Al-Hijr

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Алиф, лом, ро. Ин аст-оёти китоб ва Қуръони равшангар. الَرَ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ وَقُرْآنٍ مُّبِينٍ
2 Бисёр вақт кофирон орзу кунанд, ки эй кош мусалмон мебуданд, رُّبَمَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُواْ لَوْ كَانُواْ مُسْلِمِينَ
3 Бигузорашон, то бихӯранд ва баҳравар шаванд ва орзу ба худ машғулашон дорад, ба зуди хоҳанд донист. ذَرْهُمْ يَأْكُلُواْ وَيَتَمَتَّعُواْ وَيُلْهِهِمُ الأَمَلُ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
4 Ҳар деҳаеро ҳалок кардем, албатта замоне маълум дошт. وَمَا أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍ إِلاَّ وَلَهَا كِتَابٌ مَّعْلُومٌ
5 Ҳеҷ уммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на пас мемонад. مَّا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَأْخِرُونَ
6 Ва гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаӣ! وَقَالُواْ يَا أَيُّهَا الَّذِي نُزِّلَ عَلَيْهِ الذِّكْرُ إِنَّكَ لَمَجْنُونٌ
7 Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ?» لَّوْ مَا تَأْتِينَا بِالْمَلائِكَةِ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ
8 Мо фариштагонро ғайри ба ҳақ нозил намекунем ва дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд. مَا نُنَزِّلُ الْمَلائِكَةَ إِلاَّ بِالحَقِّ وَمَا كَانُواْ إِذًا مُّنظَرِينَ
9 Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем. إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ
10 Ва Мо расулони худро пеш аз ту ба миёни қавмҳои пешин фиристодаем. وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِي شِيَعِ الأَوَّلِينَ
11 Ҳар паёмбаре бар онҳо фиристода шуд, албатта масхарааш карданд. وَمَا يَأْتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلاَّ كَانُواْ بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ
12 Роҳашро дар дили гунаҳгорон инчунин мекушоем! كَذَلِكَ نَسْلُكُهُ فِي قُلُوبِ الْمُجْرِمِينَ
13 Ба он имон намеоваранд ва суннати пешиниён чунин будааст. لاَ يُؤْمِنُونَ بِهِ وَقَدْ خَلَتْ سُنَّةُ الأَوَّلِينَ
14 Агар барояшон аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд, وَلَوْ فَتَحْنَا عَلَيْهِم بَابًا مِّنَ السَّمَاء فَظَلُّواْ فِيهِ يَعْرُجُونَ
15 гӯянд: «Чашмони моро ҷоду кардаанд, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!» لَقَالُواْ إِنَّمَا سُكِّرَتْ أَبْصَارُنَا بَلْ نَحْنُ قَوْمٌ مَّسْحُورُونَ
16 Ва албатта дар осмон бурҷҳое офаридем ва барон бинандагонашон биёростем. وَلَقَدْ جَعَلْنَا فِي السَّمَاء بُرُوجًا وَزَيَّنَّاهَا لِلنَّاظِرِينَ
17 Ва аз ҳар шайтони раҷиме ҳифзашон кардем. وَحَفِظْنَاهَا مِن كُلِّ شَيْطَانٍ رَّجِيمٍ
18 Ғайри он ки дуздона гӯш медод ва шарорае равшан таъқибаш кард. إِلاَّ مَنِ اسْتَرَقَ السَّمْعَ فَأَتْبَعَهُ شِهَابٌ مُّبِينٌ
19 Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳое азим афкандем. Ва аз ҳар чиз ба шевае санҷида дар он рӯёнидем. وَالأَرْضَ مَدَدْنَاهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَيْءٍ مَّوْزُونٍ
20 Ва маъишати шумо ва касонеро, ки шумо рӯзидеҳашон нестед, дар он ҷо қарор додем. وَجَعَلْنَا لَكُمْ فِيهَا مَعَايِشَ وَمَن لَّسْتُمْ لَهُ بِرَازِقِينَ
21 Ҳар чӣ ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муъайян онро намефиристем. وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ
22 Ва бодҳои обистанкунандаро фиристодем ва аз осмон обе нозил кардем ва шуморо ба он сероб сохтем ва шуморо нарасад, ки хазинадори он, бошед. لَوَاقِحَ فَأَنزَلْنَا مِنَ السَّمَاء مَاء فَأَسْقَيْنَاكُمُوهُ وَمَا أَنتُمْ لَهُ بِخَازِنِينَ
23 Албатта Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем. وَإنَّا لَنَحْنُ نُحْيِي وَنُمِيتُ وَنَحْنُ الْوَارِثُونَ
24 Ва медонем чӣ касоне аз шумо аз ин пеш рафтаанд ва чӣ касоне боқӣ мондаанд. وَلَقَدْ عَلِمْنَا الْمُسْتَقْدِمِينَ مِنكُمْ وَلَقَدْ عَلِمْنَا الْمُسْتَأْخِرِينَ
25 Ва Парвардигори ту ҳамаро зинда карда ҷамъ мегардонад, зеро Ӯст, ки ҳакиму доност! وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحْشُرُهُمْ إِنَّهُ حَكِيمٌ عَلِيمٌ
26 Мо одамиро аз гили хушк, аз лаҷани (лойи) бӯйнок офаридем. وَلَقَدْ خَلَقْنَا الإِنسَانَ مِن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ
27 Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем. وَالْجَآنَّ خَلَقْنَاهُ مِن قَبْلُ مِن نَّارِ السَّمُومِ
28 Ва Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Мехоҳам башаре аз гили хушк, аз лои бӯйнок биёфаринам. وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلاَئِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِّن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ
29 Чун офаринишамро ба поён бурдам ва аз рӯҳи Худ дар он дамидам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед». فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُ سَاجِدِينَ
30 Фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд, فَسَجَدَ الْمَلآئِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ
31 ғайри Иблис, ки сар боззад, ки бо саҷдакунандагон бошад. إِلاَّ إِبْلِيسَ أَبَى أَن يَكُونَ مَعَ السَّاجِدِينَ
32 Гуфт: «Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон Набудӣ?» قَالَ يَا إِبْلِيسُ مَا لَكَ أَلاَّ تَكُونَ مَعَ السَّاجِدِينَ
33 Гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи бӯйнок офаридаӣ, саҷда намекунам». قَالَ لَمْ أَكُن لِّأَسْجُدَ لِبَشَرٍ خَلَقْتَهُ مِن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ
34 Гуфт: «Аз он ҷо берун шав, ки рондашуда ҳастӣ. قَالَ فَاخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ
35 То рӯзи қиёмат бар ту лаънат аст!» وَإِنَّ عَلَيْكَ اللَّعْنَةَ إِلَى يَوْمِ الدِّينِ
36 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ». قَالَ رَبِّ فَأَنظِرْنِي إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ
37 Гуфт: «Ту дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ, قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ الْمُنظَرِينَ
38 то он рӯзе, ки вақташ маълум аст». إِلَى يَومِ الْوَقْتِ الْمَعْلُومِ
39 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро ноумед кардӣ, дар рӯи замин бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамагонро гумроҳ кунам, قَالَ رَبِّ بِمَا أَغْوَيْتَنِي لأُزَيِّنَنَّ لَهُمْ فِي الأَرْضِ وَلأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ
40 ғайри онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд». إِلاَّ عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ
41 Гуфт: «Роҳи ихлос роҳи ростест, ки ба Ман мерасад. قَالَ هَذَا صِرَاطٌ عَلَيَّ مُسْتَقِيمٌ
42 Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар бар он гумроҳоне, ки туро пайравӣ кунанд. إِنَّ عِبَادِي لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَانٌ إِلاَّ مَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْغَاوِينَ
43 Ва ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳама аст. وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوْعِدُهُمْ أَجْمَعِينَ
44 Ҳафт дар дорад ва барои хар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд. لَهَا سَبْعَةُ أَبْوَابٍ لِّكُلِّ بَابٍ مِّنْهُمْ جُزْءٌ مَّقْسُومٌ
45 Парҳезгорон дар биҳиштҳо, канори чашмасоронанд. إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
46 Ба саломату эминӣ дохил шавед». ادْخُلُوهَا بِسَلاَمٍ آمِنِينَ
47 Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯбарӯи ҳаманд. وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنْ غِلٍّ إِخْوَانًا عَلَى سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ
48 Ҳеҷ ранҷе ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берунашон наронанд. لاَ يَمَسُّهُمْ فِيهَا نَصَبٌ وَمَا هُم مِّنْهَا بِمُخْرَجِينَ
49 Ба бандагонам хабар деҳ, ки ман бахшояндаву меҳрубонам. نَبِّئْ عِبَادِي أَنِّي أَنَا الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
50 Ва азоби Ман азобе дардовар аст! وَ أَنَّ عَذَابِي هُوَ الْعَذَابُ الأَلِيمَ
51 Ва аз меҳмонони Иброҳим хабардорашон кун». وَنَبِّئْهُمْ عَن ضَيْفِ إِ بْراَهِيمَ
52 Он гоҳ, ки бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!» إِذْ دَخَلُواْ عَلَيْهِ فَقَالُواْ سَلامًا قَالَ إِنَّا مِنكُمْ وَجِلُونَ
53 Гуфтанд: «Матарс, мо туро ба писаре доно мужда (хушхабар) медиҳем». قَالُواْ لاَ تَوْجَلْ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلامٍ عَلِيمٍ
54 Гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам? Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?» قَالَ أَبَشَّرْتُمُونِي عَلَى أَن مَّسَّنِيَ الْكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ
55 Гуфтанд: «Ба ҳақ хушхабарат додем, аз ноумедон мабош!» قَالُواْ بَشَّرْنَاكَ بِالْحَقِّ فَلاَ تَكُن مِّنَ الْقَانِطِينَ
56 Гуфт: «Ҷуз гумроҳон чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мешавад?» قَالَ وَمَن يَقْنَطُ مِن رَّحْمَةِ رَبِّهِ إِلاَّ الضَّآلُّونَ
57 Гуфт: «Эй расулон, кори шумо чист?» قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ
58 Гуфтанд: «Мо ба сари мардуме гунаҳкор фиристода шудаем, قَالُواْ إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَى قَوْمٍ مُّجْرِمِينَ
59 ғайри хонадони Лут, ки ҳамаро наҷот медиҳем, إِلاَّ آلَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمْ أَجْمَعِينَ
60 ҷуз занашро, ки муқаррар кардаем, ки аз боқимондагон бошад». إِلاَّ امْرَأَتَهُ قَدَّرْنَا إِنَّهَا لَمِنَ الْغَابِرِينَ
61 Чун расулон назди хонадони Лут омаданд, فَلَمَّا جَاء آلَ لُوطٍ الْمُرْسَلُونَ
62 Лут гуфт: «Шумо бегонаед». قَالَ إِنَّكُمْ قَوْمٌ مُّنكَرُونَ
63 Гуфтанд: «На, чизеро, ки дар он шак мекарданд, овардаем. قَالُواْ بَلْ جِئْنَاكَ بِمَا كَانُواْ فِيهِ يَمْتَرُونَ
64 Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем. وَأَتَيْنَاكَ بَالْحَقِّ وَإِنَّا لَصَادِقُونَ
65 Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бубар ва худ аз паи онҳо рав ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад. Ва ҳар ҷо, ки фармонатон додаанд, биравед». فَأَسْرِ بِأَهْلِكَ بِقِطْعٍ مِّنَ اللَّيْلِ وَاتَّبِعْ أَدْبَارَهُمْ وَلاَ يَلْتَفِتْ مِنكُمْ أَحَدٌ وَامْضُواْ حَيْثُ تُؤْمَرُونَ
66 Ва барои ӯ ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, решаи онҳо барканда шавад. وَقَضَيْنَا إِلَيْهِ ذَلِكَ الأَمْرَ أَنَّ دَابِرَ هَؤُلاء مَقْطُوعٌ مُّصْبِحِينَ
67 Аҳли шаҳр шодикунон омаданд. وَجَاء أَهْلُ الْمَدِينَةِ يَسْتَبْشِرُونَ
68 Гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед. قَالَ إِنَّ هَؤُلاء ضَيْفِي فَلاَ تَفْضَحُونِ
69 Аз Худованд битарсед ва маро шармсор масозед». وَاتَّقُوا اللّهَ وَلاَ تُخْزُونِ
70 Гуфтанд: «Магар туро аз мардум манъ накарда будем?» قَالُوا أَوَلَمْ نَنْهَكَ عَنِ الْعَالَمِينَ
71 Гуфт: «Агар қасде доред, инак духтарони ман ҳастанд». قَالَ هَؤُلاء بَنَاتِي إِن كُنتُمْ فَاعِلِينَ
72 Ба ҷони ту савганд, ки онҳо дар мастии худ саргашта буданд. لَعَمْرُكَ إِنَّهُمْ لَفِي سَكْرَتِهِمْ يَعْمَهُونَ
73 Чун субҳ бидамид, ононро фарёд фурӯ гирифт. فَأَخَذَتْهُمُ الصَّيْحَةُ مُشْرِقِينَ
74 Шаҳрро зеру забар кардем ва бороне аз сиҷҷил бар онон боронидем. فَجَعَلْنَا عَالِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِّن سِجِّيلٍ
75 Дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон. إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَاتٍ لِّلْمُتَوَسِّمِينَ
76 Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи корвониён аст. وَإِنَّهَا لَبِسَبِيلٍ مُّقيمٍ
77 Ва мӯъминонро дар он ибратест. إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّلْمُؤمِنِينَ
78 Ва мардуми Айка низ ситамкор буданд. وَإِن كَانَ أَصْحَابُ الأَيْكَةِ لَظَالِمِينَ
79 Аз онҳо интиқом гирифтем ва шаҳрҳои он ду қавм ошкоро бар сари роҳанд. فَانتَقَمْنَا مِنْهُمْ وَإِنَّهُمَا لَبِإِمَامٍ مُّبِينٍ
80 Мардуми Ҳиҷр низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд. وَلَقَدْ كَذَّبَ أَصْحَابُ الحِجْرِ الْمُرْسَلِينَ
81 Оёти Худро бар онон расонидем, вале аз он рӯй мегардонданд. وَآتَيْنَاهُمْ آيَاتِنَا فَكَانُواْ عَنْهَا مُعْرِضِينَ
82 Хонаҳои худро, то тинҷ бошанд, дар куҳҳо меканданд. وَكَانُواْ يَنْحِتُونَ مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا آمِنِينَ
83 Субҳгоҳон ононро фарёд фурӯ гирифт. فَأَخَذَتْهُمُ الصَّيْحَةُ مُصْبِحِينَ
84 Кирдорашон аз онҳо дафъи бало накард. فَمَا أَغْنَى عَنْهُم مَّا كَانُواْ يَكْسِبُونَ
85 Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ба ғайри ҳақ наёфаридаем. Ва бешак қиёмат фаро мерасад. Пас гузашт кун, гузаште некӯ. وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا إِلاَّ بِالْحَقِّ وَإِنَّ السَّاعَةَ لآتِيَةٌ فَاصْفَحِ الصَّفْحَ الْجَمِيلَ
86 Албатта Парвардигори ту офаринандае доност! إِنَّ رَبَّكَ هُوَ الْخَلاَّقُ الْعَلِيمُ
87 Мо сабъаммасонӣ ва Қуръони бузургро ба ту додем. وَلَقَدْ آتَيْنَاكَ سَبْعًا مِّنَ الْمَثَانِي وَالْقُرْآنَ الْعَظِيمَ
88 Агар баъзе аз мардону занонашонро ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун. Ва ғами онҳоро махӯр. Ва дар баробари мӯъминон фурӯтан (хоксор) бош. لاَ تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَى مَا مَتَّعْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِّنْهُمْ وَلاَ تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَاخْفِضْ جَنَاحَكَ لِلْمُؤْمِنِينَ
89 Ва бигӯ: «Ман бимдиҳандае равшангарам». وَقُلْ إِنِّي أَنَا النَّذِيرُ الْمُبِينُ
90 Ҳамонанди азобе, ки бар тақсимкунандагон нозил кардем: كَمَا أَنزَلْنَا عَلَى المُقْتَسِمِينَ
91 онол, ки Қуръонрю ба қисмҳо тақсим карда буданд. الَّذِينَ جَعَلُوا الْقُرْآنَ عِضِينَ
92 Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро бозхост кунем, فَوَرَبِّكَ لَنَسْأَلَنَّهُمْ أَجْمَعِيْنَ
93 ба хотири корҳое, ки мекардаанд! عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ
94 Ба ҳар чӣ амр шудаӣ, сареҳу баланд бигӯ ва аз мушрикон рӯйгардон бош! فَاصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ وَأَعْرِضْ عَنِ الْمُشْرِكِينَ
95 Мо масхаракунандагонро аз ту бозмедорем, إِنَّا كَفَيْنَاكَ الْمُسْتَهْزِئِينَ
96 онҳо, ки бо Оллоҳ худое дигар қоил мешаванд. Пас ба зудӣ хоҳанд донист. الَّذِينَ يَجْعَلُونَ مَعَ اللّهِ إِلـهًا آخَرَ فَسَوْفَ يَعْمَلُونَ
97 Ва медонем, ки ту аз гуфторашон дилтанг мешавӣ. وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّكَ يَضِيقُ صَدْرُكَ بِمَا يَقُولُونَ
98 Ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ кун ва аз саҷдакунандагон бош! فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَكُن مِّنَ السَّاجِدِينَ
99 Ва Парвардигоратро бипараст, то лаҳзаи маргат фаро расад! وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّى يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ
;