Al-Anfal

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Туро аз ғаноими (ғаниматҳои) ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаноими ҷангӣ азони Худову паёмбар аст. Пас агар аз мӯъминон ҳастед, аз Худой битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!» يَسْأَلُونَكَ عَنِ الأَنفَالِ قُلِ الأَنفَالُ لِلّهِ وَالرَّسُولِ فَاتَّقُواْ اللّهَ وَأَصْلِحُواْ ذَاتَ بِيْنِكُمْ وَأَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ
2 Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ
3 ҳамон касон, ки намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд. الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلاَةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ
4 Инҳо мӯьминони ҳақиқи ҳастанд. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷотанд ва мағрифату ризқе некӯ. أُوْلَـئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا لَّهُمْ دَرَجَاتٌ عِندَ رَبِّهِمْ وَمَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ
5 Ончунон буд, ки Парвардигорат туро аз хонаат ба ҳақ берун овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд. كَمَا أَخْرَجَكَ رَبُّكَ مِن بَيْتِكَ بِالْحَقِّ وَإِنَّ فَرِيقاً مِّنَ الْمُؤْمِنِينَ لَكَارِهُونَ
6 Бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда дар бораи он бо ту муҷодала мекунанд, чунон қадам бармедоранд, ки гуё мебинанд, ки онҳоро ба сӯӣ марг мебаранд. يُجَادِلُونَكَ فِي الْحَقِّ بَعْدَ مَا تَبَيَّنَ كَأَنَّمَا يُسَاقُونَ إِلَى الْمَوْتِ وَهُمْ يَنظُرُونَ
7 Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо ба шумо ваъда дод, ки яке аз он ду гурӯҳ ба дасти шумо афтад ва дӯст доштед, ки он гурӯҳ ки холӣ аз қудрат аст, ба дас ти шумо афтад, ҳол он ки Худо мехост ба суханони уд ҳақро бар ҷои худ нишонад ва решаи кофиронро қатъ кунад, وَإِذْ يَعِدُكُمُ اللّهُ إِحْدَى الطَّائِفَتِيْنِ أَنَّهَا لَكُمْ وَتَوَدُّونَ أَنَّ غَيْرَ ذَاتِ الشَّوْكَةِ تَكُونُ لَكُمْ وَيُرِيدُ اللّهُ أَن يُحِقَّ الحَقَّ بِكَلِمَاتِهِ وَيَقْطَعَ دَابِرَ الْكَافِرِينَ
8 ҳақро собит ва ноҳақро ночиз гардонад, ҳарчанд гуноҳкорон нохушнуд бошанд. لِيُحِقَّ الْحَقَّ وَيُبْطِلَ الْبَاطِلَ وَلَوْ كَرِهَ الْمُجْرِمُونَ
9 Ва он гоҳ ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо қабул кард, ки ман бо ҳазор фаришта, ки аз паи якдигар меоянд, ёриятон мекунам! إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُم بِأَلْفٍ مِّنَ الْمَلآئِكَةِ مُرْدِفِينَ
10 Ва он корро Худо ҷуз барои шодмонии шумо накард ва то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯӣ Худост, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст! وَمَا جَعَلَهُ اللّهُ إِلاَّ بُشْرَى وَلِتَطْمَئِنَّ بِهِ قُلُوبُكُمْ وَمَا النَّصْرُ إِلاَّ مِنْ عِندِ اللّهِ إِنَّ اللّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
11 Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо чунон эминиатон дода буд, ки хобе сабук шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то шустушӯятон диҳад на васвасаи шайтонро аз шумо дур кунад ва дилҳоятонро қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад. إِذْ يُغَشِّيكُمُ النُّعَاسَ أَمَنَةً مِّنْهُ وَيُنَزِّلُ عَلَيْكُم مِّن السَّمَاء مَاء لِّيُطَهِّرَكُم بِهِ وَيُذْهِبَ عَنكُمْ رِجْزَ الشَّيْطَانِ َلِيَرْبِطَ عَلَى قُلُوبِكُمْ وَيُثَبِّتَ بِهِ الأَقْدَامَ
12 Ва он гоҳро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: «Ман бо шумоям Шумо мӯъминонро ба пойдорӣ водоред. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам андохт. Бар гарданҳояшон бизанед ва ангуштонашонро қатъ кунед!» إِذْ يُوحِي رَبُّكَ إِلَى الْمَلآئِكَةِ أَنِّي مَعَكُمْ فَثَبِّتُواْ الَّذِينَ آمَنُواْ سَأُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُواْ الرَّعْبَ فَاضْرِبُواْ فَوْقَ الأَعْنَاقِ وَاضْرِبُواْ مِنْهُمْ كُلَّ بَنَانٍ
13 Зеро бо Худову паёмбараш ба мухолифат бархостанд. Ва ҳар ки бо Худову паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Худо сахт аст! ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ شَآقُّواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ وَمَن يُشَاقِقِ اللّهَ وَرَسُولَهُ فَإِنَّ اللّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
14 Уқубатро бичашед ва азоби оташ аз они кофирон аст! ذَلِكُمْ فَذُوقُوهُ وَأَنَّ لِلْكَافِرِينَ عَذَابَ النَّارِ
15 Эй касоне, ки имон овардаед, чун кофиронро ҳамлавар дидед, ба гурез пушт накунед; يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِذَا لَقِيتُمُ الَّذِينَ كَفَرُواْ زَحْفاً فَلاَ تُوَلُّوهُمُ الأَدْبَارَ
16 ҷуз онҳо, ки барои ҳамлае бозмегарданд ё онҳо, ки ба ёрии гурӯҳе дигар мераванд, ҳар кас, ки пушт ба душман кунад, мавриди хашми Худо қарор ме-гирад ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам аст ва ҷаҳаннам бад ҷойгоҳест! وَمَن يُوَلِّهِمْ يَوْمَئِذٍ دُبُرَهُ إِلاَّ مُتَحَرِّفاً لِّقِتَالٍ أَوْ مُتَحَيِّزاً إِلَى فِئَةٍ فَقَدْ بَاء بِغَضَبٍ مِّنَ اللّهِ وَمَأْوَاهُ جَهَنَّمُ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
17 Шумо ононро намекуштед. Худо буд, ки онҳоро мекушт. Ва он гоҳ, ки тир меандохтӣ, ту тир намеандохтӣ, Худо буд, ки тир меандохт, то ба мӯъминон неъмате неку арзонӣ дорад, Албатта' Худо шунавову доност! فَلَمْ تَقْتُلُوهُمْ وَلَـكِنَّ اللّهَ قَتَلَهُمْ وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَـكِنَّ اللّهَ رَمَى وَلِيُبْلِيَ الْمُؤْمِنِينَ مِنْهُ بَلاء حَسَناً إِنَّ اللّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
18 Инчунин буд! Ва Худо сусткунандаи ҳилаи кофирон аст. ذَلِكُمْ وَأَنَّ اللّهَ مُوهِنُ كَيْدِ الْكَافِرِينَ
19 Агар пирӯзӣ хоҳед, пирӯзиятон фаро расид ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед, бозмегардем ва сипоҳи шумо ҳарчанд фаровон бошад, бароятон нафъе нахоҳад дошт, ки Ху до бо мӯъминон аст. إِن تَسْتَفْتِحُواْ فَقَدْ جَاءكُمُ الْفَتْحُ وَإِن تَنتَهُواْ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَإِن تَعُودُواْ نَعُدْ وَلَن تُغْنِيَ عَنكُمْ فِئَتُكُمْ شَيْئًا وَلَوْ كَثُرَتْ وَأَنَّ اللّهَ مَعَ الْمُؤْمِنِينَ
20 Эй касоне, ки имон овардаед ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва дар ҳоле, ки сухани Ӯро мешунавед, аз Ӯ рӯй бармагардонед. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ وَلاَ تَوَلَّوْا عَنْهُ وَأَنتُمْ تَسْمَعُونَ
21 Ва аз онон мабошед, ки гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки намешуниданд. وَلاَ تَكُونُواْ كَالَّذِينَ قَالُوا سَمِعْنَا وَهُمْ لاَ يَسْمَعُونَ
22 Бадтарини ҷонварон дар назди Худо ин карону гунгон ҳастанд, ки дарнамеёбанд. إِنَّ شَرَّ الدَّوَابَّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ
23 Ва агар Худо хайре дар онон меёфт, шунавояшон месохт ва агар ҳам ононро шунаво сохта буд, боз ҳам бармегаштанд ва рӯйгардон мешуданд. وَلَوْ عَلِمَ اللّهُ فِيهِمْ خَيْرًا لَّأسْمَعَهُمْ وَلَوْ أَسْمَعَهُمْ لَتَوَلَّواْ وَّهُم مُّعْرِضُونَ
24 Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худову паёмбараш шуморо ба чизе даъват кунанд, ки зиндагиятон мебахшад, даъваташонро қабул кунед ва бидонед, ки Худо миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст ва ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед! يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اسْتَجِيبُواْ لِلّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُم لِمَا يُحْيِيكُمْ وَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ يَحُولُ بَيْنَ الْمَرْءِ وَقَلْبِهِ وَأَنَّهُ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ
25 Ва битарсед аз фитнае, ки танҳо ситамкоронатонро дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад! وَاتَّقُواْ فِتْنَةً لاَّ تُصِيبَنَّ الَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنكُمْ خَآصَّةً وَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
26 Ва ба ёд оваред он ҳангомро, ки андак будед ва д а р шумори хоршудагони ин сарзамин бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Ху до паноҳатон дод ва ёрӣ кард ва пирӯз гардонид ва аз чизҳои покиза рӯзи дод, ки шояд шукр гӯед! وَاذْكُرُواْ إِذْ أَنتُمْ قَلِيلٌ مُّسْتَضْعَفُونَ فِي الأَرْضِ تَخَافُونَ أَن يَتَخَطَّفَكُمُ النَّاسُ فَآوَاكُمْ وَأَيَّدَكُم بِنَصْرِهِ وَرَزَقَكُم مِّنَ الطَّيِّبَاتِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
27 Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат набояд хиёнат кунед. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَخُونُواْ اللّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُواْ أَمَانَاتِكُمْ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ
28 Бидонед, ки молҳоятон ва фарзандонатон василаи озмоиши шумоянд ва музди бузург дар назди Худост. وَاعْلَمُواْ أَنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلاَدُكُمْ فِتْنَةٌ وَأَنَّ اللّهَ عِندَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ
29 Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Худо би тарсед, шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро нест кунад ва шуморо биёмурзад, ки соҳиби фазлу караме бузург аст! يِا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إَن تَتَّقُواْ اللّهَ يَجْعَل لَّكُمْ فُرْقَاناً وَيُكَفِّرْ عَنكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ وَاللّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ
30 Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту макре карданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр берун созанд. Онон макр кар данд ва Худо низ макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст. وَإِذْ يَمْكُرُ بِكَ الَّذِينَ كَفَرُواْ لِيُثْبِتُوكَ أَوْ يَقْتُلُوكَ أَوْ يُخْرِجُوكَ وَيَمْكُرُونَ وَيَمْكُرُ اللّهُ وَاللّهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ
31 Чун оёти Мо бар онҳо хонда шуд, гуфтанд: «Шунидем. Ва агар бихоҳед монанди он мегӯем, ки ин чизе ғайри афсонаҳои пешиниён нест!» وَإِذَا تُتْلَى عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا قَالُواْ قَدْ سَمِعْنَا لَوْ نَشَاء لَقُلْنَا مِثْلَ هَـذَا إِنْ هَـذَا إِلاَّ أَسَاطِيرُ الأوَّلِينَ
32 Ва он ҳангомро, ки гуфтанд: «Бор Худое, агар ин ки аз ҷониби ту омада ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азоби дардоваре бар мо бифирист». وَإِذْ قَالُواْ اللَّهُمَّ إِن كَانَ هَـذَا هُوَ الْحَقَّ مِنْ عِندِكَ فَأَمْطِرْ عَلَيْنَا حِجَارَةً مِّنَ السَّمَاء أَوِ ائْتِنَا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
33 З То он гоҳ, ки ту дар миёнашон ҳастӣ. Худо азобашон накунад ва то он гоҳ, ки аз Худо омурзиш металабанд, низ Худо азобашон нахоҳад кард. وَمَا كَانَ اللّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ وَأَنتَ فِيهِمْ وَمَا كَانَ اللّهُ مُعَذِّبَهُمْ وَهُمْ يَسْتَغْفِرُونَ
34 Чаро Худо азобашон накунад, ҳол он ки мардумро аз Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ва ле бештаринашон намедонанд! وَمَا لَهُمْ أَلاَّ يُعَذِّبَهُمُ اللّهُ وَهُمْ يَصُدُّونَ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَمَا كَانُواْ أَوْلِيَاءهُ إِنْ أَوْلِيَآؤُهُ إِلاَّ الْمُتَّقُونَ وَلَـكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لاَ يَعْلَمُونَ
35 Ва дуъояшон дар назди хонаи Каъба ҷуз хуштак кашидан ва даст задан ҳеҷ набуд. Пас ба ҷазои ин коратон азобро бичашед! وَمَا كَانَ صَلاَتُهُمْ عِندَ الْبَيْتِ إِلاَّ مُكَاء وَتَصْدِيَةً فَذُوقُواْ الْعَذَابَ بِمَا كُنتُمْ تَكْفُرُونَ
36 Кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд. Амволашонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд! إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ لِيَصُدُّواْ عَن سَبِيلِ اللّهِ فَسَيُنفِقُونَهَا ثُمَّ تَكُونُ عَلَيْهِمْ حَسْرَةً ثُمَّ يُغْلَبُونَ وَالَّذِينَ كَفَرُواْ إِلَى جَهَنَّمَ يُحْشَرُونَ
37 То Худо нопокро аз пок ҷудо кунад ва нопоконро барҳам занад. Он гоҳ ҳамаро гирд кунад ва ба ҷаҳаннам партояд. Инҳо зиёнкоронанд! لِيَمِيزَ اللّهُ الْخَبِيثَ مِنَ الطَّيِّبِ وَيَجْعَلَ الْخَبِيثَ بَعْضَهُ عَلَىَ بَعْضٍ فَيَرْكُمَهُ جَمِيعاً فَيَجْعَلَهُ فِي جَهَنَّمَ أُوْلَـئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ
38 Бо кофирон бигӯй, ки агар даст бардоранд, гуноҳони гузаштаи онҳо бахшида шавад ва агар бозгарданд, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст. قُل لِلَّذِينَ كَفَرُواْ إِن يَنتَهُواْ يُغَفَرْ لَهُم مَّا قَدْ سَلَفَ وَإِنْ يَعُودُواْ فَقَدْ مَضَتْ سُنَّةُ الأَوَّلِينِ
39 Бо онон набард кунед, то дигар фитнае набошад ва дини ҳама дини Худо гардад. Пас агар бозистоданд, Худо кирдорашонро мебинад. وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لاَ تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلّه فَإِنِ انتَهَوْاْ فَإِنَّ اللّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
40 Ва агар рӯй гардонанд, бидонед. ки Худо мавлои шумост, Ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст! وَإِن تَوَلَّوْاْ فَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ مَوْلاَكُمْ نِعْمَ الْمَوْلَى وَنِعْمَ النَّصِيرُ
41 Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи худ дар рӯзи фурқон, ки ду гурӯҳ ба ҳам расиданд, нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, хумси (панҷяки) он аз они Худову паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст. Ва Худо ба ҳар чизе тавоност! وَاعْلَمُواْ أَنَّمَا غَنِمْتُم مِّن شَيْءٍ فَأَنَّ لِلّهِ خُمُسَهُ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ إِن كُنتُمْ آمَنتُمْ بِاللّهِ وَمَا أَنزَلْنَا عَلَى عَبْدِنَا يَوْمَ الْفُرْقَانِ يَوْمَ الْتَقَى الْجَمْعَانِ وَاللّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
42 Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе пасттар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Албатта Худо шунавову доност! إِذْ أَنتُم بِالْعُدْوَةِ الدُّنْيَا وَهُم بِالْعُدْوَةِ الْقُصْوَى وَالرَّكْبُ أَسْفَلَ مِنكُمْ وَلَوْ تَوَاعَدتَّمْ لاَخْتَلَفْتُمْ فِي الْمِيعَادِ وَلَـكِن لِّيَقْضِيَ اللّهُ أَمْراً كَانَ مَفْعُولاً لِّيَهْلِكَ مَنْ هَلَكَ عَن بَيِّنَةٍ وَيَحْيَى مَنْ حَيَّ عَن بَيِّنَةٍ وَإِنَّ اللّهَ لَسَمِيعٌ عَلِيمٌ
43 Дар хоб Худо шуморашонро ба ту андак нишон дод. Агар шумори онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст! إِذْ يُرِيكَهُمُ اللّهُ فِي مَنَامِكَ قَلِيلاً وَلَوْ أَرَاكَهُمْ كَثِيراً لَّفَشِلْتُمْ وَلَتَنَازَعْتُمْ فِي الأَمْرِ وَلَـكِنَّ اللّهَ سَلَّمَ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
44 Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо андак намуд ва шуморо низ дар чашми онон андак, то он коре, ки муқаррар дошта буд, воқеъ гардад. Ва ҳамаи корҳо ба Худо бармегардад! وَإِذْ يُرِيكُمُوهُمْ إِذِ الْتَقَيْتُمْ فِي أَعْيُنِكُمْ قَلِيلاً وَيُقَلِّلُكُمْ فِي أَعْيُنِهِمْ لِيَقْضِيَ اللّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولاً وَإِلَى اللّهِ تُرْجَعُ الأمُورُ
45 Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Худоро фаровон ёд кунед, бошад, ки ғолиб шавед. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِذَا لَقِيتُمْ فِئَةً فَاثْبُتُواْ وَاذْكُرُواْ اللّهَ كَثِيراً لَّعَلَّكُمْ تُفْلَحُونَ
46 Ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ бармахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. Сабр пеша кунед, ки Худо ҳамроҳи собирон аст! وَأَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ وَاصْبِرُواْ إِنَّ اللّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ
47 Монанди он касон мабошед, ки сармасти ғурур ва барон худнамоӣ аз диёри худ берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, (бо илми худ) иҳота дорад. وَلاَ تَكُونُواْ كَالَّذِينَ خَرَجُواْ مِن دِيَارِهِم بَطَرًا وَرِئَاء النَّاسِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ اللّهِ وَاللّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ
48 Шайтон кирдорашонро дар пазарашон биёрост ва гуфт; «Имрӯз аз мардум касе бар шумо ғолиб намешавад ва ман паноҳи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯбарӯ шуданд, ӯ бозгашту гуфт: «Ман аз шу мо безорам, ки чизҳое мебинам, ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!» وَإِذْ زَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ وَقَالَ لاَ غَالِبَ لَكُمُ الْيَوْمَ مِنَ النَّاسِ وَإِنِّي جَارٌ لَّكُمْ فَلَمَّا تَرَاءتِ الْفِئَتَانِ نَكَصَ عَلَى عَقِبَيْهِ وَقَالَ إِنِّي بَرِيءٌ مِّنكُمْ إِنِّي أَرَى مَا لاَ تَرَوْنَ إِنِّيَ أَخَافُ اللّهَ وَاللّهُ شَدِيدُ الْعِقَابِ
49 Мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, гуфтанд: «Инҳоро динашон фирефта аст». Ва ҳар кас, ки ба Худо таваккул кунад, ӯро пирӯзманд ва ҳаким хоҳад ёфт! إِذْ يَقُولُ الْمُنَافِقُونَ وَالَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ غَرَّ هَـؤُلاء دِينُهُمْ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ فَإِنَّ اللّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
50 Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯйҳову пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!» وَلَوْ تَرَى إِذْ يَتَوَفَّى الَّذِينَ كَفَرُواْ الْمَلآئِكَةُ يَضْرِبُونَ وُجُوهَهُمْ وَأَدْبَارَهُمْ وَذُوقُواْ عَذَابَ الْحَرِيقِ
51 Ин ба ҷазои корҳое буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо ба бандагонаш ситам кунанда нест, ذَلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللّهَ لَيْسَ بِظَلاَّمٍ لِّلْعَبِيدِ
52 Монанди амали хонадони Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд» Онҳо ба оёти Худо кофир шуданд. Пас Худо онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Худо нерӯманд ва сахтуқубат аст! كَدَأْبِ آلِ فِرْعَوْنَ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ كَفَرُواْ بِآيَاتِ اللّهِ فَأَخَذَهُمُ اللّهُ بِذُنُوبِهِمْ إِنَّ اللّهَ قَوِيٌّ شَدِيدُ الْعِقَابِ
53 Зеро Худо неъматеро, ки ба қавме арзонӣ дошта аст, дигаргун насозад, то он қавм худ дигаргун шаванд. Ва Худо шунаво ва доност! ذَلِكَ بِأَنَّ اللّهَ لَمْ يَكُ مُغَيِّرًا نِّعْمَةً أَنْعَمَهَا عَلَى قَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمْ وَأَنَّ اللّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
54 Монанди амали хонадони Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд. Онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ донистанд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва хонадони Фиръавнро ғарқ сохтем, зеро ҳама ситамкор буданд. كَدَأْبِ آلِ فِرْعَوْنَ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ كَذَّبُواْ بآيَاتِ رَبِّهِمْ فَأَهْلَكْنَاهُم بِذُنُوبِهِمْ وَأَغْرَقْنَا آلَ فِرْعَونَ وَكُلٌّ كَانُواْ ظَالِمِينَ
55 Албатта бадтарин ҷунбандагон дар назди Худо онҳоянд, ки кофир шудаанд ва имон намеоваранд. إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِندَ اللّهِ الَّذِينَ كَفَرُواْ فَهُمْ لاَ يُؤْمِنُونَ
56 Касоне, ки ту аз онон паймон гирифтӣ, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва ҳеҷ наметарсанд. الَّذِينَ عَاهَدتَّ مِنْهُمْ ثُمَّ يَنقُضُونَ عَهْدَهُمْ فِي كُلِّ مَرَّةٍ وَهُمْ لاَ يَتَّقُونَ
57 Пас агар онҳоро дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз, то пайравонашон низ пароканда шаванд, шояд ки ибрат гиранд. فَإِمَّا تَثْقَفَنَّهُمْ فِي الْحَرْبِ فَشَرِّدْ بِهِم مَّنْ خَلْفَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ
58 Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат мекунанд, ба онон эълом кун, ки монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Худо хоинонро дӯст надорад! وَإِمَّا تَخَافَنَّ مِن قَوْمٍ خِيَانَةً فَانبِذْ إِلَيْهِمْ عَلَى سَوَاء إِنَّ اللّهَ لاَ يُحِبُّ الخَائِنِينَ
59 Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки растаанд, зеро Худоро нотавон намесозанд. وَلاَ يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ سَبَقُواْ إِنَّهُمْ لاَ يُعْجِزُونَ
60 Ва дар баробари онҳо то метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо намешиносед ва Худо мешиносад битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад. وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ وَمِن رِّبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدْوَّ اللّهِ وَعَدُوَّكُمْ وَآخَرِينَ مِن دُونِهِمْ لاَ تَعْلَمُونَهُمُ اللّهُ يَعْلَمُهُمْ وَمَا تُنفِقُواْ مِن شَيْءٍ فِي سَبِيلِ اللّهِ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنتُمْ لاَ تُظْلَمُونَ
61 Ва агар ба сулҳ майл кунанд, ту низ ба сулҳ майл кун. Ва бар Худо таваккал кун, ки Ӯст шунаво ва доно! وَإِن جَنَحُواْ لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لَهَا وَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
62 Ва агар хостанд, ки туро бифиребанд, Худо ба рои ту кофист. Ӯст, ки туро ба ёрии худ ва ёрии мӯъминон қувват додааст. وَإِن يُرِيدُواْ أَن يَخْدَعُوكَ فَإِنَّ حَسْبَكَ اللّهُ هُوَ الَّذِيَ أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِ وَبِالْمُؤْمِنِينَ
63 Дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекарди, дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон намесохтӣ, Вале Худо дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт, ки Ӯ пирузманду ҳаким аст! وَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ لَوْ أَنفَقْتَ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعاً مَّا أَلَّفَتْ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَلَـكِنَّ اللّهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ إِنَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
64 Эй паёмбар, Худо ва мӯъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд, туро басанд. يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللّهُ وَمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
65 Эй паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан ғалаба хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онон мардуме маҳрум аз фаҳманд. يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَرِّضِ الْمُؤْمِنِينَ عَلَى الْقِتَالِ إِن يَكُن مِّنكُمْ عِشْرُونَ صَابِرُونَ يَغْلِبُواْ مِئَتَيْنِ وَإِن يَكُن مِّنكُم مِّئَةٌ يَغْلِبُواْ أَلْفًا مِّنَ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لاَّ يَفْقَهُونَ
66 Акнун Худо коратонро сабук кард ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан бошанд ва дар ҷанг сабр кунанд. бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Худо бар ду ҳазор тан пирӯз мешаванд. Ва Худо бо онҳост, ки сабр мекунанд! الآنَ خَفَّفَ اللّهُ عَنكُمْ وَعَلِمَ أَنَّ فِيكُمْ ضَعْفًا فَإِن يَكُن مِّنكُم مِّئَةٌ صَابِرَةٌ يَغْلِبُواْ مِئَتَيْنِ وَإِن يَكُن مِّنكُمْ أَلْفٌ يَغْلِبُواْ أَلْفَيْنِ بِإِذْنِ اللّهِ وَاللّهُ مَعَ الصَّابِرِينَ
67 Барои ҳеҷ паёмбаре насазад* ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи инҷаҳониро мехоҳед ва Худо охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст! مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَن يَكُونَ لَهُ أَسْرَى حَتَّى يُثْخِنَ فِي الأَرْضِ تُرِيدُونَ عَرَضَ الدُّنْيَا وَاللّهُ يُرِيدُ الآخِرَةَ وَاللّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
68 Агар пеш аз ин аз ҷониби Худо ҳукме нашуда буд, ба сабаби он чӣ гирифта будед, азобе бузург ба шумо мерасид. لَّوْلاَ كِتَابٌ مِّنَ اللّهِ سَبَقَ لَمَسَّكُمْ فِيمَا أَخَذْتُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
69 Аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, ки ҳалол асту покиза, бихӯрел. Ва аз Худо битарсед. Албатта Худо бахшандаву меҳрубон аст! فَكُلُواْ مِمَّا غَنِمْتُمْ حَلاَلاً طَيِّبًا وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
70 Эй паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Худо дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он чӣ аз шумо гирифта шуда, ба шумо хоҳад дод на шуморо мебахшад ва Худо бахшандаву меҳрубон аст!» يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّمَن فِي أَيْدِيكُم مِّنَ الأَسْرَى إِن يَعْلَمِ اللّهُ فِي قُلُوبِكُمْ خَيْرًا يُؤْتِكُمْ خَيْرًا مِّمَّا أُخِذَ مِنكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ وَاللّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
71 Агар қасди хиёнат ба туро дошта бошанд, пеш аа ин ба Худо хиёнат намудаанд ва Худо туро бар онҳо нусрат додааст, ки донову ҳаким аст! وَإِن يُرِيدُواْ خِيَانَتَكَ فَقَدْ خَانُواْ اللّهَ مِن قَبْلُ فَأَمْكَنَ مِنْهُمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
72 Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд, ёру дӯсти якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират накардаанд, ёру дӯсти шумо нестанд, то он гоҳ ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, бояд ба ёриашон бархезед. ғайри он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, биност! إِنَّ الَّذِينَ آمَنُواْ وَهَاجَرُواْ وَجَاهَدُواْ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَالَّذِينَ آوَواْ وَّنَصَرُواْ أُوْلَـئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاء بَعْضٍ وَالَّذِينَ آمَنُواْ وَلَمْ يُهَاجِرُواْ مَا لَكُم مِّن وَلاَيَتِهِم مِّن شَيْءٍ حَتَّى يُهَاجِرُواْ وَإِنِ اسْتَنصَرُوكُمْ فِي الدِّينِ فَعَلَيْكُمُ النَّصْرُ إِلاَّ عَلَى قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُم مِّيثَاقٌ وَاللّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
73 Кофирон низ ёру дӯсти якдигаранд. Агар риояи он накунед, фитнаву фасоде бузург дар он сарзамин падид хоҳад омад. وَالَّذينَ كَفَرُواْ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاء بَعْضٍ إِلاَّ تَفْعَلُوهُ تَكُن فِتْنَةٌ فِي الأَرْضِ وَفَسَادٌ كَبِيرٌ
74 Онон, ки имон овардаанд, ва муҳочират карда анд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, бахшоиш ва рӯзии некӯ аз они онҳост. وَالَّذِينَ آمَنُواْ وَهَاجَرُواْ وَجَاهَدُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَالَّذِينَ آوَواْ وَّنَصَرُواْ أُولَـئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا لَّهُم مَّغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ
75 Ва касоне, ки баъдан имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. Ба ҳукми китоби Худо хешовандон ба якдигар сазовортаранд. Ва Худо бар ҳар чизе доност! وَالَّذِينَ آمَنُواْ مِن بَعْدُ وَهَاجَرُواْ وَجَاهَدُواْ مَعَكُمْ فَأُوْلَـئِكَ مِنكُمْ وَأُوْلُواْ الأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَى بِبَعْضٍ فِي كِتَابِ اللّهِ إِنَّ اللّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
;