Al-Qamar

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид. اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانشَقَّ الْقَمَرُ
2 Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «"Ҷодуе бузург аст!» وَإِن يَرَوْا آيَةً يُعْرِضُوا وَيَقُولُوا سِحْرٌ مُّسْتَمِرٌّ
3 Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст. وَكَذَّبُوا وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءهُمْ وَكُلُّ أَمْرٍ مُّسْتَقِرٌّ
4 Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст. وَلَقَدْ جَاءهُم مِّنَ الْأَنبَاء مَا فِيهِ مُزْدَجَرٌ
5 Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд. حِكْمَةٌ بَالِغَةٌ فَمَا تُغْنِ النُّذُرُ
6 Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав. فَتَوَلَّ عَنْهُمْ يَوْمَ يَدْعُ الدَّاعِ إِلَى شَيْءٍ نُّكُرٍ
7 Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд. خُشَّعًا أَبْصَارُهُمْ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ كَأَنَّهُمْ جَرَادٌ مُّنتَشِرٌ
8 Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!» مُّهْطِعِينَ إِلَى الدَّاعِ يَقُولُ الْكَافِرُونَ هَذَا يَوْمٌ عَسِرٌ
9 Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд. كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ فَكَذَّبُوا عَبْدَنَا وَقَالُوا مَجْنُونٌ وَازْدُجِرَ
10 Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!» فَدَعَا رَبَّهُ أَنِّي مَغْلُوبٌ فَانتَصِرْ
11 Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем. فَفَتَحْنَا أَبْوَابَ السَّمَاء بِمَاء مُّنْهَمِرٍ
12 Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад. وَفَجَّرْنَا الْأَرْضَ عُيُونًا فَالْتَقَى الْمَاء عَلَى أَمْرٍ قَدْ قُدِرَ
13 Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем. وَحَمَلْنَاهُ عَلَى ذَاتِ أَلْوَاحٍ وَدُسُرٍ
14 Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт. تَجْرِي بِأَعْيُنِنَا جَزَاء لِّمَن كَانَ كُفِرَ
15 Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст? وَلَقَد تَّرَكْنَاهَا آيَةً فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ
16 Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
17 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ
18 Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? كَذَّبَتْ عَادٌ فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
19 Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем, إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا صَرْصَرًا فِي يَوْمِ نَحْسٍ مُّسْتَمِرٍّ
20 ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд. تَنزِعُ النَّاسَ كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ مُّنقَعِرٍ
21 Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
22 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ
23 Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд. كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِالنُّذُرِ
24 Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем! فَقَالُوا أَبَشَرًا مِّنَّا وَاحِدًا نَّتَّبِعُهُ إِنَّا إِذًا لَّفِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ
25 Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст». أَأُلْقِيَ الذِّكْرُ عَلَيْهِ مِن بَيْنِنَا بَلْ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٌ
26 Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист! سَيَعْلَمُونَ غَدًا مَّنِ الْكَذَّابُ الْأَشِرُ
27 Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун! إِنَّا مُرْسِلُو النَّاقَةِ فِتْنَةً لَّهُمْ فَارْتَقِبْهُمْ وَاصْطَبِرْ
28 Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад. وَنَبِّئْهُمْ أَنَّ الْمَاء قِسْمَةٌ بَيْنَهُمْ كُلُّ شِرْبٍ مُّحْتَضَرٌ
29 Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт. فَنَادَوْا صَاحِبَهُمْ فَتَعَاطَى فَعَقَرَ
30 Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
31 Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд. إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ صَيْحَةً وَاحِدَةً فَكَانُوا كَهَشِيمِ الْمُحْتَظِرِ
32 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ
33 Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд. كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍ بِالنُّذُرِ
34 Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем. إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ حَاصِبًا إِلَّا آلَ لُوطٍ نَّجَّيْنَاهُم بِسَحَرٍ
35 Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем. نِعْمَةً مِّنْ عِندِنَا كَذَلِكَ نَجْزِي مَن شَكَرَ
36 Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд. وَلَقَدْ أَنذَرَهُم بَطْشَتَنَا فَتَمَارَوْا بِالنُّذُرِ
37 Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро! وَلَقَدْ رَاوَدُوهُ عَن ضَيْفِهِ فَطَمَسْنَا أَعْيُنَهُمْ فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ
38 Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад. وَلَقَدْ صَبَّحَهُم بُكْرَةً عَذَابٌ مُّسْتَقِرٌّ
39 Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед! فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ
40 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ
41 Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд. وَلَقَدْ جَاء آلَ فِرْعَوْنَ النُّذُرُ
42 Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат. كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذْنَاهُمْ أَخْذَ عَزِيزٍ مُّقْتَدِرٍ
43 Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед? أَكُفَّارُكُمْ خَيْرٌ مِّنْ أُوْلَئِكُمْ أَمْ لَكُم بَرَاءةٌ فِي الزُّبُرِ
44 Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем? أَمْ يَقُولُونَ نَحْنُ جَمِيعٌ مُّنتَصِرٌ
45 Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд. سَيُهْزَمُ الْجَمْعُ وَيُوَلُّونَ الدُّبُرَ
46 Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст. بَلِ السَّاعَةُ مَوْعِدُهُمْ وَالسَّاعَةُ أَدْهَى وَأَمَرُّ
47 Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд. إِنَّ الْمُجْرِمِينَ فِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ
48 Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)! يَوْمَ يُسْحَبُونَ فِي النَّارِ عَلَى وُجُوهِهِمْ ذُوقُوا مَسَّ سَقَرَ
49 Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем! إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ
50 Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест. وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمْحٍ بِالْبَصَرِ
51 Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст? وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا أَشْيَاعَكُمْ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ
52 Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост. وَكُلُّ شَيْءٍ فَعَلُوهُ فِي الزُّبُرِ
53 Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст. وَكُلُّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ مُسْتَطَرٌ
54 Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд, إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَنَهَرٍ
55 дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно! فِي مَقْعَدِ صِدْقٍ عِندَ مَلِيكٍ مُّقْتَدِرٍ
;