At-Tur

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Қасам ба кӯҳи Тур وَالطُّورِ
2 ва қасам ба китоби навишташуда, وَكِتَابٍ مَّسْطُورٍ
3 дар сафҳае кушода (Қуръон) فِي رَقٍّ مَّنشُورٍ
4 ва қасам ба байтулмаъмур وَالْبَيْتِ الْمَعْمُورِ
5 ва қасам ба ин, сақфи барафрошта (осмон) وَالسَّقْفِ الْمَرْفُوعِ
6 ва қасам ба дарёи моломол, (пур) وَالْبَحْرِ الْمَسْجُورِ
7 ки азоби Парвардигорат воқеъ шуданист. إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ لَوَاقِعٌ
8 Ва онро дафъкунандае нест. مَا لَهُ مِن دَافِعٍ
9 Рӯзе, ки осмон сахт бичархад يَوْمَ تَمُورُ السَّمَاء مَوْرًا
10 ва кӯҳҳо ба шитоб равон шаванд, وَتَسِيرُ الْجِبَالُ سَيْرًا
11 пас дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон, فَوَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِلْمُكَذِّبِينَ
12 онон, ки саргарми кордон ботили худанд! الَّذِينَ هُمْ فِي خَوْضٍ يَلْعَبُونَ
13 Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ба ҷониби ҷаҳаннам кашанд. يَوْمَ يُدَعُّونَ إِلَى نَارِ جَهَنَّمَ دَعًّا
14 Ин аст он оташе, ки дурӯғаш мешумурдед. هَذِهِ النَّارُ الَّتِي كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
15 Оё ин ҷодуст ё шумо намебинед? أَفَسِحْرٌ هَذَا أَمْ أَنتُمْ لَا تُبْصِرُونَ
16 Ба оташ дароед. Хоҳ бар он сабр кунед ё сабр накунад, фарқе накунад. Шуморо дар баробари корҳое, ки мекардаед, ҷазо медиҳанд. اصْلَوْهَا فَاصْبِرُوا أَوْ لَا تَصْبِرُوا سَوَاء عَلَيْكُمْ إِنَّمَا تُجْزَوْنَ مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
17 Парҳезгорон дар биҳиштҳо ва неъматанд. إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَنَعِيمٍ
18 Аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо додааст, шодмонанд ва Худо онҳоро аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ доштааст. فَاكِهِينَ بِمَا آتَاهُمْ رَبُّهُمْ وَوَقَاهُمْ رَبُّهُمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ
19 Ба музди корҳое, ки кардаед, бихӯреду биёшомед. Гувороятон бод. كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
20 Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд. Ҳуриёнро ҳамсарашон мегардонем. مُتَّكِئِينَ عَلَى سُرُرٍ مَّصْفُوفَةٍ وَزَوَّجْنَاهُم بِحُورٍ عِينٍ
21 Касоне, ки худ имон оварданд ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд. Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз музди амалашон ҳеҷ кам намекунем, ки дар касе дар гарави кори худ аст. وَالَّذِينَ آمَنُوا وَاتَّبَعَتْهُمْ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَانٍ أَلْحَقْنَا بِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَمَا أَلَتْنَاهُم مِّنْ عَمَلِهِم مِّن شَيْءٍ كُلُّ امْرِئٍ بِمَا كَسَبَ رَهِينٌ
22 Ва пайваста аз ҳар гуна, ки бихоҳанд, меваву гӯшт атояшон мекунем. وَأَمْدَدْنَاهُم بِفَاكِهَةٍ وَلَحْمٍ مِّمَّا يَشْتَهُونَ
23 Дар он ҷо ҷоми май диҳанд ва ҷоми май ситонанд, ки дар он на сухани беҳуда бошад ва на гуноҳ кардан. يَتَنَازَعُونَ فِيهَا كَأْسًا لَّا لَغْوٌ فِيهَا وَلَا تَأْثِيمٌ
24 Ғуломонашон чун марвориди пинҳон дар садаф ба гирдашон мечарханд. وَيَطُوفُ عَلَيْهِمْ غِلْمَانٌ لَّهُمْ كَأَنَّهُمْ لُؤْلُؤٌ مَّكْنُونٌ
25 Пурсишкунон рӯй ба якдигар мекунанд. وَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ يَتَسَاءلُونَ
26 Мегӯянд: «Пеш аз ин дар миёни касонамон танҳо мо аз Худо метарсидем. قَالُوا إِنَّا كُنَّا قَبْلُ فِي أَهْلِنَا مُشْفِقِينَ
27 Пас Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт. فَمَنَّ اللَّهُ عَلَيْنَا وَوَقَانَا عَذَابَ السَّمُومِ
28 Мо пеш аз ин Ӯро (бо дуъову илтиҷо) мехондем, ки Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!» إِنَّا كُنَّا مِن قَبْلُ نَدْعُوهُ إِنَّهُ هُوَ الْبَرُّ الرَّحِيمُ
29 Пандашон деҳ, ки ту ба баракати неъмати Парвардигорат на коҳин (ҷодугар) ҳастиву на маҷнун. فَذَكِّرْ فَمَا أَنتَ بِنِعْمَتِ رَبِّكَ بِكَاهِنٍ وَلَا مَجْنُونٍ
30 Ё мегӯянд: «Шоиресту мо барои вай мунтазири ҳаводиси рӯзгорем». (ки шояд бимирад). أَمْ يَقُولُونَ شَاعِرٌ نَّتَرَبَّصُ بِهِ رَيْبَ الْمَنُونِ
31 Бигӯ: «Шумо мунтазир бимонед, ки ман низ бо шумо интизор мекашам». قُلْ تَرَبَّصُوا فَإِنِّي مَعَكُم مِّنَ الْمُتَرَبِّصِينَ
32 Оё ононро рӯъёҳояшон (хобҳояшон) ба ин пиндорҳо кашонида ё худ, мардуме саркаш ҳастанд. أَمْ تَأْمُرُهُمْ أَحْلَامُهُم بِهَذَا أَمْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ
33 Ё мегӯянд: «Қуръонро худ сохтааст!» На, онҳо имон намеоваранд! أَمْ يَقُولُونَ تَقَوَّلَهُ بَل لَّا يُؤْمِنُونَ
34 Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд. فَلْيَأْتُوا بِحَدِيثٍ مِّثْلِهِ إِن كَانُوا صَادِقِينَ
35 Оё бе ҳеҷ холиқе офарида шуданд, ё худ холиқи худанд? أَمْ خُلِقُوا مِنْ غَيْرِ شَيْءٍ أَمْ هُمُ الْخَالِقُونَ
36 Ё осмонҳову заминро ҳал кардаанд? На, ба яқин нарасидаанд. أَمْ خَلَقُوا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بَل لَّا يُوقِنُونَ
37 Ё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд? (ҳукумат ёфтаанд). أَمْ عِندَهُمْ خَزَائِنُ رَبِّكَ أَمْ هُمُ الْمُصَيْطِرُونَ
38 Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш меандозанд? Пас он касе, ки гӯш андохта бошад, ҳуҷҷате ошкор биёварад. أَمْ لَهُمْ سُلَّمٌ يَسْتَمِعُونَ فِيهِ فَلْيَأْتِ مُسْتَمِعُهُم بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ
39 Ё худовандро духтарон асту шуморо писарон. أَمْ لَهُ الْبَنَاتُ وَلَكُمُ الْبَنُونَ
40 Ё аз онҳо музде металабӣ ва пардохти музд бар онҳо душвор аст? أَمْ تَسْأَلُهُمْ أَجْرًا فَهُم مِّن مَّغْرَمٍ مُّثْقَلُونَ
41 Ё илми ғайб медонанду менависанд? أَمْ عِندَهُمُ الْغَيْبُ فَهُمْ يَكْتُبُونَ
42 Ё мехоҳанд ҳилае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳила гирифторанд. أَمْ يُرِيدُونَ كَيْدًا فَالَّذِينَ كَفَرُوا هُمُ الْمَكِيدُونَ
43 ё онҳоро худоест ғайри Худои якто? Пок аст Худои якто аз ҳар чӣ шарикаш месозанд. أَمْ لَهُمْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يُشْرِكُونَ
44 Агар бингаранд, ки қитъае аз осмон фурӯ меафтад, мегӯянд: «Абрест мутароким (қабат-қабат ҷамъшуда)». وَإِن يَرَوْا كِسْفًا مِّنَ السَّمَاء سَاقِطًا يَقُولُوا سَحَابٌ مَّرْكُومٌ
45 Пас онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар оя ба ҳалокат мерасанд, бингаранд, فَذَرْهُمْ حَتَّى يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي فِيهِ يُصْعَقُونَ
46 рӯзе, ки макрашон ҳеҷ ба ҳолашон фоидае накунад ва кас ба ёрияшон барнахезад. يَوْمَ لَا يُغْنِي عَنْهُمْ كَيْدُهُمْ شَيْئًا وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
47 Барои касоне, ки зулм мекунанд, боз ҳам азобест ғайри ин азоб, вале бештаринашон намедонанд. وَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا عَذَابًا دُونَ ذَلِكَ وَلَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
48 Дар баробари фармони Парвардигорат босабр бош, ки ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангоме ки бархостӣ, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй! وَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعْيُنِنَا وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ
49 Ва тасбҳ гӯй дар қисме аз шаб ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон, وَمِنَ اللَّيْلِ فَسَبِّحْهُ وَإِدْبَارَ النُّجُومِ
;