд. Аъмоли онҳо ночиз шуда ва дар оташ ҷовидонанд! مَا كَانَ لِلْمُشْرِكِينَ أَن يَعْمُرُواْ مَسَاجِدَ الله شَاهِدِينَ عَلَى أَنفُسِهِمْ بِالْكُفْرِ أُوْلَئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ وَفِي النَّارِ هُمْ خَالِدُونَ
18 Масҷидҳои Худоро касоне иморат мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз ғайри Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд! إِنَّمَا يَعْمُرُ مَسَاجِدَ اللّهِ مَنْ آمَنَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ وَأَقَامَ الصَّلاَةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَلَمْ يَخْشَ إِلاَّ اللّهَ فَعَسَى أُوْلَـئِكَ أَن يَكُونُواْ مِنَ الْمُهْتَدِينَ
19 Оё об додан ба ҳоҷиён ва иморати Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад! أَجَعَلْتُمْ سِقَايَةَ الْحَاجِّ وَعِمَارَةَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ كَمَنْ آمَنَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ وَجَاهَدَ فِي سَبِيلِ اللّهِ لاَ يَسْتَوُونَ عِندَ اللّهِ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
20 Онон, ки имон оварданд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо ба молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, дар назди Худо дараҷаҳое азимтар доранд ва комёфтагонанд. الَّذِينَ آمَنُواْ وَهَاجَرُواْ وَجَاهَدُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَةً عِندَ اللّهِ وَأُوْلَئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ
21 Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид бошад, хушхабарашон медиҳад. يُبَشِّرُهُمْ رَبُّهُم بِرَحْمَةٍ مِّنْهُ وَرِضْوَانٍ وَجَنَّاتٍ لَّهُمْ فِيهَا نَعِيمٌ مُّقِيمٌ
22 Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд. Зеро аҷру музди бузург дар назди Худованд аст! خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا إِنَّ اللّهَ عِندَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ
23 Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон биинтихобанд, онҳоро ба дӯстӣ магиред ва ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, аз ситамкорон хоҳад буд. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَتَّخِذُواْ آبَاءكُمْ وَإِخْوَانَكُمْ أَوْلِيَاء إَنِ اسْتَحَبُّواْ الْكُفْرَ عَلَى الإِيمَانِ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمْ فَأُوْلَـئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ
24 Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки ҷамъ кардед ва тиҷорате, ки аз қасоди он бим доред ва хонаҳое, ки бад-он дилхуш ҳастед, барои шумо аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ дӯст доштанитар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони худ биёварад». Ва Худо нофармононро ҳидоят нахоҳад кард! قُلْ إِن كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَآؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُم مِّنَ اللّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُواْ حَتَّى يَأْتِيَ اللّهُ بِأَمْرِهِ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ
25 Худо шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн он гоҳ, ки бисёрии лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеъияш бар шумо танг шуд ва бозгаштед ва ба душман пушт кардед. لَقَدْ نَصَرَكُمُ اللّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةٍ وَيَوْمَ حُنَيْنٍ إِذْ أَعْجَبَتْكُمْ كَثْرَتُكُمْ فَلَمْ تُغْنِ عَنكُمْ شَيْئًا وَضَاقَتْ عَلَيْكُمُ الأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ ثُمَّ وَلَّيْتُم مُّدْبِرِينَ
26 Он гоҳ Худо оромиши худро бар паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, поён фиристод ва кофиронро азоб кард ва ин аст ҷазои кофирон. ثُمَّ أَنَزلَ اللّهُ سَكِينَتَهُ عَلَى رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَنزَلَ جُنُودًا لَّمْ تَرَوْهَا وَعذَّبَ الَّذِينَ كَفَرُواْ وَذَلِكَ جَزَاء الْكَافِرِينَ
27 Аз он пас Худо тавбаи ҳар касро, ки бихоҳад, мепазирад, ки омурзанда ра меҳрубон аст! ثُمَّ يَتُوبُ اللّهُ مِن بَعْدِ ذَلِكَ عَلَى مَن يَشَاء وَاللّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
28 Эй касоне, ки имон овардаед, мушрикон палиданд ва аз соли баъд набояд ба Масҷидулҳаром наздик шаванд. Ва агар аз бенавоӣ метарсед. Худо агар бихоҳад, ба фазли хеш тавонгаратон хоҳад кард. Зеро Худо донову ҳаким аст! يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلاَ يَقْرَبُواْ الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَـذَا وَإِنْ خِفْتُمْ عَيْلَةً فَسَوْفَ يُغْنِيكُمُ اللّهُ مِن فَضْلِهِ إِن شَاء إِنَّ اللّهَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
29 Бо касоне аз аҳли китоб, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Худову паёмбараш ҳаром кардаст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ дар айни хорӣ ҷизя (хироҷ) бидиҳанд. قَاتِلُواْ الَّذِينَ لاَ يُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَلاَ بِالْيَوْمِ الآخِرِ وَلاَ يُحَرِّمُونَ مَا حَرَّمَ اللّهُ وَرَسُولُهُ وَلاَ يَدِينُونَ دِينَ الْحَقِّ مِنَ لَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَابَ حَتَّى يُعْطُواْ الْجِزْيَةَ عَن يَدٍ وَهُمْ صَاغِرُونَ
30 Яҳуд гуфтанд, ки Узайр писари Худост ва насоро гуфтанд, ки Исо писари Худост. Ин сухан, ки мегӯянд, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд. Худо бикушадашон. Чӣ гуна аз ҳақ гумроҳашон мекунанд? وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللّهِ وَقَالَتْ النَّصَارَى الْمَسِيحُ ابْنُ اللّهِ ذَلِكَ قَوْلُهُم بِأَفْوَاهِهِمْ يُضَاهِؤُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَبْلُ قَاتَلَهُمُ اللّهُ أَنَّى يُؤْفَكُونَ
31 Олимону обидони хеш ва Масеҳ — писари Марямро ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ гирифтанд ва ҳол он, ки маъмур буданд, ки танҳо як худоро бипарастанд, ки ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Пок аст аз он чӣ шарикаш месозанд! اتَّخَذُواْ أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُواْ إِلاَّ لِيَعْبُدُواْ إِلَـهًا وَاحِدًا لاَّ إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ
32 Мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ба камол расонидани нури худро намехоҳад. Ҳарчанд кофиронро хуш наёяд. يُرِيدُونَ أَن يُطْفِؤُواْ نُورَ اللّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللّهُ إِلاَّ أَن يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ
33 Ӯ касест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд. هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ
34 Эй касоне, ки имон овардаед, бисёре аз олимону обидон амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд. Ва касонеро, ки зару сим ҷамъ мекунанд ва дар роҳи Худо харҷаш намекунанд, ба азобе дардовар хабар деҳ, يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّ كَثِيراً مِّنَ الأَحْبَارِ وَالرُّهْبَانِ لَيَأْكُلُونَ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ اللّهِ وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلاَ يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللّهِ فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
35 рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам гудохта шаванд ва пешониву паҳлӯ ва пушташонро бо он доғ кунанд. Ин аст он чизе, ки барои худ ҷамъ карда будед. Ҳоло таъми захираи хешро бичашед! يَوْمَ يُحْمَى عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَى بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ هَـذَا مَا كَنَزْتُمْ لأَنفُسِكُمْ فَذُوقُواْ مَا كُنتُمْ تَكْنِزُونَ
36 Шумори моҳҳо дар назди Худо, дар китоби Худо аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ моҳҳои ҳароманд. Ин аст дини дуруст. Дар он моҳҳо бар хештан ситам макунед. Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст! إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِندَ اللّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَات وَالأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلاَ تَظْلِمُواْ فِيهِنَّ أَنفُسَكُمْ وَقَاتِلُواْ الْمُشْرِكِينَ كَآفَّةً كَمَا يُقَاتِلُونَكُمْ كَآفَّةً وَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ
37 Ба дер партофтани моҳҳои ҳаром афзунӣ дар куфр аст ва сабаби гумроҳии кофирон. Онҳо як сол он моҳро ҳалол мешумурданд ва як сол ҳаром, то бо он шумор, ки Худо ҳаром кардааст, мувофиқ ёбанд. Пас он чиро, ки Худо ҳаром карда, ҳалол мешуморанд. Кирдори нописандашон дар назарашон ороста гардида ва Худо кофиронро ҳидоят намекунад! إِنَّمَا النَّسِيءُ زِيَادَةٌ فِي الْكُفْرِ يُضَلُّ بِهِ الَّذِينَ كَفَرُواْ يُحِلِّونَهُ عَامًا وَيُحَرِّمُونَهُ عَامًا لِّيُوَاطِؤُواْ عِدَّةَ مَا حَرَّمَ اللّهُ فَيُحِلُّواْ مَا حَرَّمَ اللّهُ زُيِّنَ لَهُمْ سُوءُ أَعْمَالِهِمْ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ
38 Эй касоне, ки имон овардаед, барои чӣ чун ба шумо гӯянд, ки барои ҷанг дар роҳи Худо ҷамъ шавед, гӯё ба замин мечаспед? Оё ба ҷои зиндагии ухравӣ ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Матоъи ин дунё дар баробари матоъи охират ғайри андаке ҳеҷ нест. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ مَا لَكُمْ إِذَا قِيلَ لَكُمُ انفِرُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ اثَّاقَلْتُمْ إِلَى الأَرْضِ أَرَضِيتُم بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الآخِرَةِ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الآخِرَةِ إِلاَّ قَلِيلٌ
39 Агар ба ҷанг ҷамъ нашавед. Худо шуморо ба шиканҷае дарднок азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо интихоб кунад ва ба Худо низ зиёне намерасонед, ки Худо бар ҳар коре тавоност! إِلاَّ تَنفِرُواْ يُعَذِّبْكُمْ عَذَابًا أَلِيمًا وَيَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلاَ تَضُرُّوهُ شَيْئًا وَاللّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
40 Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!» Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст! إِلاَّ تَنصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُواْ ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لاَ تَحْزَنْ إِنَّ اللّهَ مَعَنَا فَأَنزَلَ اللّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَّمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُواْ السُّفْلَى وَكَلِمَةُ اللّهِ هِيَ الْعُلْيَا وَاللّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
41 Ба ҷанг биравед, хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Агар бидонед, хайри шумо дар ин аст! انْفِرُواْ خِفَافًا وَثِقَالاً وَجَاهِدُواْ بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنفُسِكُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
42 Агар матоъе даст ёфтанӣ бувад ё сафаре бувад на чандон дароз, аз паи ту меомаданд, вале акнун, ки роҳ дароз шудааст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Худо қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд. Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд. لَوْ كَانَ عَرَضًا قَرِيبًا وَسَفَرًا قَاصِدًا لاَّتَّبَعُوكَ وَلَـكِن بَعُدَتْ عَلَيْهِمُ الشُّقَّةُ وَسَيَحْلِفُونَ بِاللّهِ لَوِ اسْتَطَعْنَا لَخَرَجْنَا مَعَكُمْ يُهْلِكُونَ أَنفُسَهُمْ وَاللّهُ يَعْلَمُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ
43 Худоят афв кунад, Чаро ба онон рухсати мондан додӣ? Мебоист онҳо, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ. عَفَا اللّهُ عَنكَ لِمَ أَذِنتَ لَهُمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُواْ وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ
44 Онон, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барон ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон аз ту рухсат намехоҳанд ва Худо парҳезгоронро мешиносад! لاَ يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ أَن يُجَاهِدُواْ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ بِالْمُتَّقِينَ
45 Касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афканда ас, т, аз ту рухсат мехоҳанд, إِنَّمَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ لاَ يُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ وَارْتَابَتْ قُلُوبُهُمْ فَهُمْ فِي رَيْبِهِمْ يَتَرَدَّدُونَ
46 Агар мехостанд, ки ба ҷанг берун шаванд, барои худ асбоби сафар омода карда буданд, вале Худо сафарбар шудани ононро нохуш дошт ва аз ҷангашон боздошт ва ба онҳо гуфта шуд, ки ҳамроҳи касоне, ки бояд дар хона бинишинанд, дар хона бинишинед. وَلَوْ أَرَادُواْ الْخُرُوجَ لأَعَدُّواْ لَهُ عُدَّةً وَلَـكِن كَرِهَ اللّهُ انبِعَاثَهُمْ فَثَبَّطَهُمْ وَقِيلَ اقْعُدُواْ مَعَ الْقَاعِدِينَ
47 Агар бо шумо ба ҷанг берун омада буданд, чизе ҷуз изтироб ба шумо намеафзуданд ва то фитнаангезӣ кунанд ва барои душманон ба ҷосусӣ пардозанд, дар миёни шумо рахна мекарданд ва Худо ба ситамкорон огоҳ аст! لَوْ خَرَجُواْ فِيكُم مَّا زَادُوكُمْ إِلاَّ خَبَالاً ولأَوْضَعُواْ خِلاَلَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ
48 Пеш аз ин ҳам фитнагарӣ мекарданд ва корҳоро барои ту вожгуна ҷилва медоданд то он гоҳ, ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Худованд ошкор шуд, дар ҳоле, ки аз он нописандӣ доштанд. لَقَدِ ابْتَغَوُاْ الْفِتْنَةَ مِن قَبْلُ وَقَلَّبُواْ لَكَ الأُمُورَ حَتَّى جَاء الْحَقُّ وَظَهَرَ أَمْرُ اللّهِ وَهُمْ كَارِهُونَ
49 Баъзе аз онон мегӯянд: «Маро рухсат деҳ ва ба гуноҳ маяндоз». Огоҳ бош, ки инҳо худ дар гуноҳ афтодаанд ва ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад, وَمِنْهُم مَّن يَقُولُ ائْذَن لِّي وَلاَ تَفْتِنِّي أَلاَ فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُواْ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ
50 Агар хайре ба ту расад, андӯҳгинашон созад ва агар ба ту мусибате расад, мегӯянд: «Мо чораи кори худ пеш аз ин андешидаем». Он гоҳ шодмон бозмегарданд. إِن تُصِبْكَ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ وَإِن تُصِبْكَ مُصِيبَةٌ يَقُولُواْ قَدْ أَخَذْنَا أَمْرَنَا مِن قَبْلُ وَيَتَوَلَّواْ وَّهُمْ فَرِحُونَ
51 Бигӯ: «Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст, ба мо нахоҳад расид. Ӯ мавлои мост ва мӯъминон бар Худо таваккал кунанд». قُل لَّن يُصِيبَنَا إِلاَّ مَا كَتَبَ اللّهُ لَنَا هُوَ مَوْلاَنَا وَعَلَى اللّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ
52 Бигӯ: «Оё ҷуз яке аз он ду некӣ интизори чизи дигареро барои мо доред? Вале мо мунтазирем, ки азоби Худо ё аз ҷониби Ӯ ё ба дасти мо ба шумо бирасад. Пас шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем». قُلْ هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنَا إِلاَّ إِحْدَى الْحُسْنَيَيْنِ وَنَحْنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمْ أَن يُصِيبَكُمُ اللّهُ بِعَذَابٍ مِّنْ عِندِهِ أَوْ بِأَيْدِينَا فَتَرَبَّصُواْ إِنَّا مَعَكُم مُّتَرَبِّصُونَ
53 Бигӯ: «Худо аз шумо намепазирад, чӣ аз рӯи ризо харҷ кунед, чи аз рӯи норизоӣ, зеро мардуме нофармон ҳастед». قُلْ أَنفِقُواْ طَوْعًا أَوْ كَرْهًا لَّن يُتَقَبَّلَ مِنكُمْ إِنَّكُمْ كُنتُمْ قَوْمًا فَاسِقِينَ
54 Ҳеҷ чиз монеъи қабули харҷҳояшон нашуда, ғаири он ки ба Худову паёмбараш имон наёваранд ва бо бемайлӣ ба намоз ҳозир мешаванд ва ба норизоӣ нафақа мекунанд. وَمَا مَنَعَهُمْ أَن تُقْبَلَ مِنْهُمْ نَفَقَاتُهُمْ إِلاَّ أَنَّهُمْ كَفَرُواْ بِاللّهِ وَبِرَسُولِهِ وَلاَ يَأْتُونَ الصَّلاَةَ إِلاَّ وَهُمْ كُسَالَى وَلاَ يُنفِقُونَ إِلاَّ وَهُمْ كَارِهُونَ
55 Дороиву фарзандонашон туро ба ҳайрат наандозад. Барои онанд, ки Худо мехоҳад ба онҳо дар ин дунё азобашон кунад ва дар ҳоле, ки ҳанӯз кофиранд, ҷонашон барояд. فَلاَ تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَلاَ أَوْلاَدُهُمْ إِنَّمَا يُرِيدُ اللّهُ لِيُعَذِّبَهُم بِهَا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ
56 Ба Худо савганд мехӯранд, ки аз шумоянд ва ҳол он ки аз шумо нестанд, инҳо аз шумо бимноканд. وَيَحْلِفُونَ بِاللّهِ إِنَّهُمْ لَمِنكُمْ وَمَا هُم مِّنكُمْ وَلَـكِنَّهُمْ قَوْمٌ يَفْرَقُونَ
57 Агар паноҳгоҳ ё ғор ё ниҳонгоҳе меёфтанд, шитобон ба он ҷо рӯй меоварданд. لَوْ يَجِدُونَ مَلْجَأً أَوْ مَغَارَاتٍ أَوْ مُدَّخَلاً لَّوَلَّوْاْ إِلَيْهِ وَهُمْ يَجْمَحُونَ
58 Баъзе аз онҳо туро дар тақсими садақот ба зулм муттаҳам мекунанд, агар ба онҳо ато кунанд, хушнуд мешаванд ва агар ато накунанд, хашм мегиранд. وَمِنْهُم مَّن يَلْمِزُكَ فِي الصَّدَقَاتِ فَإِنْ أُعْطُواْ مِنْهَا رَضُواْ وَإِن لَّمْ يُعْطَوْاْ مِنهَا إِذَا هُمْ يَسْخَطُونَ
59 Чӣ мешавад, агар ба он чӣ Худову паёмбараш ба онон ато мекунад, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Худо моро бас аст ва Худову паёмбараш моро аз фазли худ бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Худо рағбат мекунем?» وَلَوْ أَنَّهُمْ رَضُوْاْ مَا آتَاهُمُ اللّهُ وَرَسُولُهُ وَقَالُواْ حَسْبُنَا اللّهُ سَيُؤْتِينَا اللّهُ مِن فَضْلِهِ وَرَسُولُهُ إِنَّا إِلَى اللّهِ رَاغِبُونَ
60 Садақот барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст! إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاء وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللّهِ وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
61 Баъзе аз онҳо паёмбарро меозоранду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад. Бигӯ: «Ӯ барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Худо имон дорад ва мӯъминонро бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки имон овардаанд. Ва онон, ки расули Худоро биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд. وَمِنْهُمُ الَّذِينَ يُؤْذُونَ النَّبِيَّ وَيِقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ قُلْ أُذُنُ خَيْرٍ لَّكُمْ يُؤْمِنُ بِاللّهِ وَيُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِينَ وَرَحْمَةٌ لِّلَّذِينَ آمَنُواْ مِنكُمْ وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ رَسُولَ اللّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
62 Дар баробари шумо ба Худо савганд мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар имон овардаанд, шоистатар аст, ки Худову расулашро хушнуд созанд. يَحْلِفُونَ بِاللّهِ لَكُمْ لِيُرْضُوكُمْ وَاللّهُ وَرَسُولُهُ أَحَقُّ أَن يُرْضُوهُ إِن كَانُواْ مُؤْمِنِينَ
63 Оё намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Худову паёмбараш зиддият мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест? أَلَمْ يَعْلَمُواْ أَنَّهُ مَن يُحَادِدِ اللّهَ وَرَسُولَهُ فَأَنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدًا فِيهَا ذَلِكَ الْخِزْيُ الْعَظِيمُ
64 Мунофиқон метарсанд, ки мабод аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чӣ дар дил пинҳон кардаанд бохабарашон созад. Бигӯ: «Масхара кунед, ки Худо он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт». يَحْذَرُ الْمُنَافِقُونَ أَن تُنَزَّلَ عَلَيْهِمْ سُورَةٌ تُنَبِّئُهُمْ بِمَا فِي قُلُوبِهِم قُلِ اسْتَهْزِئُواْ إِنَّ اللّهَ مُخْرِجٌ مَّا تَحْذَرُونَ
65 Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ мекардед? Мегӯянд: «Мо бо ҳам харф мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Худо ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?» وَلَئِن سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ قُلْ أَبِاللّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ
66 Узр наёваред. Пас аз имон кофир шудаед. Агар аз гуноҳи гурӯҳе аз шумо бигузарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор шудаанд, азоб хоҳем кард. لاَ تَعْتَذِرُواْ قَدْ كَفَرْتُم بَعْدَ إِيمَانِكُمْ إِن نَّعْفُ عَن طَآئِفَةٍ مِّنكُمْ نُعَذِّبْ طَآئِفَةً بِأَنَّهُمْ كَانُواْ مُجْرِمِينَ
67 Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ҳама ҳамонанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва мушти худро аз харҷи дар рохи Худо мебанданд. Худоро фаромӯш кардаанд. Худо низ эшонро фаромӯш кардааст, зеро мунофиқон нофармононанд. الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ بَعْضُهُم مِّن بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمُنكَرِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ وَيَقْبِضُونَ أَيْدِيَهُمْ نَسُواْ اللّهَ فَنَسِيَهُمْ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ هُمُ الْفَاسِقُونَ
68 Худо ба мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Худо бар онҳо бод ва ба азобе пойдор гирифтор хоҳанд шуд. وَعَدَ الله الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا هِيَ حَسْبُهُمْ وَلَعَنَهُمُ اللّهُ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُّقِيمٌ
69 Ҳамонанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандонн бештар, Онҳо аз насиби хеш баҳраманд шуданд. Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд. كَالَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ كَانُواْ أَشَدَّ مِنكُمْ قُوَّةً وَأَكْثَرَ أَمْوَالاً وَأَوْلاَدًا فَاسْتَمْتَعُواْ بِخَلاقِهِمْ فَاسْتَمْتَعْتُم بِخَلاَقِكُمْ كَمَا اسْتَمْتَعَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ بِخَلاَقِهِمْ وَخُضْتُمْ كَالَّذِي خَاضُواْ أُوْلَـئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الُّدنْيَا وَالآخِرَةِ وَأُوْلَئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ
70 Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Оду Самуд ва қавми Иброҳиму асҳоби Мадяну Муътафикаро нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор бар онҳо фиристода шуданд? Худо ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд! أَلَمْ يَأْتِهِمْ نَبَأُ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَقَوْمِ إِبْرَاهِيمَ وِأَصْحَابِ مَدْيَنَ وَالْمُؤْتَفِكَاتِ أَتَتْهُمْ رُسُلُهُم بِالْبَيِّنَاتِ فَمَا كَانَ اللّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَـكِن كَانُواْ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
71 Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоист бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст! وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاء بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ الصَّلاَةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَيُطِيعُونَ اللّهَ وَرَسُولَهُ أُوْلَـئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللّهُ إِنَّ اللّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
72 Худо ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар биҳишти ҷовид. Вале хушнудии Худо аз ҳама бузургтар аст, ки пирӯзии бузург хушнудии Худованд аст! وَعَدَ اللّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ وَرِضْوَانٌ مِّنَ اللّهِ أَكْبَرُ ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
73 Эй паёмбар, бо кофирону мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест! يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
74 Ба Худо савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд. Айбҷӯиашон аз он рӯст, ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо босарваташон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯйгардон шаванд. Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададкоре! يَحْلِفُونَ بِاللّهِ مَا قَالُواْ وَلَقَدْ قَالُواْ كَلِمَةَ الْكُفْرِ وَكَفَرُواْ بَعْدَ إِسْلاَمِهِمْ وَهَمُّواْ بِمَا لَمْ يَنَالُواْ وَمَا نَقَمُواْ إِلاَّ أَنْ أَغْنَاهُمُ اللّهُ وَرَسُولُهُ مِن فَضْلِهِ فَإِن يَتُوبُواْ يَكُ خَيْرًا لَّهُمْ وَإِن يَتَوَلَّوْا يُعَذِّبْهُمُ اللّهُ عَذَابًا أَلِيمًا فِي الدُّنْيَا وَالآخِرَةِ وَمَا لَهُمْ فِي الأَرْضِ مِن وَلِيٍّ وَلاَ نَصِيرٍ
75 Баъзе аз онҳо бо Худо паймон бастанд, ки агар аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон медароем. وَمِنْهُم مَّنْ عَاهَدَ اللّهَ لَئِنْ آتَانَا مِن فَضْلِهِ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ الصَّالِحِينَ
76 Чун Худо аз фазли худ моле насибашон кард, бахилӣ карданд ва ба рӯйгардонӣ бозгаштанд. فَلَمَّا آتَاهُم مِّن فَضْلِهِ بَخِلُواْ بِهِ وَتَوَلَّواْ وَّهُم مُّعْرِضُونَ
77 Ва аз он пас то рӯзе, ки бо ӯ мулоқот кунанд, бо он ваъдахилофӣ бо Худо ва он дурӯғҳо, ки мегуфтанд, дилҳояшонро ҷои нифоқ сохт. فَأَعْقَبَهُمْ نِفَاقًا فِي قُلُوبِهِمْ إِلَى يَوْمِ يَلْقَوْنَهُ بِمَا أَخْلَفُواْ اللّهَ مَا وَعَدُوهُ وَبِمَا كَانُواْ يَكْذِبُونَ
78 Оё намедонанд, ки Худо рози дили онҳоро медонад ва аз пич-пич карданашон огоҳ аст? Зеро Ӯст, ки донои ниҳонҳост. أَلَمْ يَعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ يَعْلَمُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ وَأَنَّ اللّهَ عَلاَّمُ الْغُيُوبِ
79 Худованд ба масхара мегирад касонеро, ки бар мӯъминоне, ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст. الَّذِينَ يَلْمِزُونَ الْمُطَّوِّعِينَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ فِي الصَّدَقَاتِ وَالَّذِينَ لاَ يَجِدُونَ إِلاَّ جُهْدَهُمْ فَيَسْخَرُونَ مِنْهُمْ سَخِرَ اللّهُ مِنْهُمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
80 Мехоҳӣ барояшон бахшиш бихоҳ мехоҳӣ бахшиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон бахшиш бихоҳӣ. Худояшон нахоҳад бахшид, зеро ба Худову паёмбараш имон надоранд ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад! اسْتَغْفِرْ لَهُمْ أَوْ لاَ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ إِن تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً فَلَن يَغْفِرَ اللّهُ لَهُمْ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ كَفَرُواْ بِاللّهِ وَرَسُولِهِ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ
81 Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Худо ақибнишинӣ карданд, хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Худо нохуш шумурданду гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!» Агар мефаҳманд, бигӯ: «Гармии оташи ҷаҳаннам бештар аст!» فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلاَفَ رَسُولِ اللّهِ وَكَرِهُواْ أَن يُجَاهِدُواْ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَقَالُواْ لاَ تَنفِرُواْ فِي الْحَرِّ قُلْ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا لَّوْ كَانُوا يَفْقَهُونَ
82 Ба ҷазои аъмоле, ки анҷом додаанд, бояд, ки андак биханданд ва фаровон бигирянд! فَلْيَضْحَكُواْ قَلِيلاً وَلْيَبْكُواْ كَثِيراً جَزَاء بِمَا كَانُواْ يَكْسِبُونَ
83 Агар Худо туро аз ҷанг бозгардонид ва бо гурӯҳе аз онҳо дидор кардӣ ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд, бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас акнун ҳам бо онон, ки аз фармон хилофкорӣ кардаанд, дар хона бимонед!» فَإِن رَّجَعَكَ اللّهُ إِلَى طَآئِفَةٍ مِّنْهُمْ فَاسْتَأْذَنُوكَ لِلْخُرُوجِ فَقُل لَّن تَخْرُجُواْ مَعِيَ أَبَدًا وَلَن تُقَاتِلُواْ مَعِيَ عَدُوًّا إِنَّكُمْ رَضِيتُم بِالْقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقْعُدُواْ مَعَ الْخَالِفِينَ
84 Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун ва бар қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд! وَلاَ تُصَلِّ عَلَى أَحَدٍ مِّنْهُم مَّاتَ أَبَدًا وَلاَ تَقُمْ عَلَىَ قَبْرِهِ إِنَّهُمْ كَفَرُواْ بِاللّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُواْ وَهُمْ فَاسِقُونَ
85 Амволу авлодашон ба ҳайр'атат наяфканад. Худо мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар айни куфр ҷон бисупоранд. وَلاَ تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَأَوْلاَدُهُمْ إِنَّمَا يُرِيدُ اللّهُ أَن يُعَذِّبَهُم بِهَا فِي الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ
86 Чун сурае нозил шуд, ки ба Худо имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!» وَإِذَا أُنزِلَتْ سُورَةٌ أَنْ آمِنُواْ بِاللّهِ وَجَاهِدُواْ مَعَ رَسُولِهِ اسْتَأْذَنَكَ أُوْلُواْ الطَّوْلِ مِنْهُمْ وَقَالُواْ ذَرْنَا نَكُن مَّعَ الْقَاعِدِينَ
87 Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи хонанишинон бошанд, бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуда ва намефаҳманд. رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ الْخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَى قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لاَ يَفْقَهُونَ
88 Вале паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон! لَـكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُواْ مَعَهُ جَاهَدُواْ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ وَأُوْلَـئِكَ لَهُمُ الْخَيْرَاتُ وَأُوْلَـئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
89 Худо барояшон биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо дар он равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд, омода кардааст. Ин аст наҷоти бузург! أَعَدَّ اللّهُ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
90 Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва узр оварданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки ба Худову паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азобе дардовар хоҳад расид! وَجَاء الْمُعَذِّرُونَ مِنَ الأَعْرَابِ لِيُؤْذَنَ لَهُمْ وَقَعَدَ الَّذِينَ كَذَبُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ سَيُصِيبُ الَّذِينَ كَفَرُواْ مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
91 Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хеш намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Худову паёмбараш ихлос кунанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! لَّيْسَ عَلَى الضُّعَفَاء وَلاَ عَلَى الْمَرْضَى وَلاَ عَلَى الَّذِينَ لاَ يَجِدُونَ مَا يُنفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُواْ لِلّهِ وَرَسُولِهِ مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِن سَبِيلٍ وَاللّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
92 Ва низ бар онон, ки назди ту омаданд, то маркаб барои набардашон диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки маркабе надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ наёфтанд ва ашкрезону ғамгин бозгаштанд, гуноҳе нест. وَلاَ عَلَى الَّذِينَ إِذَا مَا أَتَوْكَ لِتَحْمِلَهُمْ قُلْتَ لاَ أَجِدُ مَا أَحْمِلُكُمْ عَلَيْهِ تَوَلَّواْ وَّأَعْيُنُهُمْ تَفِيضُ مِنَ الدَّمْعِ حَزَنًا أَلاَّ يَجِدُواْ مَا يُنفِقُونَ
93 Хашму азоби Худо бар касонест, ки дар айни тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Худо дилҳояшонро мӯҳр барниҳода аст, ки намедонанд. إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ وَهُمْ أَغْنِيَاء رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ الْخَوَالِفِ وَطَبَعَ اللّهُ عَلَى قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لاَ يَعْلَمُونَ
94 Чун шумо ба наздашон бозгардед, меоянду узр меоваранд. Бигӯ: «Узр маёваред, гуфторатонро бовар надорем, ки Худо моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Худову паёмбараш ба аъмоли шумо хоҳанд расид. Он гоҳ шуморо назди он Худованде, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!» يَعْتَذِرُونَ إِلَيْكُمْ إِذَا رَجَعْتُمْ إِلَيْهِمْ قُل لاَّ تَعْتَذِرُواْ لَن نُّؤْمِنَ لَكُمْ قَدْ نَبَّأَنَا اللّهُ مِنْ أَخْبَارِكُمْ وَسَيَرَى اللّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَى عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
95 Чун ба наздашон бозгардед, бароятон савганд Мехӯранд, то аз хатояшон даргузарсд. Аз онҳо рӯй гардонед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд! سَيَحْلِفُونَ بِاللّهِ لَكُمْ إِذَا انقَلَبْتُمْ إِلَيْهِمْ لِتُعْرِضُواْ عَنْهُمْ فَأَعْرِضُواْ عَنْهُمْ إِنَّهُمْ رِجْسٌ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ جَزَاء بِمَا كَانُواْ يَكْسِبُونَ
96 Бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Худо аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд! يَحْلِفُونَ لَكُمْ لِتَرْضَوْاْ عَنْهُمْ فَإِن تَرْضَوْاْ عَنْهُمْ فَإِنَّ اللّهَ لاَ يَرْضَى عَنِ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ
97 Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба бехабарӣ аз ҳукмҳое, ки Худо бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худо донову ҳаким аст! الأَعْرَابُ أَشَدُّ كُفْرًا وَنِفَاقًا وَأَجْدَرُ أَلاَّ يَعْلَمُواْ حُدُودَ مَا أَنزَلَ اللّهُ عَلَى رَسُولِهِ وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
98 Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки харҷ мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибате бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Худо шунавову доност! وَمِنَ الأَعْرَابِ مَن يَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ مَغْرَمًا وَيَتَرَبَّصُ بِكُمُ الدَّوَائِرَ عَلَيْهِمْ دَآئِرَةُ السَّوْءِ وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
99 Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Худову рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки харҷ мекунанд, барои наздик шудан ба Худо ва ба хотири дуъои паёмбар харҷ мекуканд. Бидонед, ки ҳамин сабаби наздикияшон ба Худо хоҳад шуд ва Худо ба раҳмати хеш дохилашон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст! وَمِنَ الأَعْرَابِ مَن يُؤْمِنُ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ قُرُبَاتٍ عِندَ اللّهِ وَصَلَوَاتِ الرَّسُولِ أَلا إِنَّهَا قُرْبَةٌ لَّهُمْ سَيُدْخِلُهُمُ اللّهُ فِي رَحْمَتِهِ إِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
100 Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон ва аҳли Мадина, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва онҳо низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо нахрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург! وَالسَّابِقُونَ الأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالأَنصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُم بِإِحْسَانٍ رَّضِيَ اللّهُ عَنْهُمْ وَرَضُواْ عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
101 Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки гирди шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, мо мешиносемашон ва ду бор азобашон хоҳем кард ва ба азоби бузург гирифтор мешаванд. وَمِمَّنْ حَوْلَكُم مِّنَ الأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ مَرَدُواْ عَلَى النِّفَاقِ لاَ تَعْلَمُهُمْ نَحْنُ نَعْلَمُهُمْ سَنُعَذِّبُهُم مَّرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَى عَذَابٍ عَظِيمٍ
102 Ва гурӯҳе дигар ба гуноҳи худ эътироф карданд, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд. Шояд Худо тавбаашонро бипазирад, зеро Худо омурзандаву меҳрубон аст! وَآخَرُونَ اعْتَرَفُواْ بِذُنُوبِهِمْ خَلَطُواْ عَمَلاً صَالِحًا وَآخَرَ سَيِّئًا عَسَى اللّهُ أَن يَتُوبَ عَلَيْهِمْ إِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
103 Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва барояшон дуъо кун, зеро дуъои ту мояи оромиши онҳост ва Худо шунавову доност! خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِم بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ إِنَّ صَلاَتَكَ سَكَنٌ لَّهُمْ وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
104 Оё ҳанӯз надонистаанд, ки Худост, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва садақотро меситонад ва Худост, ки тавбапазиру меҳрубон аст? أَلَمْ يَعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
105 Бигӯ: «Амал кунед, Худову паёмбараш аз мӯъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донои ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва Ӯ аз амалҳоятон огоҳатон хоҳад кард». وَقُلِ اعْمَلُواْ فَسَيَرَى اللّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ وَالْمُؤْمِنُونَ وَسَتُرَدُّونَ إِلَى عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
106 Ва гурӯҳе дигар ба машийяти (хости) Худованд вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад ё тавбаашонро мепазирад. Ва Худо донову ҳаким аст! وَآخَرُونَ مُرْجَوْنَ لِأَمْرِ اللّهِ إِمَّا يُعَذِّبُهُمْ وَإِمَّا يَتُوبُ عَلَيْهِمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
107 Худо шоҳидӣ медиҳад: «Онҳое, ки масҷиде месозанд, то ба мӯъминон зиён расонанд ва миёнашон куфру ҷудои андозанд ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худову паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад, он гоҳ савганд мехӯранд, ки моро қасде ҷуз некӯкорӣ набуда аст, дурӯғ мегӯянд». وَالَّذِينَ اتَّخَذُواْ مَسْجِدًا ضِرَارًا وَكُفْرًا وَتَفْرِيقًا بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَإِرْصَادًا لِّمَنْ حَارَبَ اللّهَ وَرَسُولَهُ مِن قَبْلُ وَلَيَحْلِفَنَّ إِنْ أَرَدْنَا إِلاَّ الْحُسْنَى وَاللّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ
108 Ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуда, шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз кунӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд покиза бошанд, зеро Худо покизагонро дӯст дорад. لاَ تَقُمْ فِيهِ أَبَدًا لَّمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوَى مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَن تَقُومَ فِيهِ فِيهِ رِجَالٌ يُحِبُّونَ أَن يَتَطَهَّرُواْ وَاللّهُ يُحِبُّ الْمُطَّهِّرِينَ
109 Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарс аз Худо ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селгоҳе, ки об зери онро шуста бошад, ниҳодааст, то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Худо мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад. أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى تَقْوَى مِنَ اللّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَم مَّنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىَ شَفَا جُرُفٍ هَارٍ فَانْهَارَ بِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
110 Он бино, ки баровардаанд, ҳамеша мояи ташвиш дар дилашон хоҳад буд, то он ҳангом, ки дилашон пора-пора гардад. Ва Худо донову ҳаким аст! لاَ يَزَالُ بُنْيَانُهُمُ الَّذِي بَنَوْاْ رِيبَةً فِي قُلُوبِهِمْ إِلاَّ أَن تَقَطَّعَ قُلُوبُهُمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
111 Худо аз мӯъминон ҷонҳову молҳояшонро харид, то биҳишт аз онон бошад. Дар роҳи Худо ҷанг мекунанд, чӣ бикушанд ё кушта шаванд, ваъдае, ки Худо дар Тавроту Инҷил ва Қуръон дода аст, ба ҳақ бар ӯҳдаи Ӯст. Ва чӣ касе беҳтар аз Худо ба аҳди худ вафо хоҳад кард? Ба ин хариду фурӯхт, ки кардаед, шод бошед, ки комёбии бузургест! إِنَّ اللّهَ اشْتَرَى مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُم بِأَنَّ لَهُمُ الجَنَّةَ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللّهِ فَيَقْتُلُونَ وَيُقْتَلُونَ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْرَاةِ وَالإِنجِيلِ وَالْقُرْآنِ وَمَنْ أَوْفَى بِعَهْدِهِ مِنَ اللّهِ فَاسْتَبْشِرُواْ بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُم بِهِ وَذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
112 Тавбакунандагонанд, парастандагонанд, шукргузоронанд, рӯзадоронанд, руқуъкунандагонанд, саҷдакунандагонанд, амркунандагон ба маъруф ва манъкунандагон аз мункаранд, ва ҳофизони ҳудуди Худоянд! Ва мӯъминонро хушхабар деҳ! التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدونَ الآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنكَرِ وَالْحَافِظُونَ لِحُدُودِ اللّهِ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ
113 Набояд паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд, барои мушрикон, ҳарчанд аз хешовандон бошанд, пас аз он ки донистанд, ки ба ҷаҳаннам мераванд, талаби бахшоиш кунанд. مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَالَّذِينَ آمَنُواْ أَن يَسْتَغْفِرُواْ لِلْمُشْرِكِينَ وَلَوْ كَانُواْ أُوْلِي قُرْبَى مِن بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُمْ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ
114 Бахшоиш хостани Иброҳим барои падараш набуд, ғайри хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст. Зеро Иброҳим бисёр худойтарсу бурдбор буд! وَمَا كَانَ اسْتِغْفَارُ إِبْرَاهِيمَ لِأَبِيهِ إِلاَّ عَن مَّوْعِدَةٍ وَعَدَهَا إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِلّهِ تَبَرَّأَ مِنْهُ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لأوَّاهٌ حَلِيمٌ
115 Худо қавмеро, ки ҳидоят кардааст, гумроҳ намекунад, то барояшон равшан кунад, ки аз чӣ чиз бояд бипарҳезанд, ки Худо бар ҳар чизе доност! وَمَا كَانَ اللّهُ لِيُضِلَّ قَوْمًا بَعْدَ إِذْ هَدَاهُمْ حَتَّى يُبَيِّنَ لَهُم مَّا يَتَّقُونَ إِنَّ اللّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
116 Фармонравоии осмонҳову замин аз они Худост! Зинда мекунаду мемиронад ва шуморо ҷуз Худо дӯстдору ёваре нест. إِنَّ اللّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ يُحْيِـي وَيُمِيتُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ اللّهِ مِن وَلِيٍّ وَلاَ نَصِيرٍ
117 Худо тавбаи паёмбару муҳоҷирин ва ансорро, ки дар он соати усрат ҳамроҳи Ӯ буданд, аз он пас, ки наздик буд, ки гурӯҳеро дил аз ҷанг бигардад, пазируфт. Тавбаашон пазируфт, зеро ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст! لَقَد تَّابَ الله عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالأَنصَارِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ الْعُسْرَةِ مِن بَعْدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٍ مِّنْهُمْ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ إِنَّهُ بِهِمْ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ
118 Ва низ Худо пазируфт тавбаи он се танро, ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид ва худ донистанд, ки ҷуз Худованд ҳеҷ паноҳгоҳе, ки ба он рӯй оваранд, надоранд. Пас Худованд тавбаи онон пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст! وَعَلَى الثَّلاَثَةِ الَّذِينَ خُلِّفُواْ حَتَّى إِذَا ضَاقَتْ عَلَيْهِمُ الأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ وَضَاقَتْ عَلَيْهِمْ أَنفُسُهُمْ وَظَنُّواْ أَن لاَّ مَلْجَأَ مِنَ اللّهِ إِلاَّ إِلَيْهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ لِيَتُوبُواْ إِنَّ اللّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
119 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён бошед! يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اتَّقُواْ اللّهَ وَكُونُواْ مَعَ الصَّادِقِينَ
120 Аҳли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро нарасад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Худо кафокашӣ намоянд ва набояд, ки аз Ӯ ба худ (яъне аз Ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд) пардозанд. Зеро дар роҳи Худо ҳеҷ ташнагӣ ба онҳо чира нашавад ё ба ранҷ наафтанд, ё ба гуруснагӣ дучор нагарданд ё қадаме, ки кофиронро хашмгин созад, барнадоранд, ё ба душман дастбурде назананд, магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Худо подоши некӯкоронро нобуд намесозад! مَا كَانَ لِأَهْلِ الْمَدِينَةِ وَمَنْ حَوْلَهُم مِّنَ الأَعْرَابِ أَن يَتَخَلَّفُواْ عَن رَّسُولِ اللّهِ وَلاَ يَرْغَبُواْ بِأَنفُسِهِمْ عَن نَّفْسِهِ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ لاَ يُصِيبُهُمْ ظَمَأٌ وَلاَ نَصَبٌ وَلاَ مَخْمَصَةٌ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَلاَ يَطَؤُونَ مَوْطِئًا يَغِيظُ الْكُفَّارَ وَلاَ يَنَالُونَ مِنْ عَدُوٍّ نَّيْلاً إِلاَّ كُتِبَ لَهُم بِهِ عَمَلٌ صَالِحٌ إِنَّ اللّهَ لاَ يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
121 Ва ҳеҷ моле — чӣ андаку чӣ бисёр — харҷ накунанд ва аз ҳеҷ водие нагзаранд, магар он ки ба ҳисобашон навишта шавад, то Худо подошашон диҳад, чун подоши некӯтарин коре, ки мекардаанд. وَلاَ يُنفِقُونَ نَفَقَةً صَغِيرَةً وَلاَ كَبِيرَةً وَلاَ يَقْطَعُونَ وَادِيًا إِلاَّ كُتِبَ لَهُمْ لِيَجْزِيَهُمُ اللّهُ أَحْسَنَ مَا كَانُواْ يَعْمَلُون
122 Ва натавонанд мӯъминон, ки ҳамагӣ ба сафар раванд. Чаро аз ҳар гурӯҳе дастае ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмузанд ва чун бозгаштанд, мардуми худро хушдор диҳанд, бошад, ки аз зишткорӣ ҳазар кунанд? وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنفِرُواْ كَآفَّةً فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُواْ إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ
123 Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст! يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ قَاتِلُواْ الَّذِينَ يَلُونَكُم مِّنَ الْكُفَّارِ وَلِيَجِدُواْ فِيكُمْ غِلْظَةً وَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ
124 Ва чун сурае нозил шавад, баъзе мепурсанд: «Ин сура ба имони кадом як аз шумо дарафзуд?» Онон, ки имон овардаанд, ба имонашон афзуда шавад ва худ шодмонӣ мекунанд. وَإِذَا مَا أُنزِلَتْ سُورَةٌ فَمِنْهُم مَّن يَقُولُ أَيُّكُمْ زَادَتْهُ هَـذِهِ إِيمَانًا فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُواْ فَزَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَهُمْ يَسْتَبْشِرُونَ
125 Аммо онон, ки дар дилҳояшон маразест, ҷуз инкоре бар инкорашон наяфзуд ва ҳамчунон кофир бимурданд. وَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ فَزَادَتْهُمْ رِجْسًا إِلَى رِجْسِهِمْ وَمَاتُواْ وَهُمْ كَافِرُونَ
126 Оё намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор мавриди озмоиш воқеъ мешаванд? Вале на тавба мекунанд ва на панд мегиранд. أَوَلاَ يَرَوْنَ أَنَّهُمْ يُفْتَنُونَ فِي كُلِّ عَامٍ مَّرَّةً أَوْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ لاَ يَتُوبُونَ وَلاَ هُمْ يَذَّكَّرُونَ
127 Ва чун сурае нозил шавад, баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд: «Оё касе шуморо мебинад?» Ва бозмегарданд. Худо дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта (баргардонда), зеро мардуме нофаҳманд! وَإِذَا مَا أُنزِلَتْ سُورَةٌ نَّظَرَ بَعْضُهُمْ إِلَى بَعْضٍ هَلْ يَرَاكُم مِّنْ أَحَدٍ ثُمَّ انصَرَفُواْ صَرَفَ اللّهُ قُلُوبَهُم بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لاَّ يَفْقَهُون
128 Албатта паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Сахт ба шумо дилбаста аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст. لَقَدْ جَاءكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُم بِالْمُؤْمِنِينَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ
129 Агар бозгарданд, бигӯ: «Худо барои ман кофист, худое ҷуз Ӯ нест, бар Ӯ таваккал кардам ва Ӯст Парвардигори арши бузург! فَإِن تَوَلَّوْاْ فَقُلْ حَسْبِيَ اللّهُ لا إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ
;