Az-Zukhruf

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Ҳо, мим. حم
2 Савганд ба ин китоби равшангар! وَالْكِتَابِ الْمُبِينِ
3 Мо ин китобро Қуръоне арабӣ қарор додем, бошад, ки ба ақл дарёбед. إِنَّا جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَّعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
4 Ва он дар уммулкитоб аст дар назди Мо: китобе арҷманду ҳикматомез. وَإِنَّهُ فِي أُمِّ الْكِتَابِ لَدَيْنَا لَعَلِيٌّ حَكِيمٌ
5 Оё ба он сабаб, ки мардуме аз ҳад гузашта ҳастед, аз шумо рӯй гардонем ва Қуръонро аз шумо дареғ дорем? أَفَنَضْرِبُ عَنكُمُ الذِّكْرَ صَفْحًا أَن كُنتُمْ قَوْمًا مُّسْرِفِينَ
6 Ба миёни пешиниён паёмбарони бисёре фиристодем. وَكَمْ أَرْسَلْنَا مِن نَّبِيٍّ فِي الْأَوَّلِينَ
7 Ва ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода намешуд, ки масхарааш накарда бошанд. وَمَا يَأْتِيهِم مِّن نَّبِيٍّ إِلَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُون
8 Онҳоро, ки аз онҳо боқувваттар буданд, ҳалок кардем. Ва достони пешиниён гузашт. فَأَهْلَكْنَا أَشَدَّ مِنْهُم بَطْشًا وَمَضَى مَثَلُ الْأَوَّلِينَ
9 Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Мегӯянд: «Онҳоро он ғолиби доно офаридааст!» وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ خَلَقَهُنَّ الْعَزِيزُ الْعَلِيمُ
10 Он ки заминро бисоти шумо сохт ва бароятон роҳҳо дар он падид овард, бошад, ки ҳидоят шавед. الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ مَهْدًا وَجَعَلَ لَكُمْ فِيهَا سُبُلًا لَّعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
11 Ва он ки аз осмон об фиристод ба миқдор. Ва ба он сарзамини мурдаро зинда кардем. Шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун оварда шавед وَالَّذِي نَزَّلَ مِنَ السَّمَاء مَاء بِقَدَرٍ فَأَنشَرْنَا بِهِ بَلْدَةً مَّيْتًا كَذَلِكَ تُخْرَجُونَ
12 ва он ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва чорпоён маркабҳо сохт, ки савор шавед. وَالَّذِي خَلَقَ الْأَزْوَاجَ كُلَّهَا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ الْفُلْكِ وَالْأَنْعَامِ مَا تَرْكَبُونَ
13 Ва чун бар пушти онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он кас, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони он набуд. لِتَسْتَوُوا عَلَى ظُهُورِهِ ثُمَّ تَذْكُرُوا نِعْمَةَ رَبِّكُمْ إِذَا اسْتَوَيْتُمْ عَلَيْهِ وَتَقُولُوا سُبْحانَ الَّذِي سَخَّرَ لَنَا هَذَا وَمَا كُنَّا لَهُ مُقْرِنِينَ
14 Ва мо ба сӯи Парвардигорамон бозмегардем». وَإِنَّا إِلَى رَبِّنَا لَمُنقَلِبُونَ
15 Ва барон Ӯ аз миёни бандагонаш фарзанде қоил шуданд. Одамӣ ба ошкоро носипос (ношукр) аст! وَجَعَلُوا لَهُ مِنْ عِبَادِهِ جُزْءًا إِنَّ الْإِنسَانَ لَكَفُورٌ مُّبِينٌ
16 Оё Ӯ аз миёни махлуқонаш барои Худ духтарон баргирифта ва писаронро хоси шумо кардааст? أَمِ اتَّخَذَ مِمَّا يَخْلُقُ بَنَاتٍ وَأَصْفَاكُم بِالْبَنِينَ
17 Ва чун ба яке аз онҳо муждаи таваллуди ҳамон чизеро диҳанд, ки ба Худои раҳмон нисбат дода, рӯяш сиёҳ гардад ва пур аз хашм шавад. وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِمَا ضَرَبَ لِلرَّحْمَنِ مَثَلًا ظَلَّ وَجْهُهُ مُسْوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ
18 Оё он ки ба ороиш парвариш ёфта (яъне духтар) ва дар ҳангоми ҷидол ошкор намегардад, аз они Худост? أَوَمَن يُنَشَّأُ فِي الْحِلْيَةِ وَهُوَ فِي الْخِصَامِ غَيْرُ مُبِينٍ
19 Ва фариштагонро, ки бандагони Худоянд, зан пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офаринишашон он ҷо ҳозир будаанд? Ба зудӣ ин шоҳидиашонро менависанд ва аз онҳо бозхост мешавад. وَجَعَلُوا الْمَلَائِكَةَ الَّذِينَ هُمْ عِبَادُ الرَّحْمَنِ إِنَاثًا أَشَهِدُوا خَلْقَهُمْ سَتُكْتَبُ شَهَادَتُهُمْ وَيُسْأَلُونَ
20 Гуфтанд: «Агар Худои раҳмон мехост, мо фариштагонро намепарастидем». Он чӣ мегӯянд, аз рӯи нодонист ва ғайри ба дурӯғ сухан намегӯянд. وَقَالُوا لَوْ شَاء الرَّحْمَنُ مَا عَبَدْنَاهُم مَّا لَهُم بِذَلِكَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ
21 Оё пеш аз Қуръон китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он ҷанг мезананд? (пайравӣ мекунанд). أَمْ آتَيْنَاهُمْ كِتَابًا مِّن قَبْلِهِ فَهُم بِهِ مُسْتَمْسِكُونَ
22 На, мегӯянд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо аз паи онҳо меравем». بَلْ قَالُوا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِم مُّهْتَدُونَ
23 Ва он тавр пеш аз ту ба кадом деҳае бимдиҳандае фиристодем, мутанаъимонаш (соҳибнеъматонаш) гуфтанд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо ба амалҳои онҳо иқтидо (панравӣ) мекунем». وَكَذَلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِم مُّقْتَدُونَ
24 Гуфт: «Ҳатто агар барои шумо чизе биёварам, ки аз он чӣ падаронатонро бар он ёфта будед, ҳидояткунандатар бошад?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки шуморо ба он фиристодаанд, беимонем». قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُم بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدتُّمْ عَلَيْهِ آبَاءكُمْ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُم بِهِ كَافِرُونَ
25 Пас аз онҳо интиқом гирифтем. Ва бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст? فَانتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَانظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ
26 Ва Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Ман аз он чӣ шумо мепарастед, безорам, وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ إِنَّنِي بَرَاء مِّمَّا تَعْبُدُونَ
27 ғайри он ки маро офарида, ки Ӯ роҳнамоиям хоҳад кард». إِلَّا الَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُ سَيَهْدِينِ
28 Ва ин суханро дар фарзандони худ сухане поянда кард, бошад, ки ба Худо бозгарданд. وَجَعَلَهَا كَلِمَةً بَاقِيَةً فِي عَقِبِهِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ
29 Ва Ман инҳову падаронашонро аз зиндагӣ баҳраманд кардам, то он гоҳ ки ҳақ ва паёмбаре равшангар ба сӯяшон омад. بَلْ مَتَّعْتُ هَؤُلَاء وَآبَاءهُمْ حَتَّى جَاءهُمُ الْحَقُّ وَرَسُولٌ مُّبِينٌ
30 Чун ҳақ бар онҳо ошкор шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва мо ба он имон намеоварем». وَلَمَّا جَاءهُمُ الْحَقُّ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ وَإِنَّا بِهِ كَافِرُونَ
31 Гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа нозил нашудааст?» وَقَالُوا لَوْلَا نُزِّلَ هَذَا الْقُرْآنُ عَلَى رَجُلٍ مِّنَ الْقَرْيَتَيْنِ عَظِيمٍ
32 Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Хол он ки мо рузии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додаем, то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва раҳмати Парвардигорат аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд, беҳтар аст. أَهُمْ يَقْسِمُونَ رَحْمَةَ رَبِّكَ نَحْنُ قَسَمْنَا بَيْنَهُم مَّعِيشَتَهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَتَّخِذَ بَعْضُهُم بَعْضًا سُخْرِيًّا وَرَحْمَتُ رَبِّكَ خَيْرٌ مِّمَّا يَجْمَعُونَ
33 Ва агар на он буд, ки ҳамаи мардум як уммат намешуданд, сақфҳои хонаҳои касонеро, ки Худои раҳмонро бовар надоранд, аз нуқра мекардем ва бар онҳо нардбонҳое, мениҳодем, то бар он боло раванд. وَلَوْلَا أَن يَكُونَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً لَجَعَلْنَا لِمَن يَكْفُرُ بِالرَّحْمَنِ لِبُيُوتِهِمْ سُقُفًا مِّن فَضَّةٍ وَمَعَارِجَ عَلَيْهَا يَظْهَرُونَ
34 Ва барои хонаҳояшон низ дарҳое аз нуқра мекардем ва тахтҳое, ки бар онҳо такя зананд وَلِبُيُوتِهِمْ أَبْوَابًا وَسُرُرًا عَلَيْهَا يَتَّكِؤُونَ
35 ва аз ҳар гуна зинат. Ва ҳамаи инҳо баҳрамандии ночизи дунявист, ҳол он ки охират дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст. وَزُخْرُفًا وَإِن كُلُّ ذَلِكَ لَمَّا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةُ عِندَ رَبِّكَ لِلْمُتَّقِينَ
36 Ҳар кас, ки аз ёди Худои раҳмон рӯй гардонад, шайтоне бар ӯ обаста мекунем,, ки ҳамеоша ҳамроҳаш бошад. وَمَن يَعْشُ عَن ذِكْرِ الرَّحْمَنِ نُقَيِّضْ لَهُ شَيْطَانًا فَهُوَ لَهُ قَرِينٌ
37 Ва он шайтонҳо ононро аз роҳи Худо бозмегардонанд, вале пиндоранд, ки ҳидоятёфтагонанд. وَإِنَّهُمْ لَيَصُدُّونَهُمْ عَنِ السَّبِيلِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُم مُّهْتَدُونَ
38 То он гоҳ ки назди Мо ояд, мегӯяд: «Эй кош, дурии ману ту (мисли) дурии машриқу мағриб буд. Ва ту чӣ ҳамроҳи баде буди». حَتَّى إِذَا جَاءنَا قَالَ يَا لَيْتَ بَيْنِي وَبَيْنَكَ بُعْدَ الْمَشْرِقَيْنِ فَبِئْسَ الْقَرِينُ
39 Чун ситам кардед, он рӯз пушаймонӣ фоида накунад ва ҳар ду дар азоб шарик бошед. وَلَن يَنفَعَكُمُ الْيَوْمَ إِذ ظَّلَمْتُمْ أَنَّكُمْ فِي الْعَذَابِ مُشْتَرِكُونَ
40 Оё ту мехоҳӣ ба карон сухан бишунавонӣ ё курон ва онҳоеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ нишон диҳӣ? أَفَأَنتَ تُسْمِعُ الصُّمَّ أَوْ تَهْدِي الْعُمْيَ وَمَن كَانَ فِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ
41 Ва агар туро бибарем, аз онҳо интиқом мегирем. فَإِمَّا نَذْهَبَنَّ بِكَ فَإِنَّا مِنْهُم مُّنتَقِمُونَ
42 Ё он азоберо, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем, ки Мо бар онҳо тавоно ҳастем. أَوْ نُرِيَنَّكَ الَّذِي وَعَدْنَاهُمْ فَإِنَّا عَلَيْهِم مُّقْتَدِرُونَ
43 Пас дар он чӣ ба ту ваҳй шудааст, ҷанг бизан, (пайравӣ кун), ки ту бар роҳи рост ҳастӣ. فَاسْتَمْسِكْ بِالَّذِي أُوحِيَ إِلَيْكَ إِنَّكَ عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ
44 Ва Қуръон сабаби баландовоза гаштани ту ва қавми туст ва ба зудӣ бозхост шавед. وَإِنَّهُ لَذِكْرٌ لَّكَ وَلِقَوْمِكَ وَسَوْفَ تُسْأَلُونَ
45 Аз паёмбарони Мо, ки пеш аз ту фиристодаем, бипурс: «Оё ғайри Худои раҳмон дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?» وَاسْأَلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رُّسُلِنَا أَجَعَلْنَا مِن دُونِ الرَّحْمَنِ آلِهَةً يُعْبَدُونَ
46 Ва албатта Мӯсоро ҳамроҳ бо оёти Худ бар Фиръавн ва раисони қавмаш фиристодем ва гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!» وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى بِآيَاتِنَا إِلَى فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَقَالَ إِنِّي رَسُولُ رَبِّ الْعَالَمِينَ
47 Чун оёти Моро бар онон арза дошт, ба ногоҳ ҳама аз он ба ханда афтоданд. فَلَمَّا جَاءهُم بِآيَاتِنَا إِذَا هُم مِّنْهَا يَضْحَكُونَ
48 Ва ҳар мӯъҷизае, ки ба онҳо нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар азимтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азоб гирифтор кардем, бошад, ки бозгарданд. وَمَا نُرِيهِم مِّنْ آيَةٍ إِلَّا هِيَ أَكْبَرُ مِنْ أُخْتِهَا وَأَخَذْنَاهُم بِالْعَذَابِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ
49 Гуфтанд: «Эй ҷодугар, Парвардигоратро бо он номҳое, ки бо ту ваҳй кардааст, баром мо бихон, ки мо ҳидоятшудагонем». وَقَالُوا يَا أَيُّهَا السَّاحِرُ ادْعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِندَكَ إِنَّنَا لَمُهْتَدُونَ
50 Чун азобро аз онҳо бардоштем, паймони худро шикастанд. فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِذَا هُمْ يَنكُثُونَ
51 Фиръавн дар миёни мардумаш нидо дод, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пои ман ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё намебинед? وَنَادَى فِرْعَوْنُ فِي قَوْمِهِ قَالَ يَا قَوْمِ أَلَيْسَ لِي مُلْكُ مِصْرَ وَهَذِهِ الْأَنْهَارُ تَجْرِي مِن تَحْتِي أَفَلَا تُبْصِرُونَ
52 Оё ман беҳтарам ё ин марди хори залил, ки дуруст сухан гуфтан натавонад? أَمْ أَنَا خَيْرٌ مِّنْ هَذَا الَّذِي هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ
53 Чаро дастҳояшро ба дастбандҳои тилло наёростаанд? Ва чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд? فَلَوْلَا أُلْقِيَ عَلَيْهِ أَسْوِرَةٌ مِّن ذَهَبٍ أَوْ جَاء مَعَهُ الْمَلَائِكَةُ مُقْتَرِنِينَ
54 Пас Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ба ӯ итоъат карданд, ки мардуме табаҳ кор буданд! فَاسْتَخَفَّ قَوْمَهُ فَأَطَاعُوهُ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ
55 Чун Моро ба хашм оварданд, аз онҳо интиқом гирифтем ва ҳамагонро ғарқ сохтем. فَلَمَّا آسَفُونَا انتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ أَجْمَعِينَ
56 Ононро дар шумори гузаштагон ва достон барои ояндагон кардем. فَجَعَلْنَاهُمْ سَلَفًا وَمَثَلًا لِلْآخِرِينَ
57 Ва чун достони писари Марям оварда шуд, қавми ту ба шодмонӣ фарёд заданд وَلَمَّا ضُرِبَ ابْنُ مَرْيَمَ مَثَلًا إِذَا قَوْمُكَ مِنْهُ يَصِدُّونَ
58 ва гуфтан, д: «Оё худоёни мо беҳтаранд ё Ӯ?» Ва ин суханро фақат барои ҷидол бо ту гуфтаанд, ки мардуме хусумат кунандаанд, وَقَالُوا أَآلِهَتُنَا خَيْرٌ أَمْ هُوَ مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلًا بَلْ هُمْ قَوْمٌ خَصِمُونَ
59 Ӯ фақат бандае буд, ки Мо неъматаш ато кардем ва мояи ибрати банӣ- Исроилаш гардонидем. إِنْ هُوَ إِلَّا عَبْدٌ أَنْعَمْنَا عَلَيْهِ وَجَعَلْنَاهُ مَثَلًا لِّبَنِي إِسْرَائِيلَ
60 Агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишини шумо гарданд. وَلَوْ نَشَاء لَجَعَلْنَا مِنكُم مَّلَائِكَةً فِي الْأَرْضِ يَخْلُفُونَ
61 Ва бешубҳа ӯ (Исо) нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Дар ин шак макунед ва ба Ман пайравӣ кунед! Ин аст роҳи рост. وَإِنَّهُ لَعِلْمٌ لِّلسَّاعَةِ فَلَا تَمْتَرُنَّ بِهَا وَاتَّبِعُونِ هَذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِيمٌ
62 Шайтон шуморо аз роҳ бознагардонад, зеро ӯ душмани ошкори шумост. وَلَا يَصُدَّنَّكُمُ الشَّيْطَانُ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ
63 Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ омад, гуфт: «Бароятон ҳикмат овардаам ва омадаам, то чизҳоеро, ки дар он ихтилоф мекунед, баён кунам. Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. وَلَمَّا جَاء عِيسَى بِالْبَيِّنَاتِ قَالَ قَدْ جِئْتُكُم بِالْحِكْمَةِ وَلِأُبَيِّنَ لَكُم بَعْضَ الَّذِي تَخْتَلِفُونَ فِيهِ فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
64 Худои якто Парвардигори ману Парвардигори шумост. Ӯро бипарастед. Роҳи рост ин аст». إِنَّ اللَّهَ هُوَ رَبِّي وَرَبُّكُمْ فَاعْبُدُوهُ هَذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِيمٌ
65 Гурӯҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд. Пас вой бар ситамкорон аз азоби дардовари қиёмат! فَاخْتَلَفَ الْأَحْزَابُ مِن بَيْنِهِمْ فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْ عَذَابِ يَوْمٍ أَلِيمٍ
66 Оё чашм ба роҳи чизе ҷуз қиёматанд, ки ногоҳ ва бехабар бар онҳо биёяд?. هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَن تَأْتِيَهُم بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
67 Дар он рӯз дӯстон, — ғайр аз парҳезгорон, — душмани якдигаранд. الْأَخِلَّاء يَوْمَئِذٍ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ إِلَّا الْمُتَّقِينَ
68 Эй бандагони Ман, дар он рӯз биме бар шумо нест ва шумо ғамгин намешавед. يَا عِبَادِ لَا خَوْفٌ عَلَيْكُمُ الْيَوْمَ وَلَا أَنتُمْ تَحْزَنُونَ
69 Он касон, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслими амри Мо шудаанд, الَّذِينَ آمَنُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا مُسْلِمِينَ
70 шумо ва ҷуфтҳоятон бо шодкомӣ ба биҳишт дохил шавед. ادْخُلُوا الْجَنَّةَ أَنتُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ تُحْبَرُونَ
71 Қадаҳҳои заррин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар он ҷост ҳар чи нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд! يُطَافُ عَلَيْهِم بِصِحَافٍ مِّن ذَهَبٍ وَأَكْوَابٍ وَفِيهَا مَا تَشْتَهِيهِ الْأَنفُسُ وَتَلَذُّ الْأَعْيُنُ وَأَنتُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
72 Ин биҳиштест, ки ба ивази корҳое, ки кардаед, ба меросаш мебаред. وَتِلْكَ الْجَنَّةُ الَّتِي أُورِثْتُمُوهَا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
73 Дар он ҷо бароятон меваҳои бисёр ҳаст, ки аз онҳо мехӯред. لَكُمْ فِيهَا فَاكِهَةٌ كَثِيرَةٌ مِنْهَا تَأْكُلُونَ
74 Гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд! إِنَّ الْمُجْرِمِينَ فِي عَذَابِ جَهَنَّمَ خَالِدُونَ
75 Азобашон кам намешавад ва онҳо аз ноумедӣ хомуш бошанд. لَا يُفَتَّرُ عَنْهُمْ وَهُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ
76 Мо ба онҳо зулме накардаем, онҳо худ ба худашон ситам кардаанд. وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَكِن كَانُوا هُمُ الظَّالِمِينَ
77 Фарёд бароваранд, ки эй молики дӯзах кош Парвардигори ту моро бимиронад. Мегӯяд: «На, шумо дар ин ҷо монданӣ ҳастед». وَنَادَوْا يَا مَالِكُ لِيَقْضِ عَلَيْنَا رَبُّكَ قَالَ إِنَّكُم مَّاكِثُونَ
78 Мо шуморо бо ҳақ ошно кардем, вале бештаратон ҳақро бад дидед. لَقَدْ جِئْنَاكُم بِالْحَقِّ وَلَكِنَّ أَكْثَرَكُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ
79 Оё онҳо дар эътиқоди худ пой фишурдаанд? Мо ҳам пой фишурдаем. أَمْ أَبْرَمُوا أَمْرًا فَإِنَّا مُبْرِمُونَ
80 Оё мепиндоранд, Мо розу наҷво (суханони пинҳониашонро) намешунавем? Оре, расулони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд. أَمْ يَحْسَبُونَ أَنَّا لَا نَسْمَعُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُم بَلَى وَرُسُلُنَا لَدَيْهِمْ يَكْتُبُونَ
81 Бигӯ: «Агар Худои раҳмонро фарзанде мебуд, ман аз нахустин парастандагон мебудам. قُلْ إِن كَانَ لِلرَّحْمَنِ وَلَدٌ فَأَنَا أَوَّلُ الْعَابِدِينَ
82 Пок аст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори арш аз он нисбатҳо, ки ба Ӯ медиҳенд. سُبْحَانَ رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ
83 Пас бигузорашон, то ба ҳамон суханони ботил машғул бошанд ва ба бозича саргарм, то он рӯзе, ки онҳоро ваъда додаанд, бирасад. فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا وَيَلْعَبُوا حَتَّى يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي يُوعَدُونَ
84 Ӯст, ки ҳам дар осмон Худост ва ҳам дар замин Худост ва ҳакиму доност! وَهُوَ الَّذِي فِي السَّمَاء إِلَهٌ وَفِي الْأَرْضِ إِلَهٌ وَهُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ
85 Бартару бузургвортар аст он кас, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба Ӯ бозгардонида мешавед. وَتَبَارَكَ الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَعِندَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
86 Касоне ғайри Ӯро, ки ба худоӣ мехонанд, қодир ба шафоъати касе нестанд. Ғайри касоне, ки аз рӯи илм ба ҳақ шоҳидӣ дода бошанд. وَلَا يَمْلِكُ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِهِ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَن شَهِدَ بِالْحَقِّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ
87 Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ касе онҳоро офаридааст, мегӯянд: «Оллоҳ». Пас чаро аз ҳақ рӯй мегардонанд? وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَهُمْ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ فَأَنَّى يُؤْفَكُونَ
88 Гуфтори пайёмбар ин буд: «Эй Парвардигори ман, инҳо мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд! وَقِيلِهِ يَارَبِّ إِنَّ هَؤُلَاء قَوْمٌ لَّا يُؤْمِنُونَ
89 Пас, аз онҳо даргузар ва бигӯ: «Саломат бошед!» Оре, ба зуди хоҳанд донист. فَاصْفَحْ عَنْهُمْ وَقُلْ سَلَامٌ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
;