Ash-Shu'araa

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 То, син, мим. طسم
2 Инҳост оёти ин китоби равшан(-у фаҳмо) تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ
3 Шояд аз ин, ки имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ. لَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَّفْسَكَ أَلَّا يَكُونُوا مُؤْمِنِينَ
4 Агар бихоҳем, аз осмон барояшон мӯъҷизае нозил мекунем, ки дар баробари он ба фармонбарӣ сар фуруд оваранд. إِن نَّشَأْ نُنَزِّلْ عَلَيْهِم مِّن السَّمَاء آيَةً فَظَلَّتْ أَعْنَاقُهُمْ لَهَا خَاضِعِينَ
5 Барояшон ҳар сухани тозае аз Худои раҳмон нозил шавад, албатта аз он рӯгардонӣ мекунанд. وَمَا يَأْتِيهِم مِّن ذِكْرٍ مِّنَ الرَّحْمَنِ مُحْدَثٍ إِلَّا كَانُوا عَنْهُ مُعْرِضِينَ
6 Пас дурӯғ бароварданд. Ба зуди хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо бирасад. فَقَدْ كَذَّبُوا فَسَيَأْتِيهِمْ أَنبَاء مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُون
7 Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ дар он рӯёнидаем. أَوَلَمْ يَرَوْا إِلَى الْأَرْضِ كَمْ أَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوْجٍ كَرِيمٍ
8 Дар ин ибратест, вале бештарашон мӯъмин набудаанд. إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
9 Ба ростӣ Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
10 Ва Парвардигорат Мӯсоро нидо до, д, ки: эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамгор бирав: وَإِذْ نَادَى رَبُّكَ مُوسَى أَنِ ائْتِ الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
11 қавми Фиръавн. Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд? قَوْمَ فِرْعَوْنَ أَلَا يَتَّقُونَ
12 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд. قَالَ رَبِّ إِنِّي أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ
13 Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад. Ҳорунро пайғамбарӣ деҳ! وَيَضِيقُ صَدْرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرْسِلْ إِلَى هَارُونَ
14 Ва бар ман ба гуноҳе даъвое доранд, метарсам, ки маро бикушанд». وَلَهُمْ عَلَيَّ ذَنبٌ فَأَخَافُ أَن يَقْتُلُونِ
15 Гуфт: «Ҳаргиз, оёти Маро ҳар ду назди онҳо бибаред, Мо низ бо шумо ҳастем ва гӯшкунандаем. قَالَ كَلَّا فَاذْهَبَا بِآيَاتِنَا إِنَّا مَعَكُم مُّسْتَمِعُونَ
16 Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули Парвардигори ҷаҳониён ҳастем, فَأْتِيَا فِرْعَوْنَ فَقُولَا إِنَّا رَسُولُ رَبِّ الْعَالَمِينَ
17 ки банӣ-Исроилро бо мо бифиристӣ». أَنْ أَرْسِلْ مَعَنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ
18 Гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ? قَالَ أَلَمْ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدًا وَلَبِثْتَ فِينَا مِنْ عُمُرِكَ سِنِينَ
19 Ва он корро, ки аз ту оар зад, накардаӣ? Пас ту кофири неъматӣ». وَفَعَلْتَ فَعْلَتَكَ الَّتِي فَعَلْتَ وَأَنتَ مِنَ الْكَافِرِينَ
20 Гуфт: «Он вақт, ки чунон кардам, аз хатокорон будам. قَالَ فَعَلْتُهَا إِذًا وَأَنَا مِنَ الضَّالِّينَ
21 Ва чун аз шумо тарсидам, гурехтам. Вале Парвардигори мам ба ман паёмбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард. فَفَرَرْتُ مِنكُمْ لَمَّا خِفْتُكُمْ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكْمًا وَجَعَلَنِي مِنَ الْمُرْسَلِينَ
22 Ва миннати ин неъматро бар ман мекунӣ, ки банӣ-Исроилро ғулом сохтаӣ?» وَتِلْكَ نِعْمَةٌ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنْ عَبَّدتَّ بَنِي إِسْرَائِيلَ
23 Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён чист?» قَالَ فِرْعَوْنُ وَمَا رَبُّ الْعَالَمِينَ
24 Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост», قَالَ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا إن كُنتُم مُّوقِنِينَ
25 Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?» قَالَ لِمَنْ حَوْلَهُ أَلَا تَسْتَمِعُونَ
26 Гуфт; «Парвардпгори шумо ва Парвардигори падарони аввалини шумо». قَالَ رَبُّكُمْ وَرَبُّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ
27 Фиръазн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст». قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ الَّذِي أُرْسِلَ إِلَيْكُمْ لَمَجْنُونٌ
28 Гуфт: «Ӯст Парвардигори машрику мағриб ва ҳар чӣ миёни он дӯст, агар ақл кунед». قَالَ رَبُّ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ وَمَا بَيْنَهُمَا إِن كُنتُمْ تَعْقِلُونَ
29 Фиръавн гуфт: «Агар ба ҷои ман каси дигареро ба худои гири, ба зиндонат меафканам». قَالَ لَئِنِ اتَّخَذْتَ إِلَهًا غَيْرِي لَأَجْعَلَنَّكَ مِنَ الْمَسْجُونِينَ
30 Гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизае равшан барои ту оварда бошам?» قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكَ بِشَيْءٍ مُّبِينٍ
31 Гуфт; Агар рост мегӯӣ, онро биёвар». قَالَ فَأْتِ بِهِ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ
32 Асояшро партофт. Ба ошкоро аждаҳое шуд. فَأَلْقَى عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعْبَانٌ مُّبِينٌ
33 Ва дасташро берун овард. Дар назари бинандагон сафед менамуд. وَنَزَعَ يَدَهُ فَإِذَا هِيَ بَيْضَاء لِلنَّاظِرِينَ
34 Ба бузургони қавмаш, ки канораш буданд, гуфт: «Ин мард ҷодугаре доност. قَالَ لِلْمَلَإِ حَوْلَهُ إِنَّ هَذَا لَسَاحِرٌ عَلِيمٌ
35 Мехоҳад ба ҷодуи. худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Чӣ раъй медиҳед?» يُرِيدُ أَن يُخْرِجَكُم مِّنْ أَرْضِكُم بِسِحْرِهِ فَمَاذَا تَأْمُرُونَ
36 Гуфтанд: «Аз ӯ ва ба бародараш мӯҳлат бихоҳ ва касон ба шаҳрҳо бифирист, قَالُوا أَرْجِهِ وَأَخَاهُ وَابْعَثْ فِي الْمَدَائِنِ حَاشِرِينَ
37 то ҳар ҷодугари доноеро, ки ҳаёт, назди ту биёранд». يَأْتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٍ
38 Ҷодугаронро дар рӯзе муъайян ба ваъдагоҳ оварданд. فَجُمِعَ السَّحَرَةُ لِمِيقَاتِ يَوْمٍ مَّعْلُومٍ
39 Ва мардумро гуфтанд: «Оё шумо низ ҷамъ меоед? وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلْ أَنتُم مُّجْتَمِعُونَ
40 То агар ҷодугарон пирӯз омаданд, ҳама ба онҳо пайравӣ кунем!» لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ السَّحَرَةَ إِن كَانُوا هُمُ الْغَالِبِينَ
41 Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирӯз шавем, моро музде хоҳад буд?» فَلَمَّا جَاء السَّحَرَةُ قَالُوا لِفِرْعَوْنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجْرًا إِن كُنَّا نَحْنُ الْغَالِبِينَ
42 Гуфт: «Оре, ҳама аз наздиконам хоҳед буд». قَالَ نَعَمْ وَإِنَّكُمْ إِذًا لَّمِنَ الْمُقَرَّبِينَ
43 Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, партофтан, бипартоед!» قَالَ لَهُم مُّوسَى أَلْقُوا مَا أَنتُم مُّلْقُونَ
44 Онон ресмонҳову чубҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо пирӯз шудем!» فَأَلْقَوْا حِبَالَهُمْ وَعِصِيَّهُمْ وَقَالُوا بِعِزَّةِ فِرْعَوْنَ إِنَّا لَنَحْنُ الْغَالِبُونَ
45 Ва Мӯсо асояшро партофт. Ногоҳ ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд. فَأَلْقَى مُوسَى عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلْقَفُ مَا يَأْفِكُونَ
46 Ҷодугарон ба саҷда афтоданд. فَأُلْقِيَ السَّحَرَةُ سَاجِدِينَ
47 Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, قَالُوا آمَنَّا بِرَبِّ الْعَالَمِينَ
48 Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!» رَبِّ مُوسَى وَهَارُونَ
49 Гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, имон овардед? Албатта он мард бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Хоҳед дид. Акнун дастҳову поҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!» قَالَ آمَنتُمْ لَهُ قَبْلَ أَنْ آذَنَ لَكُمْ إِنَّهُ لَكَبِيرُكُمُ الَّذِي عَلَّمَكُمُ السِّحْرَ فَلَسَوْفَ تَعْلَمُونَ لَأُقَطِّعَنَّ أَيْدِيَكُمْ وَأَرْجُلَكُم مِّنْ خِلَافٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمْ أَجْمَعِينَ
50 Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем. قَالُوا لَا ضَيْرَ إِنَّا إِلَى رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ
51 Мо умед медорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем». إِنَّا نَطْمَعُ أَن يَغْفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَايَانَا أَن كُنَّا أَوَّلَ الْمُؤْمِنِينَ
52 Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, ки аз паи шумо биёянд. وَأَوْحَيْنَا إِلَى مُوسَى أَنْ أَسْرِ بِعِبَادِي إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ
53 Ва Фиръавн ҷамъоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод. فَأَرْسَلَ فِرْعَوْنُ فِي الْمَدَائِنِ حَاشِرِينَ
54 ки инҳо гурӯҳе андаканд إِنَّ هَؤُلَاء لَشِرْذِمَةٌ قَلِيلُونَ
55 ва моро ба хашм овардаанд وَإِنَّهُمْ لَنَا لَغَائِظُونَ
56 ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем. وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَاذِرُونَ
57 Пас онҳоро аз борҳову чашмасорҳо берун кардем فَأَخْرَجْنَاهُم مِّن جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
58 ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ, وَكُنُوزٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ
59 ба ин тарз ҳамаро ба банӣ-Исроил вогузоштем كَذَلِكَ وَأَوْرَثْنَاهَا بَنِي إِسْرَائِيلَ
60 Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд. فَأَتْبَعُوهُم مُّشْرِقِينَ
61 Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Гирифтор омадем!» فَلَمَّا تَرَاءى الْجَمْعَانِ قَالَ أَصْحَابُ مُوسَى إِنَّا لَمُدْرَكُونَ
62 Гуфт: «Ҳаргиз, Парвардигори ман бо ман аст ва маро роҳ хоҳад нишон дод». قَالَ كَلَّا إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهْدِينِ
63 Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба дарё бизан. Дарё бишикофт ва ҳар пора чун кӯҳе азим гашт. فَأَوْحَيْنَا إِلَى مُوسَى أَنِ اضْرِب بِّعَصَاكَ الْبَحْرَ فَانفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرْقٍ كَالطَّوْدِ الْعَظِيمِ
64 Ва он гурӯҳи дигарро низ ба дарё расонидем. وَأَزْلَفْنَا ثَمَّ الْآخَرِينَ
65 Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем. وَأَنجَيْنَا مُوسَى وَمَن مَّعَهُ أَجْمَعِينَ
66 Ва он дигаронро ғарк сохтем. ثُمَّ أَغْرَقْنَا الْآخَرِينَ
67 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд! إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
68 Албатта Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст! وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
69 Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун! وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ إِبْرَاهِيمَ
70 Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?» إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَا تَعْبُدُونَ
71 Гуфтачкд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем». قَالُوا نَعْبُدُ أَصْنَامًا فَنَظَلُّ لَهَا عَاكِفِينَ
72 Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд? قَالَ هَلْ يَسْمَعُونَكُمْ إِذْ تَدْعُونَ
73 Ё барои шумо фоидаву зиёне доранд?» أَوْ يَنفَعُونَكُمْ أَوْ يَضُرُّونَ
74 Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд». قَالُوا بَلْ وَجَدْنَا آبَاءنَا كَذَلِكَ يَفْعَلُونَ
75 Гуфт: Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед قَالَ أَفَرَأَيْتُم مَّا كُنتُمْ تَعْبُدُونَ
76 шумо ва падаронатон? أَنتُمْ وَآبَاؤُكُمُ الْأَقْدَمُونَ
77 Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст. فَإِنَّهُمْ عَدُوٌّ لِّي إِلَّا رَبَّ الْعَالَمِينَ
78 Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад الَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهْدِينِ
79 ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро об медиҳад. وَالَّذِي هُوَ يُطْعِمُنِي وَيَسْقِينِ
80 ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад وَإِذَا مَرِضْتُ فَهُوَ يَشْفِينِ
81 ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад وَالَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحْيِينِ
82 ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд. وَالَّذِي أَطْمَعُ أَن يَغْفِرَ لِي خَطِيئَتِي يَوْمَ الدِّينِ
83 Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд. رَبِّ هَبْ لِي حُكْمًا وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ
84 Ва зикри неки маро дар даҳони ояндагон андоз وَاجْعَل لِّي لِسَانَ صِدْقٍ فِي الْآخِرِينَ
85 ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ وَاجْعَلْنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ النَّعِيمِ
86 ва падарамро биёмурз, ки аз гумроҳон аст وَاغْفِرْ لِأَبِي إِنَّهُ كَانَ مِنَ الضَّالِّينَ
87 ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз, وَلَا تُخْزِنِي يَوْمَ يُبْعَثُونَ
88 рӯзе, ки на мол нафъ медиҳад ва на фарзандон, يَوْمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ
89 ғайри он кас, ки бо қалбе покиза аз ширк ба назди Худо биёяд!» إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ
90 Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик оранд. وَأُزْلِفَتِ الْجَنَّةُ لِلْمُتَّقِينَ
91 Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд. وَبُرِّزَتِ الْجَحِيمُ لِلْغَاوِينَ
92 Ба онҳо гӯянд: Чизҳое, ки ба ҷои Худои якто мепарастидед, куҷоянд? وَقِيلَ لَهُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ تَعْبُدُونَ
93 Оё ёриатон мекунанд, ё худ ёрӣ меҷӯянд?» مِن دُونِ اللَّهِ هَلْ يَنصُرُونَكُمْ أَوْ يَنتَصِرُونَ
94 Онҳо ва кофиронро сармагун дар ҷаҳаннам андозанд فَكُبْكِبُوا فِيهَا هُمْ وَالْغَاوُونَ
95 ва ҳамаи лашкари Иблисро. وَجُنُودُ إِبْلِيسَ أَجْمَعُونَ
96 Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ҳусумат мекунанду, мегӯянд: قَالُوا وَهُمْ فِيهَا يَخْتَصِمُونَ
97 «Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем, تَاللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ
98 он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем. إِذْ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ الْعَالَمِينَ
99 Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд وَمَا أَضَلَّنَا إِلَّا الْمُجْرِمُونَ
100 ва акнун моро шафеъоне (халоскунандаҳое) нест فَمَا لَنَا مِن شَافِعِينَ
101 ва моро дӯсти меҳрубоне нест. وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٍ
102 Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем». فَلَوْ أَنَّ لَنَا كَرَّةً فَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
103 Дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
104 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
105 Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғ барозарданд. كَذَّبَتْ قَوْمُ نُوحٍ الْمُرْسَلِينَ
106 Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Оё наметарсед? إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ
107 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
108 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
109 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى رَبِّ الْعَالَمِينَ
110 Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!» فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
111 Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки камбағалон пайрави ту ҳастанд?» قَالُوا أَنُؤْمِنُ لَكَ وَاتَّبَعَكَ الْأَرْذَلُونَ
112 Гуфт: «Дониши ман ба корҳое, ки мекунанд, намерасад. قَالَ وَمَا عِلْمِي بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
113 Агар мефаҳмед, ҳисобаш танҳо бо Парвардигори ман аст. إِنْ حِسَابُهُمْ إِلَّا عَلَى رَبِّي لَوْ تَشْعُرُونَ
114 Ва ман мӯъминонро дур намекунам. وَمَا أَنَا بِطَارِدِ الْمُؤْمِنِينَ
115 Бимдиҳандае ошкор ҳастам». إِنْ أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ مُّبِينٌ
116 Гуфтанд: «Эй Нӯҳ агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ». قَالُوا لَئِن لَّمْ تَنتَهِ يَا نُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ الْمَرْجُومِينَ
117 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғ мебароранд. قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوْمِي كَذَّبُونِ
118 Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро наҷот бидеҳ». فَافْتَحْ بَيْنِي وَبَيْنَهُمْ فَتْحًا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِي مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
119 Ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем. فَأَنجَيْنَاهُ وَمَن مَّعَهُ فِي الْفُلْكِ الْمَشْحُونِ
120 Ва боқиро ғарк, кардем. ثُمَّ أَغْرَقْنَا بَعْدُ الْبَاقِينَ
121 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
122 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
123 Қавми Од паёмбаронро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). كَذَّبَتْ عَادٌ الْمُرْسَلِينَ
124 Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед? إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ
125 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
126 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
127 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى رَبِّ الْعَالَمِينَ
128 Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ биное баланд месозед? أَتَبْنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ آيَةً تَعْبَثُونَ
129 Ва бад-ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрхое бино мекунед? وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمْ تَخْلُدُونَ
130 Ва ҳар гоҳ интиқом гиред, чун бераҳмон интиқом мегиред? وَإِذَا بَطَشْتُم بَطَشْتُمْ جَبَّارِينَ
131 Пас аз Худо битарсед ва аз ман итоъат кунед. فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
132 Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст. وَاتَّقُوا الَّذِي أَمَدَّكُم بِمَا تَعْلَمُونَ
133 Ва ба шумо чорпоёну фарзандон ато кардааст. أَمَدَّكُم بِأَنْعَامٍ وَبَنِينَ
134 ва боғҳову чашмасорон. وَجَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
135 Ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо бимнокам». إِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ
136 Гуфтанд: «Барюй мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ. قَالُوا سَوَاء عَلَيْنَا أَوَعَظْتَ أَمْ لَمْ تَكُن مِّنَ الْوَاعِظِينَ
137 Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест. إِنْ هَذَا إِلَّا خُلُقُ الْأَوَّلِينَ
138 Ва мо азоб нахоҳем шуд». وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ
139 Пас дурӯғаш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд! فَكَذَّبُوهُ فَأَهْلَكْنَاهُمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
140 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
141 Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғ бароварданд, كَذَّبَتْ ثَمُودُ الْمُرْسَلِينَ
142 Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед? إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ صَالِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ
143 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
144 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
145 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст! وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى رَبِّ الْعَالَمِينَ
146 Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд? أَتُتْرَكُونَ فِي مَا هَاهُنَا آمِنِينَ
147 Дар боғҳову чашмасорҳо? فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
148 Ва киштзорҳову наҳлҳо (хурмозорҳо) бо он шукуфаҳои нарму латиф? وَزُرُوعٍ وَنَخْلٍ طَلْعُهَا هَضِيمٌ
149 Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед? وَتَنْحِتُونَ مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا فَارِهِينَ
150 Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
151 Ва фармони ин исрофкоронро қабул накунед. وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ
152 Инҳо, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд». الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ
153 Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд. قَالُوا إِنَّمَا أَنتَ مِنَ الْمُسَحَّرِينَ
154 Ту низ башаре монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар». مَا أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُنَا فَأْتِ بِآيَةٍ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ
155 Гуфт: «Ин модашутури ман аст. Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва як рӯз ҳаққи шумо. قَالَ هَذِهِ نَاقَةٌ لَّهَا شِرْبٌ وَلَكُمْ شِرْبُ يَوْمٍ مَّعْلُومٍ
156 Ба он осебе нарасонед, ки азоби рӯзе бузург шуморо фурӯ мегирад». وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوءٍ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابُ يَوْمٍ عَظِيمٍ
157 Онро куштанд ва пушаймон шуданд. فَعَقَرُوهَا فَأَصْبَحُوا نَادِمِينَ
158 Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт., Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. فَأَخَذَهُمُ الْعَذَابُ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
159 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
160 Қавми Лут паёмбаронро дурӯғ бароварданд. كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍ الْمُرْسَلِينَ
161 Он гоҳ, ки бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед? إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ
162 Мам барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
163 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
164 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯхдаи Парвардигори ҷаҳониён аст! وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى رَبِّ الْعَالَمِينَ
165 Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед? أَتَأْتُونَ الذُّكْرَانَ مِنَ الْعَالَمِينَ
166 Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон бароятон офаридааст, тарк мегӯед? На, шумо мардуме таҷовузкор ҳастед!» وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمْ رَبُّكُمْ مِنْ أَزْوَاجِكُم بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ عَادُونَ
167 Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, аз шаҳр берунат мекунем». قَالُوا لَئِن لَّمْ تَنتَهِ يَا لُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ الْمُخْرَجِينَ
168 Гуфт: «Ман бо кори шумо душманам. قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ الْقَالِينَ
169 Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бахш!» رَبِّ نَجِّنِي وَأَهْلِي مِمَّا يَعْمَلُونَ
170 Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем, فَنَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ أَجْمَعِينَ
171 ғайри пиразане, ки хост бимонад. إِلَّا عَجُوزًا فِي الْغَابِرِينَ
172 Сипас дигаронро ҳалок кардем, ثُمَّ دَمَّرْنَا الْآخَرِينَ
173 бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон! وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِم مَّطَرًا فَسَاء مَطَرُ الْمُنذَرِينَ
174 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
175 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
176 Мардуми Айка паёмбаронро дурӯғ бароварданд. كَذَّبَ أَصْحَابُ الْأَيْكَةِ الْمُرْسَلِينَ
177 Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед? إِذْ قَالَ لَهُمْ شُعَيْبٌ أَلَا تَتَّقُونَ
178 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
179 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ
180 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى رَبِّ الْعَالَمِينَ
181 Паймонаро (зарфи ченкуниро) тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед. أَوْفُوا الْكَيْلَ وَلَا تَكُونُوا مِنَ الْمُخْسِرِينَ
182 Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед. وَزِنُوا بِالْقِسْطَاسِ الْمُسْتَقِيمِ
183 Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед. وَلَا تَبْخَسُوا النَّاسَ أَشْيَاءهُمْ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ
184 Аз он кас, ки шумо ва офаридагони пеш аз шуморо офаридааст, битарсед». وَاتَّقُوا الَّذِي خَلَقَكُمْ وَالْجِبِلَّةَ الْأَوَّلِينَ
185 Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд. قَالُوا إِنَّمَا أَنتَ مِنَ الْمُسَحَّرِينَ
186 Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ. وَمَا أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ الْكَاذِبِينَ
187 Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз». فَأَسْقِطْ عَلَيْنَا كِسَفًا مِّنَ السَّمَاء إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ
188 Гуфт: «Парвардигори ман ба коро, ки мекунед, донотар аст». قَالَ رَبِّي أَعْلَمُ بِمَا تَعْمَلُونَ
189 Пас дурӯғаш бароварданд ва дар он рӯзи абрӣ азоб ононро фурӯ гирифг. Ва он азоби рӯзе бузург буд! فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمْ عَذَابُ يَوْمِ الظُّلَّةِ إِنَّهُ كَانَ عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ
190 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ
191 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст. وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
192 Ва ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст. وَإِنَّهُ لَتَنزِيلُ رَبِّ الْعَالَمِينَ
193 Онро рӯҳуламин нозил кардааст نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ
194 бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ, عَلَى قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنذِرِينَ
195 ба забони арабии равшан. بِلِسَانٍ عَرَبِيٍّ مُّبِينٍ
196 Ва он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст. وَإِنَّهُ لَفِي زُبُرِ الْأَوَّلِينَ
197 Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки уламои банӣ-Исроил аз он огоҳанд? أَوَلَمْ يَكُن لَّهُمْ آيَةً أَن يَعْلَمَهُ عُلَمَاء بَنِي إِسْرَائِيلَ
198 Агар онро бар яке аз аҷамон (ғайри арабҳо) нозил карда будем وَلَوْ نَزَّلْنَاهُ عَلَى بَعْضِ الْأَعْجَمِينَ
199 ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд, فَقَرَأَهُ عَلَيْهِم مَّا كَانُوا بِهِ مُؤْمِنِينَ
200 Ба ин тарз Қуръонро дар дилҳои гунаҳкорон роҳ додем. كَذَلِكَ سَلَكْنَاهُ فِي قُلُوبِ الْمُجْرِمِينَ
201 Ба он имон намеоваранд то азоби дардоварро бубинанд. لَا يُؤْمِنُونَ بِهِ حَتَّى يَرَوُا الْعَذَابَ الْأَلِيمَ
202 Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд. فَيَأْتِيَهُم بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
203 Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?» فَيَقُولُوا هَلْ نَحْنُ مُنظَرُونَ
204 Оё ба азоби мо мешитобанд? أَفَبِعَذَابِنَا يَسْتَعْجِلُونَ
205 Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем, أَفَرَأَيْتَ إِن مَّتَّعْنَاهُمْ سِنِينَ
206 боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад. ثُمَّ جَاءهُم مَّا كَانُوا يُوعَدُونَ
207 Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон нафъ накард? مَا أَغْنَى عَنْهُم مَّا كَانُوا يُمَتَّعُونَ
208 Мо ҳеҷ деҳаеро ҳалок накардем, ҷуз он, ки барояшон бимдиҳандагоне буданд, وَمَا أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ
209 то пандашон диҳанд. Зеро мо ситамкор нестем. ذِكْرَى وَمَا كُنَّا ظَالِمِينَ
210 Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд. وَمَا تَنَزَّلَتْ بِهِ الشَّيَاطِينُ
211 Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд. وَمَا يَنبَغِي لَهُمْ وَمَا يَسْتَطِيعُونَ
212 Шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд. إِنَّهُمْ عَنِ السَّمْعِ لَمَعْزُولُونَ
213 Пас бо Худои якто худои дигареро махон, то мабод дар шумори азобшавандагон дароӣ. فَلَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ فَتَكُونَ مِنَ الْمُعَذَّبِينَ
214 Хешовандони наздикатро битарсон. وَأَنذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ
215 Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки ба ту пайравӣ мекунад, хоксору нарм бош! وَاخْفِضْ جَنَاحَكَ لِمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
216 Ва агар бар ту нофармони карданд, бигӯ: «Ман аз корҳои шумо безорам!» فَإِنْ عَصَوْكَ فَقُلْ إِنِّي بَرِيءٌ مِّمَّا تَعْمَلُونَ
217 Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккал кун. وَتَوَكَّلْ عَلَى الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ
218 Он, ки туро мебинад, он гоҳ, ки бармехезӣ الَّذِي يَرَاكَ حِينَ تَقُومُ
219 ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад. وَتَقَلُّبَكَ فِي السَّاجِدِينَ
220 Албатта Ӯст шунавои доно! إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
221 Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд? هَلْ أُنَبِّئُكُمْ عَلَى مَن تَنَزَّلُ الشَّيَاطِينُ
222 Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд. تَنَزَّلُ عَلَى كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ
223 Гӯш медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд. يُلْقُونَ السَّمْعَ وَأَكْثَرُهُمْ كَاذِبُونَ
224 Ва гумроҳон аз паи шоирон мераванд. وَالشُّعَرَاء يَتَّبِعُهُمُ الْغَاوُونَ
225 Оё надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие саргаштаанд? أَلَمْ تَرَ أَنَّهُمْ فِي كُلِّ وَادٍ يَهِيمُونَ
226 Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд? وَأَنَّهُمْ يَقُولُونَ مَا لَا يَفْعَلُونَ
227 Ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зуди хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд. إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَذَكَرُوا اللَّهَ كَثِيراً وَانتَصَرُوا مِن بَعْدِ مَا ظُلِمُوا وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنقَلَبٍ يَنقَلِبُونَ
;