Al-Jinn

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш андохтанду гуфтанд,- ки мо Қуръоне аҷиб шунидем. قُلْ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ اسْتَمَعَ نَفَرٌ مِّنَ الْجِنِّ فَقَالُوا إِنَّا سَمِعْنَا قُرْآنًا عَجَبًا
2 ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем. يَهْدِي إِلَى الرُّشْدِ فَآمَنَّا بِهِ وَلَن نُّشْرِكَ بِرَبِّنَا أَحَدًا
3 Азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад, ва на фарзанде дорад. وَأَنَّهُ تَعَالَى جَدُّ رَبِّنَا مَا اتَّخَذَ صَاحِبَةً وَلَا وَلَدًا
4 Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт. وَأَنَّهُ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى اللَّهِ شَطَطًا
5 Ва мо мепиндоштем, ки одамиву ҷин дар бораи Худо дурӯғ намегӯянд. وَأَنَّا ظَنَنَّا أَن لَّن تَقُولَ الْإِنسُ وَالْجِنُّ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا
6 Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд. وَأَنَّهُ كَانَ رِجَالٌ مِّنَ الْإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٍ مِّنَ الْجِنِّ فَزَادُوهُمْ رَهَقًا
7 Ҳамчунон ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо ҳеҷ касро дубора зинда намесозад. وَأَنَّهُمْ ظَنُّوا كَمَا ظَنَنتُمْ أَن لَّن يَبْعَثَ اللَّهُ أَحَدًا
8 Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (чароғ, оташак) ёфтем. وَأَنَّا لَمَسْنَا السَّمَاء فَوَجَدْنَاهَا مُلِئَتْ حَرَسًا شَدِيدًا وَشُهُبًا
9 Мо дар он ҷойҳо, ки метавон гӯш андохт, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун (ба) гӯш нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад. وَأَنَّا كُنَّا نَقْعُدُ مِنْهَا مَقَاعِدَ لِلسَّمْعِ فَمَن يَسْتَمِعِ الْآنَ يَجِدْ لَهُ شِهَابًا رَّصَدًا
10 Аз ин рӯй намедонем, ки оё барои касоне, ки дар рӯи замин ҳастанд, бадӣ тақдир мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад. وَأَنَّا لَا نَدْرِي أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَن فِي الْأَرْضِ أَمْ أَرَادَ بِهِمْ رَبُّهُمْ رَشَدًا
11 Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем. وَأَنَّا مِنَّا الصَّالِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَلِكَ كُنَّا طَرَائِقَ قِدَدًا
12 Мо медонем, ки Худоро дар замин нотавон намекунем ва бо гурехтан' низ нотавонаш насозем. وَأَنَّا ظَنَنَّا أَن لَّن نُّعجِزَ اللَّهَ فِي الْأَرْضِ وَلَن نُّعْجِزَهُ هَرَبًا
13 Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз зулм. وَأَنَّا لَمَّا سَمِعْنَا الْهُدَى آمَنَّا بِهِ فَمَن يُؤْمِن بِرَبِّهِ فَلَا يَخَافُ بَخْسًا وَلَا رَهَقًا
14 Ва баъзе аз мо мусалмонанд ва баъзе аз ҳак, дур. Ва онон, ки ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд. وَأَنَّا مِنَّا الْمُسْلِمُونَ وَمِنَّا الْقَاسِطُونَ فَمَنْ أَسْلَمَ فَأُوْلَئِكَ تَحَرَّوْا رَشَدًا
15 Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд». وَأَمَّا الْقَاسِطُونَ فَكَانُوا لِجَهَنَّمَ حَطَبًا
16 Ва агар бар тариқаи рост пойдорӣ кунанд аз обе фаровон ба онҳо менушонем, وَأَلَّوِ اسْتَقَامُوا عَلَى الطَّرِيقَةِ لَأَسْقَيْنَاهُم مَّاء غَدَقًا
17 то онҳоро биёзмоем. Ва ҳар кӣ аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе душвор меандозад, لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ وَمَن يُعْرِضْ عَن ذِكْرِ رَبِّهِ يَسْلُكْهُ عَذَابًا صَعَدًا
18 Ва масҷидҳо аз ояи Худост. Ва бо вуҷуди Худои якто касе дигарро ба худоӣ махонед. وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَدًا
19 Чун бандаи Худо барои парастиши Ӯ бар пой истод, гирли ӯро гирифтанд. وَأَنَّهُ لَمَّا قَامَ عَبْدُ اللَّهِ يَدْعُوهُ كَادُوا يَكُونُونَ عَلَيْهِ لِبَدًا
20 Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамро ибодат мекунам ва ҳеҷ касро шарики Ӯ намесозам». قُلْ إِنَّمَا أَدْعُو رَبِّي وَلَا أُشْرِكُ بِهِ أَحَدًا
21 Бигӯ: «Ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам». قُلْ إِنِّي لَا أَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا رَشَدًا
22 Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбам, قُلْ إِنِّي لَن يُجِيرَنِي مِنَ اللَّهِ أَحَدٌ وَلَنْ أَجِدَ مِن دُونِهِ مُلْتَحَدًا
23 он чӣ метавонам фақат расондани паёми Ӯ ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ аст. Ва ҳар кӣ Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, насиби ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд, إِلَّا بَلَاغًا مِّنَ اللَّهِ وَرِسَالَاتِهِ وَمَن يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَإِنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا
24 то он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас хоҳанд донист, чӣ касеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст». حَتَّى إِذَا رَأَوْا مَا يُوعَدُونَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ أَضْعَفُ نَاصِرًا وَأَقَلُّ عَدَدًا
25 Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне нисҳодааст? قُلْ إِنْ أَدْرِي أَقَرِيبٌ مَّا تُوعَدُونَ أَمْ يَجْعَلُ لَهُ رَبِّي أَمَدًا
26 Ӯ донои ғайб аст ва ғайби худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад, عَالِمُ الْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَى غَيْبِهِ أَحَدًا
27 магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад, إِلَّا مَنِ ارْتَضَى مِن رَّسُولٍ فَإِنَّهُ يَسْلُكُ مِن بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ رَصَدًا
28 то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад (бо илми худ) ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст». لِيَعْلَمَ أَن قَدْ أَبْلَغُوا رِسَالَاتِ رَبِّهِمْ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيْهِمْ وَأَحْصَى كُلَّ شَيْءٍ عَدَدًا
;