Qaf

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Қоф. Қасам ба ин Қуръони арҷманд! ق وَالْقُرْآنِ الْمَجِيدِ
2 Ки дар тааҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае сӯяшон омад, ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст. بَلْ عَجِبُوا أَن جَاءهُمْ مُنذِرٌ مِّنْهُمْ فَقَالَ الْكَافِرُونَ هَذَا شَيْءٌ عَجِيبٌ
3 Оё замоне, ки мурдему хок шудем, дигар бор зинда мешавем? Ин бозгаште мухол (номумкин) аст!» أَئِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا ذَلِكَ رَجْعٌ بَعِيدٌ
4 Мо медонем, ки хок чӣ гуна аз (ҷасадҳои) онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шуда, назди Мост. قَدْ عَلِمْنَا مَا تَنقُصُ الْأَرْضُ مِنْهُمْ وَعِندَنَا كِتَابٌ حَفِيظٌ
5 Оре, онҳо сухани ростеро, ки бар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас дар коре шӯрида афтоданд. بَلْ كَذَّبُوا بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءهُمْ فَهُمْ فِي أَمْرٍ مَّرِيجٍ
6 Оё ба ин осмон бар болои сарашон назар намекунашд, ки чӣ гуна онро бино кардаем ва оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест? أَفَلَمْ يَنظُرُوا إِلَى السَّمَاء فَوْقَهُمْ كَيْفَ بَنَيْنَاهَا وَزَيَّنَّاهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٍ
7 Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем. وَالْأَرْضَ مَدَدْنَاهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ
8 Бинише ва пандест барои ҳар бандае, ки ба Худо бозгардад. تَبْصِرَةً وَذِكْرَى لِكُلِّ عَبْدٍ مُّنِيبٍ
9 Ва аз осмои обе пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем وَنَزَّلْنَا مِنَ السَّمَاء مَاء مُّبَارَكًا فَأَنبَتْنَا بِهِ جَنَّاتٍ وَحَبَّ الْحَصِيدِ
10 ва нахлҳои баланд бо хушаҳои барҳам чида, وَالنَّخْلَ بَاسِقَاتٍ لَّهَا طَلْعٌ نَّضِيدٌ
11 то ризқи баидагон бошад ва бо он об сарзамини мурдаро зинда кардем. Баромадан аз гӯр низ чунин аст. رِزْقًا لِّلْعِبَادِ وَأَحْيَيْنَا بِهِ بَلْدَةً مَّيْتًا كَذَلِكَ الْخُرُوجُ
12 Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас ва Самуд такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَأَصْحَابُ الرَّسِّ وَثَمُودُ
13 ва қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут وَعَادٌ وَفِرْعَوْنُ وَإِخْوَانُ لُوطٍ
14 ва асҳоби Айка ва қавми Туббаъ ҳама паёмбаронро дурӯғ шумурданд ва сазовори ваъдаи азоби Ман шуданд. وَأَصْحَابُ الْأَيْكَةِ وَقَوْمُ تُبَّعٍ كُلٌّ كَذَّبَ الرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ
15 Оё аз офариниши нахустин оҷиз шуда будем? На онҳо дар офариниши тоза дар шакканд. أَفَعَيِينَا بِالْخَلْقِ الْأَوَّلِ بَلْ هُمْ فِي لَبْسٍ مِّنْ خَلْقٍ جَدِيدٍ
16 Мо одамиро офаридаем ва аз васвасаҳои нафси ӯ огоҳ ҳастем, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем. وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ وَنَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ
17 Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. إِذْ يَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّيَانِ عَنِ الْيَمِينِ وَعَنِ الشِّمَالِ قَعِيدٌ
18 Ҳар каломе ки мегӯяд, албатта дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст. مَا يَلْفِظُ مِن قَوْلٍ إِلَّا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ
19 Ба ростӣ, ки беҳушии марг фаро мерасад. Ин аст он чӣ аз он мегурехтӣ. وَجَاءتْ سَكْرَةُ الْمَوْتِ بِالْحَقِّ ذَلِكَ مَا كُنتَ مِنْهُ تَحِيدُ
20 Ва дар сур дамида мешавад, Ин аст, рӯзи ваъдаҳои азоб! وَنُفِخَ فِي الصُّورِ ذَلِكَ يَوْمُ الْوَعِيدِ
21 Ҳар касе меояд ва бо ӯ касест, ки меронадаш ва касест, ки барояш шоҳидӣ медиҳад. وَجَاءتْ كُلُّ نَفْسٍ مَّعَهَا سَائِقٌ وَشَهِيدٌ
22 Ту аз ин ғофил будӣ. Мо парда аз баробарат бардоштем ва имрӯз чашмонат тезбин шудааст. لَقَدْ كُنتَ فِي غَفْلَةٍ مِّنْ هَذَا فَكَشَفْنَا عَنكَ غِطَاءكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ
23 Фариштаи (муваккали) ӯ гӯяд: «Ин аст он чӣ ман омода кардаам». وَقَالَ قَرِينُهُ هَذَا مَا لَدَيَّ عَتِيدٌ
24 Ҳар ношукри саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед: أَلْقِيَا فِي جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٍ
25 он ки аз бахшиш бахилӣ кард ва таҷовузкор буд ва шак меовард, مَّنَّاعٍ لِّلْخَيْرِ مُعْتَدٍ مُّرِيبٍ
26 он ки бо Худои як то худои дигаре қарор дод. Пас ба азоби сахташ бипартоед! الَّذِي جَعَلَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ فَأَلْقِيَاهُ فِي الْعَذَابِ الشَّدِيدِ
27 Ҳамнишини ӯ гӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ, сахт дар гумроҳӣ буд». قَالَ قَرِينُهُ رَبَّنَا مَا أَطْغَيْتُهُ وَلَكِن كَانَ فِي ضَلَالٍ بَعِيدٍ
28 Мегӯяд: «Назди Ман муҷодала накунед. Ман пеш аз ин бо шумо сухан аз азоб гуфта будам. قَالَ لَا تَخْتَصِمُوا لَدَيَّ وَقَدْ قَدَّمْتُ إِلَيْكُم بِالْوَعِيدِ
29 Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва Ман ба бандагон зулм намекунам». مَا يُبَدَّلُ الْقَوْلُ لَدَيَّ وَمَا أَنَا بِظَلَّامٍ لِّلْعَبِيدِ
30 Рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Мегӯяд: «Оё ҳеҷ зиёдатӣ ҳаст?» يَوْمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ امْتَلَأْتِ وَتَقُولُ هَلْ مِن مَّزِيدٍ
31 Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд, то аз он дур набошанд. وَأُزْلِفَتِ الْجَنَّةُ لِلْمُتَّقِينَ غَيْرَ بَعِيدٍ
32 Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунащдаи парҳезгоре ваъдааш дода буданд. هَذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٍ
33 Онҳоеро, ки дар ниҳон аз Худои раҳмон метарсанд ва бо диле тавбакор омадаанд. مَنْ خَشِيَ الرَّحْمَن بِالْغَيْبِ وَجَاء بِقَلْبٍ مُّنِيبٍ
34 Гӯянд: «Дар амон аз ҳар азобе ба биҳишт дохил шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист». ادْخُلُوهَا بِسَلَامٍ ذَلِكَ يَوْمُ الْخُلُودِ
35 Дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва бештар аз он назди Мо ҳаст. لَهُم مَّا يَشَاؤُونَ فِيهَا وَلَدَيْنَا مَزِيدٌ
36 Пеш аз онҳо чӣ бисёр мардумеро, ки боқувваттар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ мекарданд, ба ҳалокат овардаем. Оё роҳи гурезе ҳаст? وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّن قَرْنٍ هُمْ أَشَدُّ مِنْهُم بَطْشًا فَنَقَّبُوا فِي الْبِلَادِ هَلْ مِن مَّحِيصٍ
37 Дар ин сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш меандозанд, андарзест (пандест). إِنَّ فِي ذَلِكَ لَذِكْرَى لِمَن كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ
38 Мо осмонҳову замин, ва он чиро миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ба Мо нарасид. وَلَقَدْ خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ وَمَا مَسَّنَا مِن لُّغُوبٍ
39 Дар баробари он чӣ мегӯянд, пойдорӣ кун ва дар ситоиши Парвардигорат пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фаромадани он тасбеҳ гӯй. فَاصْبِرْ عَلَى مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ الْغُرُوبِ
40 Ва низ дар порае аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй. وَمِنَ اللَّيْلِ فَسَبِّحْهُ وَأَدْبَارَ السُّجُودِ
41 Ва он гоҳ ки мунодӣ (нидокунанда, Исрофил) аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор. وَاسْتَمِعْ يَوْمَ يُنَادِ الْمُنَادِ مِن مَّكَانٍ قَرِيبٍ
42 Рӯзе, ки он овози сахтро ба ҳақ мешунаванд, он рӯз рӯзи берун шудан аз гӯр аст. يَوْمَ يَسْمَعُونَ الصَّيْحَةَ بِالْحَقِّ ذَلِكَ يَوْمُ الْخُرُوجِ
43 Мо зинда мекунем ва мемиронем ва бозгашт назди Мост. إِنَّا نَحْنُ نُحْيِي وَنُمِيتُ وَإِلَيْنَا الْمَصِيرُ
44 Рӯзе, ки замин бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин ҷамъоварӣ барои Мо осон аст. يَوْمَ تَشَقَّقُ الْأَرْضُ عَنْهُمْ سِرَاعًا ذَلِكَ حَشْرٌ عَلَيْنَا يَسِيرٌ
45 Мо ба он чӣ мегӯянд, донотарем ва ту ба онҳо зӯр намегӯӣ. Пас ҳар киро аз ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ! نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَقُولُونَ وَمَا أَنتَ عَلَيْهِم بِجَبَّارٍ فَذَكِّرْ بِالْقُرْآنِ مَن يَخَافُ وَعِيدِ
;