1 |
Бузургвору бобаракат Худованде, ки фармонравой ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност, |
/content/ayah/audio/hudhaify/067001.mp3
|
تَبَارَكَ الَّذِي بِيَدِهِ الْمُلْكُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ |
2 |
он ки маргу зиндагиро биёфарид, то биёзмоядатон, ки кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст ва Ӯст ғолибу бахшоянда! |
/content/ayah/audio/hudhaify/067002.mp3
|
الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا وَهُوَ الْعَزِيزُ الْغَفُورُ |
3 |
Он ки ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид. Дар офариниши Худои раҳмон ҳеҷ халалу беназмӣ намебинӣ. Пес бори дигар назар кун, оё дар осмон шикофе мебинӣ? |
/content/ayah/audio/hudhaify/067003.mp3
|
الَّذِي خَلَقَ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ طِبَاقًا مَّا تَرَى فِي خَلْقِ الرَّحْمَنِ مِن تَفَاوُتٍ فَارْجِعِ الْبَصَرَ هَلْ تَرَى مِن فُطُورٍ |
4 |
Бори дигар низ чашм боз кун ва бингар. Нигоҳи ту хаставу дармонда ба назди ту бозхоҳад гашт. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067004.mp3
|
ثُمَّ ارْجِعِ الْبَصَرَ كَرَّتَيْنِ يَنقَلِبْ إِلَيْكَ الْبَصَرُ خَاسِأً وَهُوَ حَسِيرٌ |
5 |
Мо осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва он чароғҳоро василаи сангсор кардани шаётин гардонидем ва барояшон азоби оташи сӯзон омода кардаем. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067005.mp3
|
وَلَقَدْ زَيَّنَّا السَّمَاء الدُّنْيَا بِمَصَابِيحَ وَجَعَلْنَاهَا رُجُومًا لِّلشَّيَاطِينِ وَأَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابَ السَّعِيرِ |
6 |
Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шудаанд, азоби ҷаҳаннам бошад ва ҷаҳаннам бад ҷои бозгаштест! |
/content/ayah/audio/hudhaify/067006.mp3
|
وَلِلَّذِينَ كَفَرُوا بِرَبِّهِمْ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ |
7 |
Чун дар ҷаҳаннам афканда шаванд, ба ҷӯш ояд ва бонги зишташро бишнаванд. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067007.mp3
|
إِذَا أُلْقُوا فِيهَا سَمِعُوا لَهَا شَهِيقًا وَهِيَ تَفُورُ |
8 |
Наздик аст, ки аз хашм пора-пора шавад. Ва чун гурӯҳеро дар он (афкананд, нигаҳбононаш гӯяндашон: |
/content/ayah/audio/hudhaify/067008.mp3
|
تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ الْغَيْظِ كُلَّمَا أُلْقِيَ فِيهَا فَوْجٌ سَأَلَهُمْ خَزَنَتُهَا أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَذِيرٌ |
9 |
«Оё шуморо бимдиҳандае наёмад?» Гӯянд: «Чаро, бимдиҳанда омад, вале ӯро дурӯғ баровардем ва гуфтем; «Худо ҳеҷ чиз нозил накардааст, шумо дар гумроҳии бузурге ҳастед!» |
/content/ayah/audio/hudhaify/067009.mp3
|
قَالُوا بَلَى قَدْ جَاءنَا نَذِيرٌ فَكَذَّبْنَا وَقُلْنَا مَا نَزَّلَ اللَّهُ مِن شَيْءٍ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا فِي ضَلَالٍ كَبِيرٍ |
10 |
Ва мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё ақл мекардем, аҳли ин оташи сӯзанда намебудем». |
/content/ayah/audio/hudhaify/067010.mp3
|
وَقَالُوا لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ مَا كُنَّا فِي أَصْحَابِ السَّعِيرِ |
11 |
Пас ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Эй лаънат бод бар онҳо, ки аҳли оташи сӯзандаанд! |
/content/ayah/audio/hudhaify/067011.mp3
|
فَاعْتَرَفُوا بِذَنبِهِمْ فَسُحْقًا لِّأَصْحَابِ السَّعِيرِ |
12 |
Барои касоне, ки нодида аз Парвардигорашон метарсанд бахшоишу музди фаровон аст. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067012.mp3
|
إِنَّ الَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِالْغَيْبِ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ |
13 |
Чӣ пинҳон сухан гӯед ва чӣ ошкоро, Ӯ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067013.mp3
|
وَأَسِرُّوا قَوْلَكُمْ أَوِ اجْهَرُوا بِهِ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ |
14 |
Оё он кӣ офарида, намедонад? Ҳол он ки Ӯ борикбину огоҳ аст. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067014.mp3
|
أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ |
15 |
Ӯст, ки заминро роми шумо гардонид Пас бар рӯи он сайр кунед, ва аз ризқи Худо бихӯред. Чун аз қабр берун оед, ба сӯи Ӯ меравед. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067015.mp3
|
هُوَ الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ ذَلُولًا فَامْشُوا فِي مَنَاكِبِهَا وَكُلُوا مِن رِّزْقِهِ وَإِلَيْهِ النُّشُورُ |
16 |
Оё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ заминро ба ларзиш дароварад ва замин шуморо дар худ фурӯ барад? |
/content/ayah/audio/hudhaify/067016.mp3
|
أَأَمِنتُم مَّن فِي السَّمَاء أَن يَخْسِفَ بِكُمُ الأَرْضَ فَإِذَا هِيَ تَمُورُ |
17 |
Ё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ боде ҳамроҳ бо сангрез бар сари шумо фиристад? Ба зуди хоҳед донист, ки бим додани Ман чӣ гуна аст. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067017.mp3
|
أَمْ أَمِنتُم مَّن فِي السَّمَاء أَن يُرْسِلَ عَلَيْكُمْ حَاصِبًا فَسَتَعْلَمُونَ كَيْفَ نَذِيرِ |
18 |
Албатта касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд. Пас азоби Ман чӣ гуна буд! |
/content/ayah/audio/hudhaify/067018.mp3
|
وَلَقَدْ كَذَّبَ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَكَيْفَ كَانَ نَكِيرِ |
19 |
Оё паррандагонеро, ки бол кушуда ва бол кашида бар болои сарашон дар парвозанд, надидаанд? Онҳоро ҷуз Худои раҳмон касе дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ӯст, ки ба ҳама чиз биност! |
/content/ayah/audio/hudhaify/067019.mp3
|
أَوَلَمْ يَرَوْا إِلَى الطَّيْرِ فَوْقَهُمْ صَافَّاتٍ وَيَقْبِضْنَ مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلَّا الرَّحْمَنُ إِنَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ بَصِيرٌ |
20 |
Оё онон, ки ёрони шумоянд, тавонанд дар баробари Худо ёриатон кунанд? Кофирон дар фиребе беш нестанд. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067020.mp3
|
أَمَّنْ هَذَا الَّذِي هُوَ جُندٌ لَّكُمْ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ الرَّحْمَنِ إِنِ الْكَافِرُونَ إِلَّا فِي غُرُورٍ |
21 |
Оё кист он кӣ ба шумо рӯзӣ диҳад, агар Ӯ рӯзии худ боздорад? На! дар саркашиву дури аз ҳақ пойдор меистанд. |
/content/ayah/audio/hudhaify/067021.mp3
|
أَمَّنْ هَذَا الَّذِي يَرْزُقُكُمْ إِنْ أَمْسَكَ رِزْقَهُ بَل لَّجُّوا فِي عُتُوٍّ وَنُفُورٍ |
22 |
Оё он касе, ки нагунсор (хамшуда) бар рӯй афтода роҳ меравад, ҳидоятёфтатар аст ё он ки бар пой истода ва ба роҳи рост меравад? |
/content/ayah/audio/hudhaify/067022.mp3
|
أَفَمَن يَمْشِي مُكِبًّا عَلَى وَجْهِهِ أَهْدَى أَمَّن يَمْشِي سَوِيًّا عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ |
23 |
Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо офаридааст ва гӯшу чашму дил додааст. Чӣ андак шукр мегузоред!» |
/content/ayah/audio/hudhaify/067023.mp3
|
قُلْ هُوَ الَّذِي أَنشَأَكُمْ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ قَلِيلًا مَّا تَشْكُرُونَ |
24 |
Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо дар замин офарид ва дар қиёмат назди Ӯ ҷамъ оварда мешавед». |
/content/ayah/audio/hudhaify/067024.mp3
|
قُلْ هُوَ الَّذِي ذَرَأَكُمْ فِي الْأَرْضِ وَإِلَيْهِ تُحْشَرُونَ |
25 |
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда чӣ вақт фаро мерасад?» |
/content/ayah/audio/hudhaify/067025.mp3
|
وَيَقُولُونَ مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ |
26 |
Бигӯ: «Илми он назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкорам». |
/content/ayah/audio/hudhaify/067026.mp3
|
قُلْ إِنَّمَا الْعِلْمُ عِندَ اللَّهِ وَإِنَّمَا أَنَا نَذِيرٌ مُّبِينٌ |
27 |
Кофирон чун аз наздикаш бингаранд, чеҳраашон гирифта шавад, Ва ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед! |
/content/ayah/audio/hudhaify/067027.mp3
|
فَلَمَّا رَأَوْهُ زُلْفَةً سِيئَتْ وُجُوهُ الَّذِينَ كَفَرُوا وَقِيلَ هَذَا الَّذِي كُنتُم بِهِ تَدَّعُونَ |
28 |
Бигӯ: «Хабар диҳед, ки агар (фаразан) Худо марову ҳамроҳонамро ҳалок кунад ё бар мо раҳмат оварад, чӣ касе кофиронро аз азоби дардовар мераҳонад?» |
/content/ayah/audio/hudhaify/067028.mp3
|
قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ أَهْلَكَنِيَ اللَّهُ وَمَن مَّعِيَ أَوْ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ الْكَافِرِينَ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ |
29 |
Бигӯ: «Ӯ Худои раҳмон аст. Ба Ӯ имон овардем ва бар Ӯ таваккал кардем. Ва ба зуди, хоҳед донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст!» |
/content/ayah/audio/hudhaify/067029.mp3
|
قُلْ هُوَ الرَّحْمَنُ آمَنَّا بِهِ وَعَلَيْهِ تَوَكَّلْنَا فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ فِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ |
30 |
Бигӯ: «Хабар диҳед, агар обатон дар замин фурӯ равад, чӣ касе шуморо оби равон хоҳад дод?» |
/content/ayah/audio/hudhaify/067030.mp3
|
قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ أَصْبَحَ مَاؤُكُمْ غَوْرًا فَمَن يَأْتِيكُم بِمَاء مَّعِينٍ |