As-Saffat

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Савганд ба он фариштагон, ки барои Худо саф бастаанд, وَالصَّافَّاتِ صَفًّا
2 савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро меронанд, فَالزَّاجِرَاتِ زَجْرًا
3 савганд ба он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд, فَالتَّالِيَاتِ ذِكْرًا
4 ки Худои шумо Худои яктост. إِنَّ إِلَهَكُمْ لَوَاحِدٌ
5 Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машрикҳост! رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَرَبُّ الْمَشَارِقِ
6 Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем. إِنَّا زَيَّنَّا السَّمَاء الدُّنْيَا بِزِينَةٍ الْكَوَاكِبِ
7 Ва аз ҳар шайтони нофармон нигаҳ доштем. وَحِفْظًا مِّن كُلِّ شَيْطَانٍ مَّارِدٍ
8 То сухани сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд. لَا يَسَّمَّعُونَ إِلَى الْمَلَإِ الْأَعْلَى وَيُقْذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٍ
9 То дур гарданд ва барои онҳост азобе доим. دُحُورًا وَلَهُمْ عَذَابٌ وَاصِبٌ
10 Ғайри он шайтон, ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад. إِلَّا مَنْ خَطِفَ الْخَطْفَةَ فَأَتْبَعَهُ شِهَابٌ ثَاقِبٌ
11 Пас, аз кофирон бипурс, ки оё офариниши онҳо душвортар аст ё он чӣ Мо офаридаем. Мо онҳоро аз гиле часпанда офаридаем. فَاسْتَفْتِهِمْ أَهُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَم مَّنْ خَلَقْنَا إِنَّا خَلَقْنَاهُم مِّن طِينٍ لَّازِبٍ
12 Ту дар тааҷҷуб шудӣ ва онҳо масхара мекунанд. بَلْ عَجِبْتَ وَيَسْخَرُونَ
13 Ва чун ба онҳо панд дода шавад, панд, намепазиранд. وَإِذَا ذُكِّرُوا لَا يَذْكُرُونَ
14 Ва чун ояе бубинанд, аз якдигар мехоҳанд, то онро ба масхара гиранд. وَإِذَا رَأَوْا آيَةً يَسْتَسْخِرُونَ
15 Ва мегӯянд: «Ин чизе ғайри ҷодуи ошкор нест, وَقَالُوا إِنْ هَذَا إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ
16 оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухон шудем, моро зинда мекунанд? أَئِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَئِنَّا لَمَبْعُوثُونَ
17 ё падарони моро?» أَوَآبَاؤُنَا الْأَوَّلُونَ
18 Бигӯ: «Бале, ва шумо хору бечора мешавед!» قُلْ نَعَمْ وَأَنتُمْ دَاخِرُونَ
19 Ва онон худ хоҳанд дид, ки ба як фармон ҳамаро зинда мекунанд. فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ فَإِذَا هُمْ يَنظُرُونَ
20 Мегӯянд: «Вой бар мо, ин ҳамон рӯзи ҷазост!» وَقَالُوا يَا وَيْلَنَا هَذَا يَوْمُ الدِّينِ
21 Ин ҳамон рӯзи довари аст, ки дурӯғаш мепиндоштед. هَذَا يَوْمُ الْفَصْلِ الَّذِي كُنتُمْ بِهِ تُكَذِّبُونَ
22 Ононро, ки зулм мекарданд ва ҳамроҳонашонро ва онҳоеро, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҷамъ оваред. احْشُرُوا الَّذِينَ ظَلَمُوا وَأَزْوَاجَهُمْ وَمَا كَانُوا يَعْبُدُونَ
23 Ҳамаро ба роҳи ҷаҳаннам роҳ нишон диҳед. مِن دُونِ اللَّهِ فَاهْدُوهُمْ إِلَى صِرَاطِ الْجَحِيمِ
24 Ва нигаҳ доредашон, бояд бозхост шаванд. وَقِفُوهُمْ إِنَّهُم مَّسْئُولُونَ
25 «Чаро якдигарро ёрӣ намекунед?» مَا لَكُمْ لَا تَنَاصَرُونَ
26 На, имрӯз ҳама таслимшавандагонанд. بَلْ هُمُ الْيَوْمَ مُسْتَسْلِمُونَ
27 Ва он гоҳ рӯй ба якдигар кунанд ва бипурсанд. وَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ يَتَسَاءلُونَ
28 Гӯянд: «Шумо будед, ки аз дари некхоҳӣ бар мо медаромадед». قَالُوا إِنَّكُمْ كُنتُمْ تَأْتُونَنَا عَنِ الْيَمِينِ
29 Гӯянд: «На, шумо имон наёварда будед. قَالُوا بَل لَّمْ تَكُونُوا مُؤْمِنِينَ
30 Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд. Шумо худ мардумоне нофармон будед. وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيْكُم مِّن سُلْطَانٍ بَلْ كُنتُمْ قَوْمًا طَاغِينَ
31 Гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷид шуд. Акнун бояд бичашем. فَحَقَّ عَلَيْنَا قَوْلُ رَبِّنَا إِنَّا لَذَائِقُونَ
32 Мо шуморо гумроҳ кардем ва худ низ гумроҳ будем». فَأَغْوَيْنَاكُمْ إِنَّا كُنَّا غَاوِينَ
33 Дар он рӯз ҳама дар азоб шариканд. فَإِنَّهُمْ يَوْمَئِذٍ فِي الْعَذَابِ مُشْتَرِكُونَ
34 Мо бо гунаҳкорон чунин мекунем. إِنَّا كَذَلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ
35 Чун ба онон гуфта мешуд, ки ғайри Худои якто худое нест, такаббур мекарданд إِنَّهُمْ كَانُوا إِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ يَسْتَكْبِرُونَ
36 ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае худоёнамонро тарк гӯем?» وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوا آلِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجْنُونٍ
37 На, он паёмбар ҳақро овард ва паёмбарони пешинро тасдиқ кард. بَلْ جَاء بِالْحَقِّ وَصَدَّقَ الْمُرْسَلِينَ
38 Шумо азоби дардоварро хоҳед чашид! إِنَّكُمْ لَذَائِقُو الْعَذَابِ الْأَلِيمِ
39 Дар баробари амалҳоятон ҷазо хоҳед дид. وَمَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
40 Ғайри бандагони мухлиси Худо, إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ
41 ки онҳоро ризқе муъайян аст. أُوْلَئِكَ لَهُمْ رِزْقٌ مَّعْلُومٌ
42 аз меваҳо, ва гиромӣ доштагонанд فَوَاكِهُ وَهُم مُّكْرَمُونَ
43 дар биҳиштҳои пурнеъмат, فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ
44 бар тахтҳое, ки рӯбарӯи ҳаманд. عَلَى سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ
45 Ва ҷоме аз чашмаи хушгувор миёнашон ба гардиш дарояд, يُطَافُ عَلَيْهِم بِكَأْسٍ مِن مَّعِينٍ
46 сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш, بَيْضَاء لَذَّةٍ لِّلشَّارِبِينَ
47 на дарди сар орад ва на нӯшанда маст шавад. لَا فِيهَا غَوْلٌ وَلَا هُمْ عَنْهَا يُنزَفُونَ
48 Заноне фарохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд, ҳамдами онҳоянд. وَعِنْدَهُمْ قَاصِرَاتُ الطَّرْفِ عِينٌ
49 Ҳамонанди тухми мурғҳое дур аз дастрас. كَأَنَّهُنَّ بَيْضٌ مَّكْنُونٌ
50 Рӯ ба якдигар кунанд ва гуфтугӯ кунанд. فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ يَتَسَاءلُونَ
51 Яке аз онҳо гӯяд: «Маро ҳамнишине буд, قَالَ قَائِلٌ مِّنْهُمْ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٌ
52 ки мегуфт: «Оё ту аз онҳо ҳастӣ, ки тасдиқ мекунанд? يَقُولُ أَئِنَّكَ لَمِنْ الْمُصَدِّقِينَ
53 Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?» أَئِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَئِنَّا لَمَدِينُونَ
54 Гӯянд: «Метавонед аз боло бинигаред?» قَالَ هَلْ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ
55 Аз боло бинигарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад. فَاطَّلَعَ فَرَآهُ فِي سَوَاء الْجَحِيمِ
56 Гуядаш: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ. قَالَ تَاللَّهِ إِنْ كِدتَّ لَتُرْدِينِ
57 Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб мебудам. وَلَوْلَا نِعْمَةُ رَبِّي لَكُنتُ مِنَ الْمُحْضَرِينَ
58 Оё моро марге нест, أَفَمَا نَحْنُ بِمَيِّتِينَ
59 ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд?» إِلَّا مَوْتَتَنَا الْأُولَى وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ
60 Ҳар оина (албатта) ин аст комёбии бузург! إِنَّ هَذَا لَهُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
61 Амалкунандагон бояд барои чунин мукофоте амал кунанд. لِمِثْلِ هَذَا فَلْيَعْمَلْ الْعَامِلُونَ
62 Оё хӯришро ин беҳтар ё дарахти заққум? أَذَلِكَ خَيْرٌ نُّزُلًا أَمْ شَجَرَةُ الزَّقُّومِ
63 Мо он дарахтро барои ибтилои (гирифтории) ситамкорон падид овардаем. إِنَّا جَعَلْنَاهَا فِتْنَةً لِّلظَّالِمِينَ
64 Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд, إِنَّهَا شَجَرَةٌ تَخْرُجُ فِي أَصْلِ الْجَحِيمِ
65 Мевааш монанди сари шайтонҳо аст, طَلْعُهَا كَأَنَّهُ رُؤُوسُ الشَّيَاطِينِ
66 дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд فَإِنَّهُمْ لَآكِلُونَ مِنْهَا فَمَالِؤُونَ مِنْهَا الْبُطُونَ
67 ва бар сари он омехтае аз оби сӯзон менушанд. ثُمَّ إِنَّ لَهُمْ عَلَيْهَا لَشَوْبًا مِّنْ حَمِيمٍ
68 Сипас бозгашташон ба ҳамон ҷаҳаннам аст. ثُمَّ إِنَّ مَرْجِعَهُمْ لَإِلَى الْجَحِيمِ
69 Онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ёфтанд إِنَّهُمْ أَلْفَوْا آبَاءهُمْ ضَالِّينَ
70 ва аз паи онҳо шитобон мераванд. فَهُمْ عَلَى آثَارِهِمْ يُهْرَعُونَ
71 Ва пеш аз онҳо бештар пешиниён гумроҳ шуданд. وَلَقَدْ ضَلَّ قَبْلَهُمْ أَكْثَرُ الْأَوَّلِينَ
72 Ва Мо бимдиҳандагоне ба миёнашон фиристодем. وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا فِيهِم مُّنذِرِينَ
73 Пас бингар, ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд. فَانظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُنذَرِينَ
74 Ғайри бандагони мухлиси Худо! إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ
75 Нӯҳ Моро нидо кард ва Мо чӣ нек посухдиҳандае будем! وَلَقَدْ نَادَانَا نُوحٌ فَلَنِعْمَ الْمُجِيبُونَ
76 Ӯ ва касонашро аз андӯҳи бузург наҷот додем. وَنَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ مِنَ الْكَرْبِ الْعَظِيمِ
77 Ва фарзандонашро боқӣ гузоштем. وَجَعَلْنَا ذُرِّيَّتَهُ هُمْ الْبَاقِينَ
78 Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ ниҳодем. وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ
79 Салом бар Нӯҳ бод дар саросари ҷаҳон! سَلَامٌ عَلَى نُوحٍ فِي الْعَالَمِينَ
80 Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем. إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
81 Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд. إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ
82 Сипас дигаронро ғарқ сохтем. ثُمَّ أَغْرَقْنَا الْآخَرِينَ
83 Иброҳим аз пайравони ӯ буд. وَإِنَّ مِن شِيعَتِهِ لَإِبْرَاهِيمَ
84 Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард. إِذْ جَاء رَبَّهُ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ
85 Ба падараш ва қавмаш гуфт: «Чӣ мепарастед? إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَاذَا تَعْبُدُونَ
86 Оё ба ҷои Худои якто худоёни дурӯғинро мехоҳед? أَئِفْكًا آلِهَةً دُونَ اللَّهِ تُرِيدُونَ
87 Ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?» فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ الْعَالَمِينَ
88 Нигоҳе ба ситорагон кард فَنَظَرَ نَظْرَةً فِي النُّجُومِ
89 ва гуфт: «Ман беморам!» فَقَالَ إِنِّي سَقِيمٌ
90 Аз ӯ рӯйгардон шуданд ва бозгаштанд. فَتَوَلَّوْا عَنْهُ مُدْبِرِينَ
91 Пинҳонӣ назди худоёнашон омад ва гуфт: «Чизе намехӯред? فَرَاغَ إِلَى آلِهَتِهِمْ فَقَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ
92 Чаро сухан намегӯед?» مَا لَكُمْ لَا تَنطِقُونَ
93 Ва дар ниҳон дасте бақувват бар онҳо зад. فَرَاغَ عَلَيْهِمْ ضَرْبًا بِالْيَمِينِ
94 Қавмаш шитобон наздаш омаданд. فَأَقْبَلُوا إِلَيْهِ يَزِفُّونَ
95 Гуфт: «Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед? قَالَ أَتَعْبُدُونَ مَا تَنْحِتُونَ
96 Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст». وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ
97 Гуфтанд: «Барояш биное оозед ва дар оташаш андозед». قَالُوا ابْنُوا لَهُ بُنْيَانًا فَأَلْقُوهُ فِي الْجَحِيمِ
98 Хостанд то бадандешӣ кунанд, Мо низ онҳоро зердаст (хору мағлуб) гардонидем. فَأَرَادُوا بِهِ كَيْدًا فَجَعَلْنَاهُمُ الْأَسْفَلِينَ
99 Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард. وَقَالَ إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَى رَبِّي سَيَهْدِينِ
100 Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!» رَبِّ هَبْ لِي مِنَ الصَّالِحِينَ
101 Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем. فَبَشَّرْنَاهُ بِغُلَامٍ حَلِيمٍ
102 Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт». فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ السَّعْيَ قَالَ يَا بُنَيَّ إِنِّي أَرَى فِي الْمَنَامِ أَنِّي أَذْبَحُكَ فَانظُرْ مَاذَا تَرَى قَالَ يَا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ سَتَجِدُنِي إِن شَاء اللَّهُ مِنَ الصَّابِرِينَ
103 Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид, فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِينِ
104 Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим, وَنَادَيْنَاهُ أَنْ يَا إِبْرَاهِيمُ
105 хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем. قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْيَا إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
106 Ин озмоише ошкор буд. إِنَّ هَذَا لَهُوَ الْبَلَاء الْمُبِينُ
107 Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ
108 Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем. وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ
109 Салом бар Иброҳим! سَلَامٌ عَلَى إِبْرَاهِيمَ
110 Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем! كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
111 Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд. إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ
112 Ӯро ба Исҳок — паёмбаре шоиста мужда додем. وَبَشَّرْنَاهُ بِإِسْحَاقَ نَبِيًّا مِّنَ الصَّالِحِينَ
113 Ӯ на Исҳоқро баракат додем. Ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор ҳастанд ва баъзе ба ошкоро бар худ ситамкор. وَبَارَكْنَا عَلَيْهِ وَعَلَى إِسْحَاقَ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحْسِنٌ وَظَالِمٌ لِّنَفْسِهِ مُبِينٌ
114 Мо ба Мӯсо ва Ҳорун неъмат додем. وَلَقَدْ مَنَنَّا عَلَى مُوسَى وَهَارُونَ
115 Он ду ва мардумашонро аз ранҷе бузург наҷот бахшидем. وَنَجَّيْنَاهُمَا وَقَوْمَهُمَا مِنَ الْكَرْبِ الْعَظِيمِ
116 Ононро ёрӣ додем, то ғолиб шуданд. وَنَصَرْنَاهُمْ فَكَانُوا هُمُ الْغَالِبِينَ
117 Ва китобе равшангарашон додем. وَآتَيْنَاهُمَا الْكِتَابَ الْمُسْتَبِينَ
118 Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем. وَهَدَيْنَاهُمَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ
119 Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем. وَتَرَكْنَا عَلَيْهِمَا فِي الْآخِرِينَ
120 Салом бар Мӯсо ва Ҳорун! سَلَامٌ عَلَى مُوسَى وَهَارُونَ
121 Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем! إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
122 Он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд. إِنَّهُمَا مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ
123 Ва Илёс аз паёмбарон буд. وَإِنَّ إِلْيَاسَ لَمِنْ الْمُرْسَلِينَ
124 Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед? إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَلَا تَتَّقُونَ
125 Оё Баълро ба худои мехонед ва Он беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед? أَتَدْعُونَ بَعْلًا وَتَذَرُونَ أَحْسَنَ الْخَالِقِينَ
126 Парварднгори шумо ва Парвардигори падаронатон Худои яктост». وَاللَّهَ رَبَّكُمْ وَرَبَّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ
127 Пас дурӯғаш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд, (дар азоб) فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ
128 Ғайри бандагони мухлиси Худо! إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ
129 Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем. وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ
130 Салом бар хонадони Илёс! سَلَامٌ عَلَى إِلْ يَاسِينَ
131 Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем! إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
132 Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд. إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ
133 Ва Лут аз паёмбарон буд. وَإِنَّ لُوطًا لَّمِنَ الْمُرْسَلِينَ
134 Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем. إِذْ نَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ أَجْمَعِينَ
135 Ғайри пиразане, ки бо мардуми шаҳр бимонд. إِلَّا عَجُوزًا فِي الْغَابِرِينَ
136 Сипас дигаронро ҳалок кардем. ثُمَّ دَمَّرْنَا الْآخَرِينَ
137 Шумо бар (маскани) онҳо мегузаред бомдодон وَإِنَّكُمْ لَتَمُرُّونَ عَلَيْهِم مُّصْبِحِينَ
138 ва шомгоҳон. Оё ақл намекунед? وَبِاللَّيْلِ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
139 Ва Юнус аз паёмбарон буд. وَإِنَّ يُونُسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِينَ
140 Чун ба он киштии пур аз мардум гурехт, إِذْ أَبَقَ إِلَى الْفُلْكِ الْمَشْحُونِ
141 қуръа заданд ва ӯ дар қуръа мағлуб шуд. فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنْ الْمُدْحَضِينَ
142 Моҳӣ фурӯ бурдаш ва ӯ лоиқи сарзаниш буд. فَالْتَقَمَهُ الْحُوتُ وَهُوَ مُلِيمٌ
143 Пас агар аз тасбеҳ гуён намебуд, فَلَوْلَا أَنَّهُ كَانَ مِنْ الْمُسَبِّحِينَ
144 то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд. لَلَبِثَ فِي بَطْنِهِ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ
145 Пас ӯро, ки бемор буд, ба хушкӣ афкандем. فَنَبَذْنَاهُ بِالْعَرَاء وَهُوَ سَقِيمٌ
146 Ва бар болои сараш бӯтаи кадуе рӯёнидем. وَأَنبَتْنَا عَلَيْهِ شَجَرَةً مِّن يَقْطِينٍ
147 Ва ӯро ба пайғамбарӣ бар сад ҳазор кас ва бештар фиристодем. وَأَرْسَلْنَاهُ إِلَى مِئَةِ أَلْفٍ أَوْ يَزِيدُونَ
148 Онҳо имон оварданд ва то зинда буданд, бархурдорияшон додем. فَآمَنُوا فَمَتَّعْنَاهُمْ إِلَى حِينٍ
149 Аз онҳо бипурс; «Оё духтарон аз они Парвардигори ту бошанд ва писарон аз они онҳо?» فَاسْتَفْتِهِمْ أَلِرَبِّكَ الْبَنَاتُ وَلَهُمُ الْبَنُونَ
150 Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо медиданд? أَمْ خَلَقْنَا الْمَلَائِكَةَ إِنَاثًا وَهُمْ شَاهِدُونَ
151 Огоҳ бош, ки аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд: أَلَا إِنَّهُم مِّنْ إِفْكِهِمْ لَيَقُولُونَ
152 «Худо соҳиби фарзанд аст». Дурӯғ мегӯянд. وَلَدَ اللَّهُ وَإِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ
153 Оё Худо духтаронро бар писарон бартарӣ дод? أَصْطَفَى الْبَنَاتِ عَلَى الْبَنِينَ
154 Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед? مَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ
155 Оё намеандешед? أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
156 Ё бар даъвои худ далели равшане доред? أَمْ لَكُمْ سُلْطَانٌ مُّبِينٌ
157 Агар рост мегӯед, китобатонро биёваред. فَأْتُوا بِكِتَابِكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ
158 Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён медонанд, ки ҳозиркардашудагонанд. (дар азоб). وَجَعَلُوا بَيْنَهُ وَبَيْنَ الْجِنَّةِ نَسَبًا وَلَقَدْ عَلِمَتِ الْجِنَّةُ إِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ
159 Аз он сифат, ки меоварданд, Худо пок аст, سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ
160 ғайри бандагони мухлиси Худо! إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ
161 Шумо ва бутоне, ки мепарастед, فَإِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ
162 натавонистед гумроҳ кунед, مَا أَنتُمْ عَلَيْهِ بِفَاتِنِينَ
163 магар он касро, ки роҳии ҷаҳаннам бошад. إِلَّا مَنْ هُوَ صَالِ الْجَحِيمِ
164 «Ва ҳар кас аз мо ҷое муъайян дорад. وَمَا مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ
165 Албатта мо сафзадагонем. وَإِنَّا لَنَحْنُ الصَّافُّونَ
166 Ва албатта мо тасбеҳгӯяндагонем». وَإِنَّا لَنَحْنُ الْمُسَبِّحُونَ
167 Агарчи мегуфтанд: وَإِنْ كَانُوا لَيَقُولُونَ
168 «Агар аз пешиниён назди мо китобе монда буд, لَوْ أَنَّ عِندَنَا ذِكْرًا مِّنْ الْأَوَّلِينَ
169 мо аз бандагони мухлиси Худо мебудем». لَكُنَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ
170 Онҳо ба он китоб кофир шуданд ва ба зуди, ки хоҳанд фаҳмид. فَكَفَرُوا بِهِ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
171 Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш тасмим гирифтаем, وَلَقَدْ سَبَقَتْ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا الْمُرْسَلِينَ
172 ки албатта онон ёрӣ мешаванд. إِنَّهُمْ لَهُمُ الْمَنصُورُونَ
173 Ва лашкари Мо худ ғолибанд. وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ الْغَالِبُونَ
174 Пас то муддате аз онҳо рӯй бигардон. فَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّى حِينٍ
175 Оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид. وَأَبْصِرْهُمْ فَسَوْفَ يُبْصِرُونَ
176 Оё азоби Моро ба шитоб металабанд? أَفَبِعَذَابِنَا يَسْتَعْجِلُونَ
177 Чун азоб ба майдонашон фарояд, ин бимдодашудагон чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт. فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمْ فَسَاء صَبَاحُ الْمُنذَرِينَ
178 Аз онҳо то чанде рӯй бигардон. وَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّى حِينٍ
179 Пас оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид. وَأَبْصِرْ فَسَوْفَ يُبْصِرُونَ
180 Муназзаҳ (покаст) аст Парвардигори ту — он Парвардигори пирӯзманд — аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ мегӯянд! سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ
181 Ва салом бар паёмбарон! وَسَلَامٌ عَلَى الْمُرْسَلِينَ
182 Ва ҳамд аз они Парвардигори ҷаҳониён аст! وَالْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ
;